Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 10 миллион рубл ҷубронпулӣ аз ду сарбози пойгоҳи Русия


Илдар Сахапов ва Федор Басимов
Илдар Сахапов ва Федор Басимов

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев, таксироне, ки соли гузашта аз тарафи ду сарбози Пойгоҳи 201 Русия кушта шуд, дар додгоҳ 10 миллион рубли русӣ ҷуброн талаб кардаанд.

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев, таксироне, ки соли гузашта аз тарафи ду сарбози Пойгоҳи 201 Русия кушта шуд, дар додгоҳ 10 миллион рубли русӣ ҷуброн талаб кардаанд. Дар ин бора дар мурофиа намояндаи Додситони ҳарбии ҳавзаи Урали Русия хабар додааст.

Як мақоми Додгоҳи гарнизони ҳарбии рақами 109-и пойгоҳи 201-уми Русия ба радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи ду сарбози ин пойгоҳ Илдар Сахапов ва Федор Басимов айбдоркунандаи давлатӣ, намояндаи Додситони ҳарбии ҳавзаи Урал, подполковники адлия Лев Ковалчук даъвои ҷуброни моддӣ ва маънавии хонаводаи Раҳимҷон Тешабоевро дар ҳаҷми 10 миллион рубл эълон кард.

Тавре Рустам Тешабоев, бародари Раҳимҷон Тешабоев ба радиои Озодӣ гуфт, айбдоршаванда Федор Басимов ба пардохти қисме аз маблағи ҷуброн дар ҳаҷми 140 500 рубл ризо шуд, вале сарбози дигар -- Илдар Сахапов худро аслан гунаҳкор намеҳисобад ва биноан ҳама гуна ҷазоро ба гардан намегирад.

Рустам Тешабоев мегӯяд, вақте ки аз шоҳидон суол шуд, ду нафари аз онҳо -- лейтенанти калон Авторханов ва сержант Комлев шоҳидӣ доданд, ки ҳамон шаб дар ресторани “Товус” Илдар Сахапов ва Федор Басимов арақ нӯшида, нақл карданд, ки ҳардуяшон "як таксистро куштаанд”.

Мурофиаи додгоҳии ду сарбози пойгоҳи 201 уми Русия таҳти раёсати додраси ҳавзаи ҳарбии Урал, Дмитирий Норвинд сурат мегирад.

Феълан мурофиа бо қироати парвандаи айбдорӣ аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ -- корманди Додситонии ҳарбии ҳавзаи Урал Лев Ковалчук ва ёрдамчии додситони ҳарбии гарнизони 257, майори адлия Александр Яригин идома дорад.

Муҳокимаи ду сарбози пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон сар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:13 0:00

Як мақоми Додгоҳи гарнизони ҳарбии №109 дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиа ба таври боз ё кушода сурат мегирад, вале дар амал хабарнигорон ба он роҳ дода нашуданд.

Ин ду сарбози пойгоҳи Русия рӯзи 26 августи соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд.

Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштаанд.

Акси Раҳимҷон Тешабоев
Акси Раҳимҷон Тешабоев

Пештар як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Федор Басимов аз Раҳимҷон Тешабоев 50 000 рубл қарздор будааст ва ӯ аз ҳамхидматаш Илдар Сахапов машварат пурсидааст, ки бо "таксист" чӣ кунад?

Мусоҳиби Озодӣ гуфт, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо рӯзи 16 августи соли 2014 талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фудор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.

Дар лаҳзаҳои аввали боздошт масъулони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки Илдар Сахапов ва Федор Басимов бемории равонӣ доранд ва моҳи октябри соли гузашта онҳо барои ташхис ба бемористоне дар Екатеринбург фиристода шуданд. Ин ташхис, ки беш аз як моҳ идома кард, бемори равони будани ин ду сарбози русро рад намуд ва сипас онҳо боз ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо наздик ба 7 ҳазор сарбозу афсари худ дар се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгир шудааст. Моҳи октябри соли 2012 Маскаву Душанбе мӯҳлати будубоши сарбозони рус дар қаламрави Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид карданд. Дар иваз Русия мебоист дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак кунад. Бино бар созишнома, ин пойгоҳ ҳимояи манфиатҳои Русия ва якҷо бо артиши Тоҷикистон амнияти ин кишварро таъмин мекунад. Ду тараф онро омили таъмини субот ва амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG