Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се фарзанди Тағайгулро "давлатӣ" карданианд


Тағайгул Одинаева
Тағайгул Одинаева

Як зани соҳиби 5 фарзандро дар Кӯлоб ҳушдор додаанд, ки агар 4 000 сомонӣ ҷаримаи додгоҳро надиҳад, 3 фарзанди мактабхони ӯро аз дасташ гирифта, ба интернат месупоранд.

Як зани 38-солаи сокини Кӯлоб мегӯяд, додгоҳи ин шаҳр тасмим гирифтааст, то 3 фарзанди ноболиғи ӯро аз тарбияаш гирифта, ба давлат супорад.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Тағайгул Одинаева, сокини ҷамоати Кӯлобро бар асоси моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “монеъ шудан ба таҳсили ҳатмии 9-сола”-и фарзандонаш гунаҳкор дониста, ӯро 4 ҳазор сомонӣ ҳам ҷарима бастааст. Ин зан ба он гунаҳкор мешавад, ки як духтари 14-солаю писарони 12- ва 10-солаашро аз рафтан ба мактаб боздоштааст.

Ба гуфтаи масъулони додгоҳи Кӯлоб, ҳоло ин зан на маблағи ҷаримаи додгоҳро месупорад ва на иҷозаи ба мактаб рафтани фарзандонашро медиҳад.

Аммо Тағайгул Одинаева, зане ки ба мамониат ба таҳсили фарзандонаш гунаҳкор мешавад, рӯзи 29-уми март дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ шароите надорад, то фарзандонашро ба мактаб равон кунад. Тағойгул мегӯяд, панҷ фарзандро бидуни падар бузург мекунад ва шароити зисташ хеле сахт аст.

“Кадом модар намехоҳад, ки фарзандаш таҳсил кунад? Либоси дурусте надорам, ки ба онҳо пӯшонам. Худашон барои ба мактаб рафтан бо либосҳои кӯҳна шарм медоранд,” - гуфт ӯ.

Тағайгул Одинаева ду сол пеш аз шавҳараш ҷудо шудааст. Қиссаи ҷудоии онҳо ба сари худ як моҷарои дигар аст. Ба гуфтаи Тағайгул, шавҳараш дар Русия кор мекард ва пул мефиристод, ки ягон порча замин бихаранд ва хона бисозанд. Тағайгул мегӯяд, 3000 доллар пули ҷамъкардаашонро барои як қитъа замин ба раиси ҷамоати Кӯлоб Салим Бобохонов додааст, вале на замин гирифту на дараки пулҳояшро ёфт: "Салим Бобохоновро барои заминфурӯшӣ дастгир карданд. Лекин куҷое наравам, касе ба додам намерасад, ки пули маро ёфта диҳанд. Шавҳарам барои ҳамин пул аз ман ҷудо шуд ва шарт мондааст, танҳо вақте ин пулашро аз Салим Бобохонов гардонда бигирам, пеши ману кӯдаконаш бармегардад."

Салим Бобохонов, ки аз соли 2009 то октябри 2014 раиси ҷамоати Кӯлоб буд, ду моҳ пеш аз сӯи Оҷонсии зидди фасод бо ҷурми "гирифтани маблағҳои пулӣ барои тақсимоти замин аз шаҳрвандон" дастгир шуд.

Ба гуфтаи Тағойгул, бар замми инки ӯ маблағе барои харидории либоси фарзандонаш надошт, додгоҳ ӯро ҷаримаи ҳангуфт ва берун аз тавонаш бастааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки агар ҷаримаро пардохт накунад, фарзандонашро гирифта, ба мактаб-интернат медиҳанд.

Ҷарима шудани ин зан ва ҳушдори ба тарбияи давлат супурдани фарзандонаш дар ҳолест, ки ахиран парлумони Тоҷикистон низ як моддаи дигари Кодекси ҷиноии Тоҷикистон марбут ба таълиму тарбияи ноболиғро тағйир дода, ҷазо бар асоси ин моддаро шадидтар кард. Акнун, бар асоси модаи 174-и Кодекси ҷиноӣ, ки “иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ” ном дорад, афроде ки дар таълиму тарбияи ноболиғ аз ин ба баъд саҳлангорӣ мекунанд, то ду сол зиндон мешаванд ва ё аз 8 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд супурд.

Бино бар омори расмӣ, танҳо дар як соли ахир беш аз ҳазор волидайн бо ҷурми мамониат ба таҳсили фарзандонашон ҷарима шудаанд.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба моддаи 174 махсус калимаи “омӯзиш” низ илова шудааст, ки дар баробари волидайн, инчунин, омӯзгорон ва дигар афроди монеъи таҳсили ноболиғшударо муҷозот мекунад.

Наимҷон Абдурашидов, як масъули Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мегӯяд, мутааcсифона, қонунгузории Тоҷикистон паҳлӯи дигари масъала, ки оё волидайн махсус монеъи таҳсили фарзанд шудааст ва ё аз ночорӣ, таваҷҷӯҳе намекунанд. Ба гуфтаи аксари волидайн аз ин паҳлӯи қонун хабар надоранд. Ӯ мегӯяд, қабл аз он ки волидайн барои монеъ шудан ба таҳсил фарзанд муҷозот шаванд, бояд чанд бор аз ҷониби масъулон огоҳ карда шаванд. Ин ҳамсӯҳбати мо бар ин назар аст, ки ҷарима бастану ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан роҳи ҳалли масъала нест.

Барои монеъи таҳсили ноболиғ шудан се моддаи Кодекси ҷиноӣ ва чанд моддаи дигар Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ низ ҷазо дар шакли ҷарима ва ҳатто маҳрум кардан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар соли 2011 низ парлумони Тоҷикистон қонуни вижаеро бо номи “Қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тавсиб расонд, ки бар асоси он падару модарон барои содир кардани гуноҳ аз ҷониби фарзандони ноболиғашон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Бар асоси иттилои расмӣ дар як соли гузашта наздики ҳазор волидайн бар асоси “Қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд” муҷозот шудаанд.

Аммо аксари волидайн ба мисли Тағойгул Одинаева мегӯянд, онҳо аз ночорӣ ва нодорӣ наметавонанд, фарзандашонро ба мактаб бифиристанд.

Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар Шӯравии собиқ ба шумор рафта, маоши миёна дар ин кишвар бештар аз 900 сомониро ташкил медиҳад ва бино ба омори расмӣ, 35 дарсад аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр, яъне бо камтар аз ду доллар даромад ба сари ҳар узви хонавода зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон расман таҳсил дар мактаб бепул аст, вале масъулони мактабҳо аз волидайн барои анҷоми тармими мактабу харидории китобу дафтар ва ашёи аёнӣ пул талаб мекунанд. Пуле ки бисёриҳо, аз ҷумла қаҳрамони гузориши мо Тағайгул Одинаева, тавони пардохташро надорад ва мегӯяд, аз ҷумла ба ҳамин далел, аз фиристодани кӯдаконаш ба мактаб шарм мекунад.

XS
SM
MD
LG