Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои ҳавзаи интихоботии Сино аз нав доғ мешавад


Яке аз нуқоти раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии 28-уми феврали соли 2010.
Яке аз нуқоти раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии 28-уми феврали соли 2010.

КМИР барои баргузории интихоботи миёндавраӣ ба МН дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе омодагӣ мегирад.

Интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза ба иллати қатъи зудраси ваколатҳои намояндаи он дар порлумон, Шермаҳмади Шоҳиён, доир хоҳад шуд.

Ба ин манзур, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дархост кардааст, ки феҳристи аъзои комиссияи ҳавзавиро дар тавофуқ бо аҳзобе, ки дар ин ноҳия созмонҳои ибтидоии худро доранд, пешниҳод бикунад.

Зимнан ин нахустин интихоботе мешавад, ки худи ҷаноби Шоҳиён ба он ба ҳайси раиси КМИР сарпарастӣ хоҳад кард.

ЗОЙИРОВ ВА ҲАВЗАИ "ДОҒ"

Муҳибулло Додоҷонов
Дар соли гузашта ба ҳангоми баргузории интихоботи парлумонӣ ноҳияи Сино аз ҳавзаҳои доғ дар ин маърака ба ҳисоб мерафт.

Зеро дар он баробари намояндаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Шермаҳмади Шоҳиён, раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматилло Зойиров низ муддаии курсии вакилӣ дар парлумон буд.

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, гуфт, барои баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳамин ҳоло омодагиҳо шурӯъ шудааст.

Вай афзуд, дар наздиктарин ҷаласаи ҳайати нави ин комиссия таърихи баргузории интихобот муайян хоҳад шуд.

Раҳбари дастгоҳи КМИР гуфт, комиссияи ҳавзавӣ бар пояи қонуни интихоботи кишвар бо пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ ташкил мешавад ва танҳо он аҳзобе метавонанд вориди ҳайати он бишавад, ки дар ҳудуди ин ҳавза созмонҳои ибтидоӣ дошта бошад.

ҲХДТ, ҲНИТ, ҲАТ

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон то куҷо барои ширкат дар ин интихобот омодаанд? Аз ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон се ҳизб - ҲХДТ, ҲНИТ ва ҳизби аграрӣ омодаанд, ки дар ин сабқат ширкат варзанд. Ду ҳизб -коммунистӣ ва демократӣ мегӯянд, ки зарурати иштирок дар ин маъракаро намебинанд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалист мавқеи худро дар ин масъала рӯшан накардаанд.

Вале Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматилло Зойиров мегӯяд, ширкати онҳо дар интихоботи мазкур дар сурате иттифоқ хоҳад афтод, ки намояндагони ин ҳизб дар комиссияҳои шумориши раъй дар қитъа ва ҳавза пазируфта шавад.

Сайидумар Ҳусайнӣ
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон, бидуни кадом шартгузорӣ изҳор дошт, ки номзади онҳо дар интихоботи миёндавраӣ ба парлумони кишвар фаъолона ширкат хоҳад кард.

Вай гуфт, умедвор аст бо тағйири ҳайати Комиссияи марказӣ ва омадани шахси нав дар раъси он ин навбат интихобот шаффоф ва бидуни тақаллуб доир хоҳад шуд.

НОМЗАДҲОИ НОМАЪЛУМ


Бо ин ҳол, то кунун ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ номзадҳои интихоботии худ дар ин ҳавзаро муайян накардаанд. Зеро тибқи қонуни интихобот барои муайян кардани нафари муддаӣ аҳзоб конфронсҳои худро бояд доир кунанд.

Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе ба сабаби қатъи пеш аз мӯҳлати ваклоатҳои вакили ин ҳавза доир хоҳад шуд. Шермаҳмади Шоҳиён вакили пешини ноҳияи Сино дар парлумони кишвар ҳамакнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шудааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 21 нафари онҳо бар пояи феҳристи ҳизбӣ ва 42 вакили боқимонда дар ҳавзаҳои инфиродӣ баргузида мешаванд.

45 вакили парлумони имрӯза намояндагони ҲХДТ ҳастанд. Даҳ нафар беҳизбӣ ва дутоӣ аз аҳзоби коммунистӣ, наҳзати исломӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Интихоботи гузаштаи парлумонии Тоҷикистон аз сӯи нозирони ғарбӣ, созмонҳои байналмилалие чун Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо "ғайришаффоф ва ғайридемократӣ" арзёбӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG