Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Сурия бо ҳисоби 2-3 (ВИДЕО)


Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрд.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Сурия, ки шоми сешанбеи 31 март дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 15 ҳазор мухлис зери борон баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3-2 хотима ёфт.

Ду голи мунтахаби Сурияро Рафеъ Раҷа дар дақиқаҳои 23-юм ва 37-ум (аз пеналтӣ) ва як голро Алҳусейн Абдулраззоқ дар дақиқаи 63-юм ба ҳадаф расонданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Нуриддин Давронов дар дақиқаи 42-юм ва Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 89-ум заданд.

Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Алишер Тӯйчиев, Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (капитан), Манучеҳр Ҷалилов.

Дар ҷараёни нимаи дувуми бозӣ Хуршед Маҳмудов, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов ва Дилшод Восиевро ҳамдастаҳояшон Фарҳод Тоҳиров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов ва Аҳтам Ҳамроқулов иваз карданд.

Сардовари ин бозӣ Виталий Мешков ва ёваронаш Дмитрий Мосяйкин ва Максим Гаврилин аз Русия буданд.

Бояд гуфт, ин бозии дӯстона дар доираи омодагии дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Сурия ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки моҳи июни соли равон шурӯъ мешавад, барпо гардид.

Мӯҳсин Муҳаммадиев (рост) ҳамроҳ бо ҳамтои суриягиаш Иброҳим Фаҷер
Мӯҳсин Муҳаммадиев (рост) ҳамроҳ бо ҳамтои суриягиаш Иброҳим Фаҷер

Дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 141-ум ва мунтахаби Сурия дар ҷойи 152-юм қарор доранд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар нишасти хабарие, ки пас аз анҷоми бозӣ баргузор шуд, гуфт, “мунтахаби Сурия дастаи пурзӯр аст. Мо дар ин бозӣ ба натиҷаи мусовӣ ноил шуда метавонистем, вале ба пирӯзӣ умед надоштем. Зеро дар ҳайати дастаи меҳмонон бозигарони пуртаҷриба ва бомаҳорат хеле зиёд буданд. Бозӣ хубу шавқовар гузашт. Мутаассифона, ҳаво номусоид буд, вале ба ин нигоҳ накарда, ҳазорҳо мухлисони ашаддӣ ба варзишгоҳ омада, моро хуб дастгирӣ карданд. Аз онҳо хеле миннатдорем”.

Иброҳим Фаҷер, сармураббии мунтахаби Сурия, ба хабарнигорон иброз дошт, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст ва аз ин сафар хеле хушҳол аст. Вай афзуд, "дар ин бозӣ дастаи мо нисбат ба рақибамон пурқувваттар буд. Футболбозони мо, ки дар бошгоҳҳои футболи хориҷӣ бозӣ мекунанд, таҷрибаи бойи бозии байналмилалӣ касб кардаанд. Мо ба Тоҷикистон барои пирӯзӣ омадем ва ба хона бо табъи болида бармегардем. Бори дигар мехоҳам ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму ҷӯшон изҳори сипос намоям".

Баъди бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия дар Варзишгоҳи марказӣ бозии лотерея доир шуд. Бурди олӣ - мошини сабукрави тамғаи “Мерседес Бенс” – насиби Рустам Бобокалонов, муаллими мактаби таҳсилоти умумии шумораи 28-и ноҳияи Варзоб, гардид.

Бозии дӯстонаи Тоҷикистон бо Сурия дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

XS
SM
MD
LG