Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Бозор Собир аз Эмомалӣ Раҳмон дар "Президенти мардумӣ"


Бозор Собир дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон. 30 майи соли 2013. Қасри Миллат
Бозор Собир дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон. 30 майи соли 2013. Қасри Миллат

Дар барномаи навбатии «Президенти мардумӣ», ки шоми шанбеи 25 январ тариқи шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон пахш шуд, Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи шоир Бозор Собир тавсиф шуд.

Дар барномаи навбатии «Президенти мардумӣ», ки шоми шанбеи 25 январ тариқи шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон пахш шуд,Бозор Собир бори дигар таъкид кард, ки «ман дар ҳамон рӯзи аввале, ки ба Тоҷикистон омадам, гуфта будам, ки зиёиёни тоҷик дар атрофи президент бошанд, беҳтар аст Зеро ба андешаи ӯ, ҳоло дар Душанбе созмонҳои иртиҷоии зиёде фаъолият мекунанд, ки ҳадафашон гумроҳ сохтани ҷавонон ва муташанниҷ кардани вазъи ҷомеа аст.

«Президенти мардумӣ» барномаест хос дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин барнома аз пуштибонии президент аз шахсиятҳои алоҳида сухан меравад. Қаҳрамони ҳар барнома аз дастгирие, ки раисиҷумҳур шахсан нисбат ба ӯ кардааст, ҳарф мезанад ва ба ӯ изҳори ташаккур мекунад. Қаҳрамони навбатии барномаи «Президенти мардумӣ», ки тариқи Шабакаи якум намоиш дода шуд, шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир буд.

Сайрам Бақозода, муаллифи барномаи «Президенти мардумӣ» гуфт, «шоир Бозор Собир, ки бо даъвати расмии ҳукумати Тоҷикистон ба ватан баргаштааст, дар бораи Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтироми зиёд суҳбат мекунад ва аз ӯ ҳамчун қаҳрамони ваҳдат ном мебарад».

Бозор Собир бо Саидқул Билолов (аз чап) ва Низом Қосим (аз рост)
Бозор Собир бо Саидқул Билолов (аз чап) ва Низом Қосим (аз рост)
Ҳарчанд барнома бештар ба кору рӯзгор ва шеъри Бозор Собир бахшида шуда буд, вале маълум мешуд, ки ба хотири бо даъвати раисиҷумҳур ба ватан баргаштанаш ва инки ҳукумат ба ӯ манзил тақдим кард, онро зери унвони «Президенти мардумӣ» пешниҳод кардаанд.

Таҳиягарони барнома ҳамроҳи шоир ба зодгоҳи ӯ деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод сафар карда, аз ҳавлии падарии ӯ ва, ба қавли худи шоир, «замини модарӣ»-аш дидан карданд ва дар мулоқоти ӯ бо шогирдони мактаби деҳа ширкат варзиданд.

Дар барнома аз маҳфили Бозор Собир, ки соли 2003 дар толори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуда буд, як таронаи Қурбоналӣ Абдуллоев пахш гардид. Ин дар ҳолест, ки ин барнома ҳамон сол дар шабакаҳои давлатӣ намоиш дода нашуд ва мақомот он замон аз ҳар навъ наздикӣ бо Бозор Собир худдорӣ мекарданд.

Таҳиягарони барнома гуфтанд, ки устодро барои суҳбат ба студияи телевизион даъват карда, бо ӯ бештар аз ду соат сӯҳбат кардаанд, аммо аз ин суҳбат танҳо порае пахш гардид.

Эътои орден ба Бозор Собир
Эътои орден ба Бозор Собир
Бозор Собир моҳи майи соли 2013 баъди 19 соли муҳоҷират бо даъвати раисиҷумҳур барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро баъди бозгашт президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар Қасри Миллат пазируфт. Ба ӯ аз ҷониби ҳукумат манзили сеҳуҷрагӣ ва аз рӯи баъзе иттилоъҳо мошин низ тақдим карданд.

Дар барнома бори дигар сабти сӯҳбати Бозор Собир дар фурудгоҳ ва миннатдории ӯ аз раисиҷумҳур барои даъваташ ба ватан, намоиш дода шуд. Мулоқоти Бозор Собир бо Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашт ва таассуроти Бозор Собир аз ин сӯҳбат низ дар барномаи «Президенти мардумӣ» ҷой дода шуда буд.

Дар ҷашни истиқлол Эмомалӣ Раҳмон ба Бозор Собир ордени «Ситораи президент» супурд, ки ба эътирофи шори, нахустин ордени ӯ дар тӯли 75 соли умраш аст. Дар посух шоир бо арзи миннатдорӣ ду мисраъ гуфт, ки ин саҳна низ дар барнома намоиш дода шуд:

Бо нишоне, ки аз шумо дорам,
Аз ҷаҳон бенишон нахоҳам рафт.

Бисёриҳо бо даъвати ҳукумат баргашти Бозор Собир баъди 19 соли ҳиҷратро як гашти пешазинтихоботии тими Эмомалӣ Раҳмон мехонданд ва мегуфтанд, ки аз ӯ барои таблиғи оқои Раҳмон дар корзори интихоботи моҳи ноябр фаровон истифода хоҳад шуд. Мақомот ва худи Бозор Собиру наздикони ӯ ин иддаоро рад мекарданд ва мегуфтанд, ангезаи сиёсие дар ин бозгашт нест.Вале алакай дар моҳи июни соли 2013, дар рӯзҳои иди Ваҳдат дар матбуоти расмии Тоҷикистон шеъре бо номи «Қаҳрамони Ваҳдат» нашр шуд, ки аз Бозор Собир ҳамчун муаллифи он ном бурда мешуд. Аммо баъдан Бозор Собир дар як гуфтугӯ ба Радиои Озодӣ муаллифи шеър буданашро рад карда гуфт, ин шеър моли шоири дигар Низом Қосим аст ва танҳо ин як байташро ӯ рӯи қоғаз овардааст:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри Миллат.

Аммо баъди пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботии президентии 6 ноябри соли 2013 Бозор Собир дар васфи ӯ бо номи «Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро» шеъре навишт, ки дар нашрияи расмии «Ҷумҳурият» нашр шуд.

Дар ҳамон моҳи ноябр дар сатҳи расмӣ 75-солагии Бозор Собирро дар Тоҷикистон ҷашн гирифтанд ва аз ҷумла бо баргузории шаби эҷодии ӯ дар театри опера ва балет, ки қариб ду соат тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шуд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2008 вақте Бозор Собир бидуни даъвати ҳукумат омада буд, ҷашни 70-солагии ӯро аслан нодида гирифтанд ва шоир баъди он бо дили хеле озурда ба Амрико баргашта буд.

Барномаи “Президенти мардумӣ” бо ширкати Бозор Собир дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ шаби 25 январ як соат идома кард.
XS
SM
MD
LG