Чоршанбе, Феврал 08, 2012 Соат ба вақти Душанбе 10:44

Гуфтугӯ

Супориши Шумо ба кормандони "Озодӣ"

Ҳаҷми матн - +
Кадом мавзӯъро мехоҳед, ки дар ин сомона ва барномаҳои радиои "Озодӣ" баррасӣ шавад? Акс ё видеои кадом мавзеъро дидан мехоҳед? Киро мехоҳед, ки ба гуфтугӯи интернетӣ даъват кунем ҳамроҳ саволборон кунем? Манзур, ба кормандони "Озодӣ" чӣ супориш доред, ин ҷо бинависед. Мо талош хоҳем кард, ки онҳоро ба иҷро расонем.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 9
    Баъдӣ 
Ном: Forsage-SD аз: TJK
03.09.2009 02:02
Мавзуи норавшан: чи хел тими "Истиклол" дар ду бози "Регар"-ро маглуб кард

Ном: Forsage-SD аз: Khujand
03.09.2009 02:16
Маълум аст, ки дар Точикистон олигополия хукмрон аст. Мехостем тадкикоти журналистии пурмазмун бихонем ва ба саволхои зерин посух бигирем:
1. Махсулоти ниёзи аввалия чун гандум, сузишвори, шакар аз тарафи кадом ширкатхо ва ё гуруххо ворид карда мешавад?
2. Чанд фоизи бозор ба хар яки ин ширкатхо ё гуруххо таълук дорад?
3. Раисони ин ширкатхо кихоянд?
4. Дар бораи ширкатхое, ки асосан бо ба расмиятдарории махсулоти воридшуда, ки аслан ба онхо тааълук надорад машгул аст.
5. Мо медонем, ки дар номи бисёре аз «олигарххои» точик ягон чи ё ягон ширкат сабт нашудааст ва онхо бо миллионхо доллар гардиш доранд. Савол – тахминан чанд фоизи иктисоди Точикистонро иктисоди пинхони ташкил медихад?

Пешаки сипосгузорем.
Дар посух

Ном: Сардабир
29.10.2009 14:34
Бо пешниҳоди Шумо як таҳқиқоте дар ин бора сурат гирифта, натиҷаҳои он дар шакли гузориши радиоӣ ва матн пахш ва нашр гардид. Сипосгузорем.

Ном: Avaz аз: Dushanbe
03.09.2009 20:03
Чаро шартномахои донишгоххо боло рафт?Барои чи интавр?
Дар посух

Ном: Сапдабир
29.10.2009 16:13
Дар ин бора гузориши муфассал омода ва пахш кардем.

Ном: Ъомми аз: Душанбе
03.09.2009 23:09
Барой чи бошад фикру акидахое ки пешниход мешава дойр ба хар як мавзу кариб ягонтай онхо на ба макомотхо на ба дига шахсон дастрас мешава сабаби асосиш чи боша ИЛТИМОСИ КАЛЛОН ба хаммин масъала як равшани меандохтет

Ном: Радиои Озодӣ
03.09.2009 23:09
Сипосгузорем аз таваҷҷӯҳи якояки Шумо ва аз пешниҳодҳои ҷолибу пураҳамияте, ки ин ҷо навиштед. Мо аз ҳар яке аз ин супоришҳоро хеле ҷиддӣ мегирем ва барои иҷрои онҳо нақшаи кори худро тағйир дода, ба думболи муҳимтарин пешниҳодҳои хонандагони арҷманд рафтаем. Ба зудӣ аз иҷрои супоришҳо Шуморо хабардор хоҳем кард.

Ҳамзамон як хоҳиш дорем, ки пешниҳодҳо ҳарчӣ мушаххастару дақиқтар бошанд ва агар муаллифони чунин пешниҳодҳо номи худро бинависанд, ҳангоми иҷрои онҳо мо ба номи муаллифони пешниҳод сипосгузорӣ хоҳем фиристод.

Бесаброна, интизори пешниҳодҳои нави Шумоем. Саломат бошед.

Ном: Manoev аз: Paris, France
04.09.2009 15:00
Камина шунавандаи доимии Радиои Озоди хастам. Кору кору фаъолиятам дар Парис аст. Аз Шумо як илтимос. Ба фикрам ташкили сухбатхои анлай каме бояд тагир хуранд. Зеро ба хар майдаву чуйда сухбат оростан зеби Озоди нест. Дар Точикистон ин кадар бонишманду бузургони миллату давлат зиёданд, ки солхо мехохи дар сухбати эшон боши. Сухбати онхо ба дарди мардум мехурад. Аз оне, ки албоми нав кай, ба кадом забон мехони ва амсоли ин саволхои пучу бемазни ба касе фоидае нест. Бар замми хама чиз сохта, такроршаванда, бемаъни, аз ин барномаи хуб намебарояд. БО эхтиром, як тан мусофири шунавандаи Озоди.
Дар посух

Ном: Сардабир
29.10.2009 16:14
Сипосгузорем аз таваҷҷӯҳи неки Шумо. То ҷое ки метавонем, дархости Шуморо ба ҷо меорем.

Ном: Пажуҳишгар
05.09.2009 12:00
Радиои Озодӣ,

Хоҳиш мекардам, барномаи навории (видеои) пурраро дар бораи сарсолории (истиқлолити) Тоҷикистон барои 9-уми сентябр омода кунед. Инчунин назари мардумро дар бораи пешрафт ё пасрафти Тоҷикистон дар давоми сарсолории кишвар, бояд бипурсид.

Бар андешаям, дигарон низ зи дидори навории сарсолории Тоҷикистон хушҳол хоҳанд гашт.


- Пажуҳишгар

Ном: Абдуллох аз: Кишлок
06.09.2009 12:00
Чун мо дар маъракаи баргузории интихоботи парлумони карор дорем, ман мехостам гуфтугуи мустаким бо ахзобхои сиёси ташкил карда шавад то хонандагон аз максад ва мароми онхо бохабар шаванд. Он чанд соате, ки тарики телевизион вакт чудо карда шудааст моро каноат кунонида наметавонад. Пешаки сипосгузорам. Ташаккур
Дар посух

Ном: Сардабир
29.10.2009 16:15
Ташаккур аз Шумо. Дар пайи иҷрои ин супориш ҳастем.
Дар посух

Ном: ашара
29.01.2010 18:38
салому алекум

Ном: Abdullo аз: kulob
06.09.2009 13:23
Az ozodi khohoni onam ki dar suhbati zinda bo mo Hoji Akbar Turajonzoda va Muhidin kabiriro davat kunad to ki mo savolhoi khudro ba eshon irsol kunem
Дар посух

Ном: Сардабир
29.10.2009 16:16
Як бахши дархости Шумо ба иҷро расид. Дар пайи бахши дувум ҳастем. Саломат бошед.

Ном: Forsage-SD аз: TJK
07.09.2009 01:30
То саршавии интихобот бо сарварони 8 (гайр аз раиси ХХДТ- у рози намешавад) хизби сиёси мусохиба мегузарондед, оличаноб мешуд...
Назарҳо. Сафҳаи аз 9
    Баъдӣ 

 

... ... ...

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.