Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мехоҳед моҳи аввали зиндагиатон "асал" бошад?


Изҳори ишқ дар соҳили баҳр, саёҳат дар мавзеъҳои зебову афсонавии кишварҳои дур ва умре зистан бо хотироти хуши "моҳи асал" имрӯз наварӯсони тоҷикро водор кардааст, ки аз баҳри тӯйҳои пурхарҷ ва тӯҳфаҳои гаронбаҳо гузаранд.

Ба ин тартиб, арӯсиҳо то рафт ба маъракаҳои хурди хонаводагӣ табдил меёбанд ва баъд аз онҳо наварӯсон ба саёҳат мераванд.

Дилшод Сафаров, ки зиндагии оилавиашро бо "моҳи асал" дар Дубай сар кардааст, мегӯяд, ин беҳтарин роҳест, ки як зиндагии хушу рангин ва дилнишинро оғоз мегузорад. Вай мегӯяд, аз чанд сол пеш ин тарҳро рехт ва тавонист онро бо маблағи ҷамъовардаи худ амалӣ намояд: «Ростӣ, имконоти молиам чандон зиёд набуд, аммо кӯшиш кардам кори чандин ширкатҳои сайёҳиро омӯхтам ва вобаста ба маблағе, ки дар ҷайб доштам, тавонистам, барои худу ҳамсарам як сафари хотирмони якҳафтаина ба Дубай ташкил кунам. Барои ин сафар мо тақрибан 2 ҳазор доллар сарф кардем. Аслан дар давраи хонадоршавӣ ташвишҳо хеле зиёд аст, одам воқеан хаста мешавад ва вақте пас аз ин ҳама якҷо ба сайёҳат меравӣ ба ягон шаҳри афсонавӣ ва чанд муддат танҳо дур аз ҳама кору мушкилот мемонӣ, хеле хуб аст. Касе ба ту кор надорад, касе ташвишат намедиҳад.»

Афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавононро ба “саёҳати моҳи асал”, кормандони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳам тасдиқ мекунанд. Таҳмина Дӯстумбоева, як масъули ширкати "Скайп Тур" мегӯяд, танҳо худи ӯ дар як соли гузашта, аз беш аз 10 домоду арӯс дархост қабул кардаву барои баргузории "моҳи асал" ё сафар ба хориҷ ба онҳо кӯмак намудааст.
Тахмин меафзояд, барои бархе аз ҷавонон ва волидон бо баргузории тӯйи хоксорона, чун ҳадяи тӯёна чунин сафарҳои хотирмонро ташкил мекунанд. Вале ба гуфтаи ӯ ҳастанд нафароне ҳам, ки аслан аз баҳри тӯйи арӯсӣ гузашта, ба маблағи он барои ду нафар чипта гирифтаву ба сайёҳат мебароянд. Мадина меафзояд, «ҷавонон шаҳрҳои Дубаю Туркия мераванд. Тобистон бештар Туркия мераванд ва барои ду ҳафта. Аксаран баъд аз як ҳафтаи тӯй ва бархе ҳам баъди 2-3 моҳи тӯй ба сафар мераванд. Барои сайру сайёҳати як ҳафтаинаи навхонадорон дар Дубай ҳудуди 2 ҳазор доллар ва ба Туркия то 3 ҳазор доллар харҷ мешудааст.»

Тасмими сайёҳати наварӯсон асосан аз ҷониби худи ҷавонон гирифта мешавад ва харҷи он аксаран ба ӯҳдаи ҷониби домод аст. Аммо дар бархе маворид агар имконоти молии домод чандон фароҳам нест, бо машварати тарафи арӯсшаванда, ба тавофуқ мерасанд, ки ба онҳо барои баргузории "моҳи асал" пас аз хонадоршавӣ аз ҳисоби хароҷоти «қалин» сабукӣ дода шавад.
Умеда Қурбонбекова, раҳбари ширкати сайёҳии «Ҷавоҳир» мегӯяд, муштариёни онҳо аз табақаҳои мухталифанд: ҳам ҷавонони сарватманд, ки бархе "моҳ" ё "ҳафтаи асал" -ро дар кишварҳои Аврупо интихоб мекунанд ва ҳам табақаҳои миёнҳол, ки аксаран барои як ҳафта ва ба Дубай роҳхат мегиранд.

Умеда мегӯяд, ҳоло вобаста ба кисаи навхонадорон, ширкатҳои туристӣ ҳам, ки теъдодашон хеле зиёд аст, роҳҳои зиёду мухталифи сайёҳатро пешниҳод мекунанд. «Бархе аз навхонадорон мегӯянд, ки шумо ба мо фақат раводид билету меҳмонхонаро ташкил кунед, дигар ҳамаро мо худамон мекунем. Мо чунин имконият ҳам фароҳам меорем. Мо махсус ба навхонадорон имтиёзу барномаҳо дорем. Масалан онҳо дар меҳмонхонаҳое, ҷойгир карда мешаванд, ки махсус барои домоду арӯсҳо пешбинӣ шудааст, мо барои онҳо мулоқоту хӯрокӣ шом дар киштӣ ва дар баҳр, сайёҳат дар лимузин, хулоса, ҳамин хел чорабиниҳои романтикӣ ташкил мекунем.»

Орзуи саёҳати “моҳи асал”, ки хости қисми зиёди ҷавонон аст, ба зиддияти падару модар ва наздикон рӯбарӯ мешавад. Чун на ҳар падару модар мехоҳад, бе садои карнаю сурнай фарзанди худро оиладор кунад. Ҳамчунин на ҳар арӯс розист, ки бидуни пӯшидани пироҳани арӯсӣ ва бе базму хурсандӣ ҳамсар шавад. Аммо иҷрои хости ҳамагон пули зиёдеро металабад.

Гулчеҳра,
модаре, ки дар тараддуди хонадор кардани фарзанди дуввумаш аст, мегӯяд, писараш 2 сол боз дар Русия пули тӯй ҷамъ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло маблағи «қалинг» ё маҳре, ки ҷониби домод медиҳад, то 3500 доллар расидааст ва боз ҳамин қадар пул даркор аст, ки тӯй барпо шавад: «Албатта, писарам, ки худаш бо азобу машаққат маблағ ҷамъ меорад, баъзан мегӯяд, оча, биё ҳамин хароҷот чӣ даркор, тӯйи калон накунем, як маърака кунему никоҳ. Аммо охир ману падараш фикр мекунем, намешавад, мо ҳам бо орзуву ҳавас писар калон кардем, тӯйи дигаронро дидему хӯрдем. Маблағро ҳар вақт ёфтан мумкин, аммо ин рӯзҳо як умр дар хотир мемонанд. Аз сӯйи дигар, тарафи арӯс магар мехоҳад, ки ҳамту бе ягон тӯйю маросим гирифта, ба хона орем ӯро? Барои ҳамин, агар Худо хоҳад, баъд давоми зиндагии худашон метавонанд раванду саёҳат кунанд.»

Ҷомеашиносон мегӯянд, бо афзун шудани рафтуо ва таҳсили ҷавонон дар хориҷ аз кишвар то ҷое мафкураву андешаронии онҳо ҳам тағйир хурдаву фарҳанги сайёҳат кардан ба оҳистагӣ дар миёни ин насл роиҷ мешавад. Аз сӯе ҳам инро як натиҷаи ҷаҳонишавии фарҳанг меноманд.
Мунира Иноятова
Мунира Иноятова
Мунира Иноятова, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, “моҳи асал” як расми маъмулии ғарбиён аст. Аммо ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон ғолибан хонаводаҳо ҳоло ҳам бештар маблағи худро ба ҳангоми оиладор кардани фарзандон барои иҷрои оинҳои беҳудаи «талбон»-ҳову «салом»-ҳо ва расму одати нави ғайридодӣ сарф мекунанд ва Қонуни танзим ҳам ба ин чандон таъсире накардааст. «Худам шоҳидам, ки талаб мекунанд, келин бояд “гарнитур” ва ҳама ашёи рӯзгори хонаро бо худ биёрад. «Дадабинон» асту ким чиҳо ҳаст. Дар як тӯйи хешамон шоҳид шудам, ки аз тарафи келин ба домод калиди мошин тақдим шавад. Мардум эҷод карда истодааст. Вале дар замони имрӯз бояд одам нашинад дар як кунҷи дунё, бояд бештар саёҳат кунад, ҷаҳонбинии худро васеъ кунад.»

Ба гуфтаи хонум Иноятова, дар Тоҷикистон, ки музди миёна ҳамагӣ 170 доллар аст, хуб аст, ҷавонон бо кам кардани харҷ тӯйи арӯсӣ ба ҷойи «моҳи асал» дар фикри ҳалли мушкилоти бузургтари зиндагии худ, махсусан дар фикри манзил бошанд, зеро ин ҳоло мушкили рақами яки оилаҳои ҷавон аст.

Бархи дигар аз он ҳарос доранд, ки бо ҷорӣ шудани «навовариҳо»-е мисли “моҳи асал” ҷойгоҳи расму суннатҳои бостонии миллӣ тангтар хоҳад шуд. Вале ҷавонон, мегӯянд, онҳо намехоҳанд, ин расму ойинҳоро аз байн бубаранд, фақат мехоҳанд, бо камтарин имконот, лаҳзаи беҳтарини умри худро мувофиқи табъи дили худ ва хотирмону рангин ба сар баранд.
XS
SM
MD
LG