Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия ба Сурия


Ҷиҳодиҳои хориҷӣ дар Сурия
Ҷиҳодиҳои хориҷӣ дар Сурия
Номае маро такон дод. Як ҷавони тоҷик мехоҳад, ба Сурия равад ва дар ҷанги зидди нерӯҳои Башор Асад кушта шавад, зеро зиндагӣ барояш маъние надорад. Вай менависад, набояд ин ҳарфи ӯро шӯхӣ гумошт ва ё ӯро девонае бесавод пиндошт. Ва ҳам дафъатан мегӯяд, на салафисту на ваҳҳобӣ ё пайрави ягон гуруҳи тундрав. Оҳанги суханаш боварбахш аст.

Ин номаро ҷавони 25-сола, ки худро "Хастадил" номидааст, дар ҳошияи як матлаби Радиои Озодӣ роҷеъ ба ширкати ҷавонони тоҷик дар низои Сурия навишт ва месазад, матни номаашро ин ҷо ба таври пурра нақл кунем, то равиши фикри ӯро бинед ва бигӯед, то куҷо суханаш ҳақиқат дораду аз умқи вуҷудаш берун меояд. Тарси ман ин аст, ки ӯ танҳо нест. Тахмин мезанам, дар Тоҷикистон сар аз ҷанги нангини солҳои 1990 то имрӯз як ё ду насле ба воя расидааст, ки худро нодаркор ҳис мекунад ва омодааст, ҷони ширинашро дар куҷое ки бошад, ба хотири чизе ё касе ҳам бошад, қурбон кунад.

Барои мақомоти Тоҷикистон чунин нома бояд бонги хатар бошад. Агар ҷавононе омодаанд, дар Сурия тан ба куштан диҳанд, дар камтарин ноамнии Тоҷикистон дар ин ватани худ низ ҷон ба каф хоҳанд гирифт. Дар зимн, шуморе аз чунин ҷавонони мо дар Афғонистону Покистон меҷанганд. Чанде ҳам кушта шудаанд ва чанде дар маҳбасҳои Афғонистонанд. Сар ба ҷанг ниҳодани онҳоро бисёриҳо ба эътиқоди динию мазҳабияшон бастагӣ медиҳанд.

Вале ин нома, агар воқеан на аз тарафи кадом ситезаҷӯи мазҳабӣ нигошта шудааст, баёнгари он хоҳад буд, ки дар солҳои баъдӣ ақида танҳо шиори пуч хоҳад шуд ва нақши ҳалкунандае нахоҳад дошт. Ва агар касе ба ин ҷавонон таваҷҷуҳ надиҳаду ҳукумат дар пайи тағйири вазъ нашавад, сафи чунин ҷавонон ба маротиб хоҳад афзуд. Аз Русия ба Сурия рафтани ҷавонон хеле осон аст ва касе нахоҳад тавонист, пеши роҳи онҳоро бигирад.

Номаи ин ҷавонро бихонед ва тасаввур кунед, то ба куҷо як навҷавон бояд ноумед гардад, ки ба чунин ҳол расад? Чӣ ҳолате бояд сохта шавад, то ханҷари номардумӣ, бекасӣ, беқадрию беҳуқуқӣ ба устухони ҷони ӯ халаду чунин дилшикастааш кунад, ки омода ба ҳар сарнавиште бошад?

Инак матни комили нома, ки дар ҳошияи матлаби ҳамкорам Абдуллоҳи Ашӯр – “Тоҷикони дар сангар алайҳи режими Башор Асад” дарҷ гардидааст. Дар ин матлаб марде бо алам мегӯяд, хоҳарзодаашро ба назди худ ба Русия хонд, то пуле кор кунад ва як рӯз шунид, ки ҷиянаш дар Сурия асту дар сафи шӯришиёни ин кишвар меҷангад:

“МАН ХАМ МЕХОХАМ РАВАМ. Шояд шумо фикр мекунед,ки ман шухи мекунам. ё ин, ки фикр мекунед девонааму ё бесавод ё салафияму ё вахоби ё пайрави ягон гурухи тундгаро?

Не бахудо касам ман На вахобияму на -Салафияму на аъзои ягон гурухи тундгарояму на девонаву бесаводам.

ман танхо ва танхо хаста шудам аз хамин зиндагии дар ба дар, аз мухочиративу, бекадриву, шармандаги ва бехукуки . дилгир шудам аз хамин сиёсати имрузаи давлат.

то кай охир дар ба дари мардум мухочир гардам ?

то кай ватанро ба коми ноумедихо интикол медиханду ман бошам умед ба фардо бандам?

охир чаро худамро фиреб дихам, ба бахонае, ки фардо Точикстон ояндаи дурахшон дорад?

7 сол мешавад мухочирам дар россияву ба чи мушкилотхое гирифтор нашудам дар ин мудат. на хамавахт маъоши кориямро мегирам. гар чанде, ки руссиро хам нагз медонаму конунхои россияро вайрон хам намекунам.

то кай ба ин авхол токати зистан кунам.

охир мысли ман садхо-хазорхо точикест, ки зистан мехоханд. лекин , аз ин хаёти имрузаи сахт дилгир шудаад. ноумеду, дилшикаста шудаанду сар ба мулки бегона задаанд. ба хотири як бурда -нон.

Зиндаги зебост. дуст медорам зистанро. мехохам дар халкаи ёру дустонам бошам. дар ватанам бошаму харчизе аз дастам ояд бахри ватан модар хадя кунам .

дуст медорам ватанамро Точикстони азизро. занону модарони точикро бародарони точикро. аммо бо ин авхоле,ки ман ва манбаринхо доранд чи илочи дигар дорем ?

холо чавонам 25 сол дорам.

аз хамин 7 сол 8 мохашро дар дар ватан гузаронидам.

аз сабаби мушкилии зиндаги чандсолпас меравам ба ватан. Танхо ба як хотир худамро ба даст мегираму шарм медорам, ки сарфи назар кунам аз он.

Инхам бошад танхо пеши рохамро хамин падару модари бемораму бобои пирам гирифтааст.

гайри ман дастёре надоранду ягона кувваи кории хонадонам.

вагарна розиам ба хар амале набошад даст занам.

дар оила 6 нафарем чамъ. падарам як писараст. мо фарзандонаш 2 писарем дар оила. бародар дар россия зан гирифтаасиу ба хонадон парвое надорад.

худамро дар чамъи хамсолонам тамоман як шахси зиёти мехисобаму, аз худ шарм медорам. дустонам хама кариб сохиби зан,фарзанд молу мулк, хонаву дар шуданд. баъзеояшон мактабхом оллиро хатм карданд. Аммо ман хамонеям, ки 10-15 сол пеш будам.

охир медонам,ки молу мулки дунё ин хушбахти нест. хушбахти онест,ки дар халкаи дустон боши. дар ватани-азиз бошиву бо чамъи ёрон боши.

хамшарики-шодиву гаму андухи дустон-боши.

агар хамаи ин бароят вучуд надошта бошад пас зистан-шарт нест.”

Ин номаи шахси бепарво, беномус ё фанатик нест. Номаи ҷавони бофаросатест, ки дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҷое барои ӯ боқӣ намондааст. Ҳоло бигӯед, чаро ва оё шумори чунин ҷавонон чӣ қадар буда метавонад, ҳарчанд барои кишваре мисли Тоҷикистон ва миллате мисли мо ҳаёти ҳар як фарди он муҳим асту барои кушта шудани ҳар тоҷик дар ҳар куҷои олам дил хун мегиряд.

Агар ҷомеаи мо фикр мекунад, мешавад, худро фиреб доду зиндагӣ кард, ин ҷавонест, ки фиребро напазируфтааст, ғуломию бардагиро чашми дидан надорад, аммо шароит ӯро ончунон пахш карда, ки беилоҷ мондааст. Метавонед гуфт, ки чӣ шуморе аз ҷавонони мо дар зиндагӣ худро ва ҷойи худро ёфтаанду шодкоманд ва чӣ шуморе аз онҳо мисли ин яке дар баробари зиндагие, ки калонсолон барояш сохтаанд, лоилоҷу дилшикаста мондаанд?

Як рӯз баъд аз ин навишта, муфтии Сурия хабар дод, ки 190 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Сурия ширкат доранд. Ман шумораи онҳоро 40-50 нафар фикр мекардам. Ҳоло маълум мешавад, зери 200 нафаранд. Мақомоти Тоҷикистон на шумораеро медонанд ва на парвое доранд, ки дар дунё чӣ мегузарад. Онҳо дар ғояти роҳат чашмони худро пӯшидаанд ва чизеро намебинанд.

Бознашр аз блоги "Нигариш ва кандуков"
XS
SM
MD
LG