Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Терминалҳои "NO"-расиди Душанбе


Ингуна дастгоҳҳо дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гузошта шудаанд
Ингуна дастгоҳҳо дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гузошта шудаанд

Аз 24 терминал барои пардохти маблағи хизматрасониҳо дар Душанбе танҳо панҷ дастгоҳаш ба муштарӣ расид ё чек медиҳад.

Аз 24 дастгоҳ ё терминал барои пардохти маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, андоз ва телефони ҳамроҳ дар Душанбе, ки хабарнигори Озодӣ аз кори онҳо истифода кард, танҳо панҷ дастгоҳаш расид ё чек доштааст. Субҳи чоршанбеи 26-уми август, дар паи муроҷиати корбарони сомонаи Радиои Озодӣ мо кори чанд терминалро дар маҳаллаҳои Зарафшон, Испечак, 102, 82 ва кӯчаи марказии Душанбе санҷидем. Натиҷа ин буд, ки ба ҷуз чанд дастгоҳ дар маркази шаҳр, дигар ҳеҷ кадоме ба муштариҳо чек ё расиди пули супурдашударо надоданд. Ин дастгоҳҳо, ки сари ҳар қадам дар ҷодаҳои пойтахт насб шудаанд, бинобар надодани расид ба муштариҳо, сардаргумиро миёни пардохткунанда ва идораҳое эҷод кардааст, ки пулро дарёфт кардаанд.

Маҳмудҷон Бобоев, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 24-уми август аз терминали назди маркази савдои “Мардон” ба телефони мобилаш 20 сомон гузаронид, вале ин маблағ то ҳол ба суратҳисобаш ворид нашудааст. Мо бо ин сокини Душанбе дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ҳангоме ҳамсӯҳбат шудем, ки ба телефони ҳамроҳаш дубора маблағ мепартофт. Ӯ имрӯз низ маблағро таваккал ба ҳисобаш гузаронд ва бовар надошт, ки ин дафъа кораш барор мегирад. Ду рӯзи пеш, вақте маблағ ба суратҳисобаш нагузашт, баъди талошҳои зиёд аз ширкати соҳиби терминал посух гирифтааст, ки “маблағро нодуруст пардохт кардед”. Маҳмудҷон муштарии ширкати Tcel аст ва мегӯяд, барои кӯмак ба худи ширкат ҳам муроҷиат кардааст, вале ин ҷо гуфтаанд, ки барқарор кардани ин маблағ бе дархости молики терминал имкон надорад.

Терминалҳои бекоғаз ва мизоҷони хушбовари тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Ба андешаи Маҳмудҷон, ширкатҳо аз набудани расид суиистифода мекунанд ва фоида ба даст меоранд. Ин сокини пойтахт мегӯяд, як моҳе пеш айни ин мушкил дар вақти пардохти пули барқ ба миён омада буд. Ӯ мегӯяд, ки 97 сомонӣ пули барқро аз тариқи яке аз терминалҳои маҳаллаи 82 пардохт кардааст. Аммо бо далели надоштани расид дар идораи барқи Синои Душанбе натавонистааст собит кунад, ки маблағи барқро супурдааст. Ҳасан Аминов, сокини 23-солаи Душанбе низ мегӯяд, аз терминали ширкати “Sonia”, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, дирӯз 20 сомонӣ ба телефони мобилаш гузаронид, вале то ҳол он маблағ ба телефонаш нагузаштааст. Ҳасан мегӯяд, шаш маротиба ба ширкати “Sonia” занг зад, вале касе посух надод: “Ман махсус пеш аз зӯҳр ва баъди он занг задам ,ки ба телефонам посух диҳанд. Зеро зӯҳр баҳона пеш меоранд, ки гӯё хӯрок хурда истодаанд ва баъдтар бояд тамос гирам. Як бори дигар ҳам ҳамин хел шуда буд, аммо баъди ҷанҷолҳои зиёд пас аз як ҳафта пуламаро барқарор карданд”, гуфт ӯ.

Мо низ барои дақиқ кардани ин ки оё маблағи пардохткардаи муштариён сари вақт ба суратҳисоби онҳо мегузарад ё не, ду сомниро

тариқи 10 дастгоҳ (яъне 20 сомонӣ) ба телефони мобиламон интиқол додем. Аз ин 20 сомонӣ то шоми рӯзи 26 август танҳо 5 сомнӣ ба ҳисоби телефон гузааштасту бас. Мо низ аз ин 10 дастгоҳ натавонистем ҳадди ақал як расид дастрас кунем. Аммо ба қавли соҳибони терминалҳо, сабаби асосии нагузаштани маблағ худи муштариён мебошанд. Маблағ бо хатои сокинон намегузарад ё дер мегузарад, мегӯянд онҳо.

Адолат Мирзоева, муҳосиби ширкати “Sonia”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари вақт муштариён ба ҷои тугмачаи “пардохт” тугмачаи “напардохт”-ро зер мекунанд ё рақамро нодуруст мечинанд. Бо ин сабаб маблағи онҳо сари вақт намегузарад. Вале ҳар муштарие, ки бо ширкат тамос мегирад, ҳатман маблағаш барқарор мешавад. Ба гуфтаи Адолат Мирзоева, агар муштарӣ ба ҷои амри “пардохт” “напардохт”-ро зер кунад, пул дар терминал дармемонад. Бо ин сабаб техникҳои ширкат тамоми системаро дида, баъди дақиқ шудани шумораи телефон маблағро ба суратҳисоби муштарӣ мегузаронанд. Ин масъули ширкати “Sonia” мегӯяд:“Баъзе аз муштариён низ дурӯғ мегӯянд, ки гӯё пул гузаронидаанд, аммо дар асл ин тавр нест. Баъзе одамон ҳар лаҳза занг зада дурӯғ мегӯянд, ки фалон қадар пул гузаронидем, терминал чек надод ва пул ба телефонамон нагузаштааст”, гуфт ӯ.

Аммо Адолат Мирзоева инро низ тасдиқ мекунад, ки гоҳо бо сабаби хунукназарии кормандони техникии ширкат ва ё дигар сабабҳои фаннӣ баъзе аз дастгоҳҳои пардохти маблағ расид намедиҳанд. Ба қавли ӯ, аз

ҳудуди 52 терминали ин ширкат дар шаҳри Душанбе 70 дарсадашон ҳамеша ба муштариён расид медиҳанд. Умар Мардонов, корманди техникии ширкати “Мададгарони дӯстон” мегӯяд, дар аксар маворид худи мардум аз саросемагӣ пардохти бе “чек”-ро пахш мекунанд. Ин ширкат дар шаҳри Душанбе ҳудуди 30 дастгоҳи пардохти маблағ барои хизматрасониҳоро дорад: “Агар муштарӣ воқеан маблағ гузаронида бошад, мо ҳатман онро барқарор мекунем”, гуфт ӯ.

Надодани расид ва на ҳамеша дубора барқарор шудани маблағи муштариён аз сӯи соҳибони терминалҳо дар ҳолест, ки Иттифоқи истеъмолкунандагон ин амалро қонуншикании маҳз мешуморад. Илҳом Обидов, раҳбари Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси Қонун дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва Қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ надодани расид ба муштарӣ ба маънои поймол кардани ҳақи шаҳрванд аст. Бар асоси ин ду қонун, ҷазо дар шакли ҷарима таъин шудааст. Вай мегӯяд, бояд комиссияи хоссе ин амали соҳибони терминалҳоро назорат барад. Илҳом Обидов мегӯяд, гоҳо ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки соҳибони терминалҳо “имрӯзу пагоҳ” гуфта, маблағи муштариёнро сари вақт пардохт намекунанд. Ба қавли ҷаноби Обидов, дар сурати надодани расид ё чек барои соҳибкорони инфиродӣ, ҷаримаи алоҳида таъин шудааст ва барои шахсони ҳуқуқӣ ҷаримаи бузургтар.

Ширкатҳое, ки бо насби терминалҳо дар саросари кишвар маблағҳои хизматрасониро ҷамъоварӣ мекунанд, “Пайванд”, “Sonia”, “Пардохти осон”, “Express pay”, “Qiwi” ва “Мададгорони дӯстон” ном дошта, таҷриба нишон медиҳад, ки ҳеҷ кадомашон дастгоҳҳои худро бо коғази расид таъмин намекунанд. Арзиши коғаз барои терминалҳо аз 5 то 13 сомонӣ аст ва бо ин роҳ эҳтимолан пули ширкатҳо иқтисод, вале муштарӣ овора мешавад.

XS
SM
MD
LG