Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии марзбонони Эрон ва Покистон дар Балуҷистон


Ба гузориши расонаҳои покистонӣ, нерӯҳои Эрон ва Покистон дар марзи Балуҷистон ба сӯи ҳам тирандозӣ кардаанд.

Телевизиони покистонии "Само" ва нашрияи "Pakistan Today" рӯзи ҷумъа гузориш доданд, ки марзбонони Эрон панҷ мушак ба хоки Покистон партоб кардаанд. Ба гуфтаи ин манобеи хабарӣ, нерӯҳои покистонӣ ҳам дар посух ба партоби мушаки Эрон иқдом, ба партоби ду мушак ба хоки Эрон кардаанд. Аз гузориши ин расонаҳо бармеояд, ки ин табодули оташбас дар минтақаи Мошкили Балуҷистон рух додааст, аммо хабаргузориҳои дохили Эрон то ин лаҳза хабаре дар бораи ин руйдод нашр накарданд.

Дар ин ҳол гузоришгари Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Аврупои Озод ба нақл аз як афсари амният ба шарти фош нашудани номаш мегӯяд, ки танҳо нерӯҳои эронӣ будаанд, ки ба хоки Покистон мушакпаронӣ кардаанд, аммо нерӯҳои покистонӣ посухе надодаанд.

Аз манобеи дигаре, ки ин рӯйдодро пӯшиш додаанд, бархе расонаҳои Ҳиндустон ҳастанд, ки ба нақл аз манбаъҳои амниятӣ навиштаанд, ки мушакҳои эронӣ дар умқи се километрии хоки Покистон фуруд омадаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, чанд рӯз қабл низ дар ин минтақа даргириҳое миёни нерӯҳои Покистон ва Эрон рух дод, ки ба марги як сарбози покистон ва ҷароҳат бардоштани се нафари дигар анҷомида буд.

Ҷумъаи гузашта мақомоти Покистон эълом карданд, ки марзбонони ин кишвар дар ҳоли таъқиби як мошини машкук бо ду сарнишин буданд, ки марзбонони эронӣ ба сӯи мошини онҳо оташ кушоданд. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдоми нерӯҳои эронӣ ба марги як афсар марзбонии Покистон ва ҷароҳати чаҳор нафари дигар анҷомидааст.

Мақомоти Эрон ҳамвора ҳукумати Покистонро муттаҳам мекунанд, ки аз таъмини амнияти марзҳои худ бо Эрон нотавон аст ва ба террористон ва гурӯҳҳои мусаллаҳ иҷозаи вуруд ба хоки Эрон ва ҳамлаҳои мусаллаҳон алайҳи нерӯҳои эрониро медиҳад.

Аз ҷумла ҷонишини фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Ҷумҳури исломии Эрон ба наздикӣ таҳдид кард, ки ин ниҳоди низомӣ гурӯҳҳои "ашрор"-ро ҳатто дар дохили хоки кишварҳои ҳамсоя пайдо ва бидуни ҳеҷ маҳдудияте бо онҳо бархӯрд хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG