Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пурсиши махфӣ "сирри" омӯзгорони ДДК-ро фош кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

​Масъулони Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб бар асоси натиҷаҳои як пурсиши махфӣ миёни донишомӯзон даҳ муаллими ин муассисаро ба гумони "ришвахорӣ" ва "камсаводӣ" аз кор рондаанд.

Як пурсиши махфӣ миёни донишомӯзони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб боиси аз кор ронда шудани даҳ омӯзгори ин мактаби олӣ гардидааст. Масъулони донишгоҳ гуфтанд, ин пурсиши пинҳонӣ "зери коса нимкоса" надошта, фақат имкон додааст, то омӯзгорони ба қавли онҳо "тасодуфӣ", "камсавод" ва "ришвахор"-ро мушаххас кунанд.

Шарофат Худойдодова, муовини раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар бахши таълим, мегӯяд, "дар баробари ин, роҳбарияти донишгоҳ бо таъсиси як гурӯҳи корӣ ҳамаи факултаҳоро санҷида, омӯзгоронеро, ки салоҳияти тахассусии онҳо ба меъёрҳои имрӯза ҷавобгӯ набуд, аз кор пеш кард."

Ин пурсишномаи махфӣ аз сӯи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб моҳи январи соли ҷорӣ таҳия шуда, баъдан ба дасти донишомӯзон супурда шуд. Роҳбарияти донишгоҳ кафолат дода буданд, ки номи кадоме аз донишҷӯён ошкор намешавад ва шарти асосӣ ҳам ин буд, ки ягон кас дар пурсишнома ному насабашро нанависад.

Донишгоҳи Кӯлоб аз омӯзгорони тасодуфӣ халос шудааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00

Як омӯзгори Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб ба шарти ифшо нашудани номаш ба Озодӣ гуфт, бар асоси натиҷаҳои ин пурсишнома исми ҳудуди 100 омӯзгор “сиёҳ” шуда, аммо донишгоҳ тавонистааст ҳамагӣ даҳ нафари онҳоро аз кор ҷаовб диҳад. Ба қавли манбаъ, ҳатто номи баъзе профессорон низ дар ин рӯйхат шомил будааст.

Заршеда, як донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб низ гуфт, дар факултае, ки онҳо таҳсил мекарданд, чанд омӯзгор ба ин рӯйхат шомил шуда, аммо ҳоло ҳам ба кори худ идома медиҳанд. Ӯ мегӯяд, “ҳозир онҳо омада таъна мезананд, ки моро сиёҳ кардед, аз дастатон чӣ омад? Дигар бовар надорем.”

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо беш аз 8,5 ҳазор донишҷӯ бузургтарин мактаби олӣ дар вилояти Хатлон дониста мешавад. Ҳарчанд, овозаҳо дар мавриди ришва гирифтани омӯзгорони ин донишгоҳ зиёд буданд, аммо ба қавли масъулонаш дар тӯли якуним соли ахир ягон омӯзгори ин муассисаи таълимӣ бо гумони ришвагирӣ боздошт ё муҷозот нашудааст. Дар 10 факултаи ин донишгоҳ бештар аз 500 омӯзгор дарс медиҳанд.

Қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷашни 70-солагии донишгоҳ ба Кӯлоб биравад.

XS
SM
MD
LG