Шанбе, Ноябр 22, 2014

Блогистон

15 дақиқае, ки фикри як шахсро дигар кард

Як созмони русӣ муҳоҷирони кориро дар шакли ҷорӯб, мӯқалам, шпател ва валик тасвир кардааст.

Тасвири саҳнаи "Ворид шудан ба Русия"
Тасвири саҳнаи "Ворид шудан ба Русия"
Гӯшии телефонро гирифтаму ба Санкт-Петербург занг задам, то аз муаллифони ин карикатураҳо бипурсам, ки оё дар ин шакл ба намоиш гузоштани муҳоҷирони корӣ тамасхур ба онҳо нест? 

Баҳси ман бо нафарони он тарафи хатти телефон бар сари карикатураҳое буд, ки дар борааш рӯзи ҷумъа баъзе вебсайтҳои интернетии русӣ хабар доданд.  Дар шаҳри Русия дастуре барои  муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон - "Справочник трудового мигранта" («Раҳнамои муҳоҷирони корӣ»)  нашр шудааст, ки аз маҷмӯи машваратҳои муфид барои муҳоҷирон иборат аст.  Дар ин раҳнамо аз ҷумла, роҳҳои бақайдгирии расмиву гирифтани иҷозати кор, роҳҳои пешгирӣ аз олудашавӣ ба  ВИЧ СПИД ва муассисаҳои ёрии таъҷилӣ, ҳамчунин  тасвирҳое ҷо дода шудаанд. 
 
Аммо ончӣ маро ба самимияти ин раҳнамо мушкук кард, қаҳрамонҳои  ин китобча буд, ки ба шакли ҷорӯб, мӯқалам, андовачӯб (шпатель) ва  валик тасвир шудаанд. Дар яке аз саҳифаҳои аввали ин китоб саҳнаи пешвозгирии меҳмонҳои нави Русия аз ҷониби масъулин - милиса, духтур, ходими давлат  ва роҳбалад  тасвир шудааст, ки ҳамагӣ шабеҳи инсонҳоянд. Аммо онҳое, ки ба меҳмонӣ омадаанд, ашёи беҷоне буданд, ки дар корҳои сиёҳ истифода мешаванд.
 
Дар бораи нашри ин брошюра ба Интернет  ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург хабар дод ва гуфт, ки барномае бо номи “Толерантность”, яъне “Таҳаммулпазирӣ” аз нашри ин раҳнамо барои муҳоҷирони корӣ пуштибонӣ кардааст. Ин китобча ҳанӯз охири моҳи август нашр шуда, танҳо имрӯз мавриди баҳси доғ дар Интернет қарор гирифт. Ман аз аз муовини раиси Кумитаи равобити байналмилалии  шаҳри Санкт-Петербург Сергей Марков пурсидам, оё далели онҳо барои дар симои маводи сохтмонӣ тасвир кардани муҳоҷирони корӣ чӣ буд?

x
Ҷаноби Марков дарҳол худро аз ин масъала канор кашид ва гуфт, ки  “ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва Кумитаи равобити байналмилалӣ ба  нашри китобча ҳеҷ рабте надоранд. Ин дастурро як созмони ҷамъиятӣ таҳия кардааст", - гуфт ӯ.
Аммо ӯ ҳамзамон аз суоли ман, ки оё ба шакли ҷорӯбу асбоби рангубор ба намоиш гузоштани муҳоҷирони корӣ бахше аз сиёсати  "Таҳаммулпазирӣ" аст, гуфт, “Истифодаи комикс мисли дигар жанрҳо роиҷ аст ва ҳеҷ бадие надорад. "Агар далел ин аст, пас чаро намояндагони Русия ба шакли одам тасвир шудаанд?" - пурсидам аз ӯ. Ин суоли ман ба ҷаноби Сергей Макаров хуш наомад, ки маро ба "провокация" муттаҳам кард. "Гузашта аз ин гуфт ӯ, ин дастур бо намояндагони муҳоҷирон ҳамоҳанг шудааст, аз ҷумла бо созмони “Тоҷикхориҷакор”. “Агар фаъолияти созмонҳои ихтиёрӣ бо Кодекси ҷиноӣ мухолифат накунад, мо онро манъ ё сензура намекунем”, гуфт ӯ. Ҷавоби ҷаноби Макаров маро қонеъ накард ва ман масъаларо ба таври дигар матраҳ кардам. Ман аз ӯ пурсидам, ки агар дар Душанбе китобчае нашр шавад ва дар он сокинони Русия ба шакли блинчик ё пирожки тасвир шавад, шумо намеранҷед? Сергей Марков дар ниҳояти баҳси доғи мо гӯё розӣ шуд, ки ҳангоми иҷрои ингуна корҳо онҳо бояд нозукиҳои ахлоқиву этикии мардумони мухталифро ба эътибор гиранд.
 
Сӯҳбати баъдии мо бо муаллифи тарҳи "Справочник трудового мигранта"   Глеб Панфилов, буд, ки аз масъулони созмони ҷамъиятии «Взгляд в будущее» аст. Ин созмон худро як ташаккули мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирон меномад ва талош дорад, суръати рушди  вируси СПИД-ро дар миёни муҳоҷирон коҳиш диҳад.
 
Глеб Панфилов ба саволи ман дар бораи тасвири муҳоҷирон дар шакли ҷорӯбу шпател гуфт, “Инҳо муҳоҷир нестанд, инҳо қаҳрамонҳои брошюра ҳастанд". Глеб Панфилов гуфт, ки ин тарзи баёни мавзӯъ ба хотири қабули беҳтари мӯҳтаво  “дар китобҳои бачагона истифода мешавад". Ӯ низ чун ҳамсӯҳбати қаблӣ таъкид кард, ки китобча қабл аз нашр бо намояндагони муҳоҷирони корӣ ҳамоҳанг шудааст.  “Мо ба ҳеҷ сурат ҳадаф надоштем ба иззати нафси касе бирасем". Баҳси мо 15 дақиқа тӯл кашид ва гаштаву баргашта ба масъалаи обурӯву имиҷи муҳоҷирон дар чашми шаҳрвандони Русия ва масъулони  “Раҳнамои   муҳоҷири корӣ” бармегашт. “Машварати ман ин аст, ки матнро тавре ҳаст гузоред, вале аксу тасвирҳоро дигар кунед”, гуфтам ба Глеб. “Хеле хуб, пас мо бояд онҳоро тавре ҳаст, яъне чеҳраи сиёҳак кашему баъд бо мухолифати зиёди дигар рӯбарӯ шавем?”, гуфт ӯ.   Ин дафъа ман нороҳат шудам, ва гуфтам, ки "шумо ҳоло нохудогоҳ садҳо ҳамватану ҳамсояи маро таҳқир кардед ва бо ин ҳам ҳатто дарк намекунед, ки ин гуна бархурд ба қонунҳои маданиву башарӣ мухолифат мекунад”.   
 
Глеб танҳо дар дақиқаи 12-уми сӯҳбат ба истилоҳ таслим шуд. Ӯ гуфт, “ман шуморо хуб фаҳмидам ва бо шумо комилан розӣ ҳастам”. “Ман, чун  шахсе, ки барои ҳуқуқи инсон мубориза мебарам ва ҷонибдори адолат ҳастаму ба ҳеҷ сурат намехоҳам касеро ранҷонам, ба хусус онҳоеро, ки дар кишвари мо дар шароити маҳрумият ва беҳуқуқӣ кор мекунанд, тасмим мегирам, ки дар идомаи барномаамон ҳама корро хоҳем кард, ки назару андешаҳои ҳама гурӯҳҳо ба эътибор гирифта шавад. Коре кунем, ки бовазну санҷидашуда бошад ва ҳоло ман фаҳмидам, ки на ҳама методҳо ба кор мерафтааст”.
 
Вақте ман ин гузоришро таҳия мекардам, мехостам бовар кунам, ин баҳсҳо ҳадди ақал метавонанд назари як нафарро ба муҳоҷирон дигар мекунанд. Аммо вақте аз Глеб Панфилов ин номаро гирифтам, бовар кардам.

"Еще раз, добрый день, Хиромон!
Спасибо за Ваши комментарии и переживания. Они на самом деле очень важны для нас.

С уважением.

Панфилов Глеб Роальдович"
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Исмоили Сомони аз: Бухоро
19.10.2012 17:56
Боз мегуям: Кадами номубораки Махмуд, гар ба дарё расад барорад дуд.
Вакте русхо ба сарзамини мо - Осиёни Миёна даромада буданд, бехуда авлоду гузаштахои бофархангу бомаданияти мо хамон вакт аз ноилочи, тарки Ватан наркардаанд. Ай мардуми точик, ба русхо бовар накунед. Куллан ва хамеша мо - точикхои бечораю беилочро фиреб медиханд. Мо бошем аз ноилочи хамеша аз омадани ВВП - Путин хурсанд мешавем. Такрору ба такрор моро фиреби руирост медихаду мо бошем такрору ба такрор аз омадани у хурсанд.
Кучоанд он мушовирони давлатии мо ки 85%-и сахмияхои Сангтуди 1-ро ба Русие "гузашт" карданд. Ин хиёнат ба Ватан аст. То хаёт бокист, ин 85%-и фоидаи Сангтудаи 1 ба чайби русбачахо меравад. Хол он ки мо мухточем, на онхо, ки гуё "бародару шарики стратегии мо" бошанд. Ин катра аз бахрест оиди сармоягузорихои рус. Эътимод накунед, накунед ва боз накунед ва .....
Дар посух

Ном: бобои исмоил аз: самарканд
19.10.2012 21:59
асалом бобочон о инхо рус нестанд хамон русхоро хам уно масхара мекунанд байни милатхо зидият меандозанд ягон рус ба точик бадбини надорад валохи агар бовариат биеяд хамаи он нафароне ки ба зиди мухочирон конун мебароранд бинед кихоанд ленин ки буд хозир ленини 2юм удалсову немсову дигару дигар пайдо шудааст уно бо ин корхояшон русхоро ба мухочирони осиею дигарон чалб мекунанд илтимос боварам кунед чопаш бикун
Дар посух

Ном: Абулкосими Фирдавси аз: Тус
24.10.2012 10:00
Сад дар сад бо ту розиям!
Кош замоне мешуд, ки ин хоинони миллат, мушовирони бесари давлати чазо медиданд!!!

Ном: Шам
19.10.2012 18:07
Чунин шахсони миллатдуст, барои ман кахрамонанд, на он нафароне, ки никоби миллатдустро кашида худро кахрамон метарошанд!!!
Дар посух

Ном: Мухочир аз: Москва
20.10.2012 12:55
... "Гузашта аз ин гуфт ӯ, ин дастур бо намояндагони муҳоҷирон ҳамоҳанг шудааст, аз ҷумла бо созмони “Тоҷикхориҷакор”....Хохиш мекардам ОЗОДИ аз ЧУНИН"кахрамонони"миллати точик низ ёдовар шуда ному насаби ИН БЕВИЧДОНУ БЕШАРАФУ БЕСАВОДУ; БЕФАРОСАТХОРО низ чоп кунед то миллат "кахрамонони"хешро шиносад!Ва аз онхо низ як интервью гиред!Хама он ходисахоу ки ба миллати точик мешавад дар РФ,хуккумати Рахмон гунахкор аст,ки дар муддати 20 сол миллати хеш,халки худро дар ба дар карду,фарзандхои бешуморашу,домодхои бехисобаш дар РТ шохона зиндаги доранд!Миллат бошад тамом дар гуломи!Акалан ин хукумати зидди халки сухане дар ин бора овоз баланд намекунад!Шармандахо!Хохиш мекунам РО чоп Кунед!

Ном: bejan аз: Dushanbe
19.10.2012 19:40
Офарин Хиромон!!! Мехнати арзанда карди!!!

Ном: 99
19.10.2012 20:09
Ман намефаҳмам, ки "дар Русия 30миллион муҳоҷири корӣ ҳаст", мегӯянду, фақат тоҷиконро масхара мекунанд. Оё миллатҳои дигар ҳам дар ҳамин бора ҷанҷол карда бошанд?
Умуман, худи русҳо оё ба оина ба худ назар намекунад, ки ба чӣ монанданд?
Бовар кунед, ки ҳама ва худи русҳо ҳам хуб медонанд, ки обрӯяшон дар ҷаҳон хеле паст рафтааст.
Як ба Аврупо равед ё Амрико ва ҳатто ба давлатҳои пасошуравӣ, ки бинед онҳоро ба ғайр аз Тоҷикистон дар ҷое ҳурмат намекунанд. Тоҷикони мо аҷаб мардумоне ҳастанд.
Дидаву дониста "морро дар доман" мепарварем.
Бинед, боз мегазад ва боз мегазад. Мо бошем, лаб мегазем ва коре аз дастамон намеояд.

Ном: Барзу
19.10.2012 20:11
Апи Хиромон шумода гап нест! Рахмати калон ки инхоро мат кардед!
Дар посух

Ном: Салим аз: Душанбе
19.10.2012 22:29
Гуфтаниям ки агар касе диккат дода бошад дар Россия хело вакт шудаастки мухочирони мехнатии точикро ва умуман осиеро дарбайни худи миллати рус хамчун хизматгорон (Чи хеле ки замони подшохишон доштаанд) ном мебаранд ва байни худ тамасхуре низ мекунанд.Набошад 15 дакика шахсеро фахмонда доданд ки у худ бо мухочирон ва холати онхо сару кор дорад.чи маъно дорад ?Ва боз дар рафти гап тахкир низ кардааст ,,сиех кашем ".Ва боз касе мушохида карда бошад аз мо дида ба мардуми Африко ки дар асл аз мо сиехтаранд нагз муомила мекунанд.Хело вакт шудааст ки мардуми рус дар хонахояшон хизматгорони точик доранд ва холатхое хастанд ки занхои точикро он ,,баринхо" истифода мебаранд ва лозим шавад мезананд ва боз хучатхояшонро намедиханд ва гап задан хам намемонанд.Хулоси калом метарсам ки халки точик ба ин гуломи таи ин чандсолахо омухта шуда гурурашро гум мекунад.Ба Хиромон ва У барин Шахсон ахсан мегуям рахмат!

Ном: Насрулло аз: Бухоро
19.10.2012 21:14
Офарин ба рузноманигори механдуст Хиромон Бакозода, худо ёратон!

Ном: Беном
19.10.2012 22:25
Агар хубтар ахамият медодед медидед, ки харфхои точики дар он брошюра нест ва аз хатогихо пур аст

Ном: debian аз: Russia
20.10.2012 08:05
Достали уже своими издевательствами!!! Сделайте визовый режем в конце концов.
Дар посух

Ном: dervish аз: moskva
23.10.2012 23:53
виза это спасения таджикской наций от позора!!!!!!!!!!!!
каждый должен требовать и воевать за визовый режим!!!!!!

Ном: шамс аз: душанбн
20.10.2012 09:49
рахмат апаи хиромон

Ном: Ризо аз: Ш. Душанбе
20.10.2012 15:07
Офарин Хиромон кореро анчом доди, аксари мардуми мо ин тахкири зери пардаро, аслан, дарк намекунанд... Бори дигар ва мудом ба Шумо Ахсант , ки бо назари басо жарфу нозуки худ аз ин тавхинхо 3 мардуми мазлумгаштаи хамсояро огох карди. Уведмандем дар оянда хам ин бечорагони шадидан ниёзмандро хамвора аз тахкирхо хушдор бидихи ва хамзамон ба унвони як пайванди мухимми чисмашон пуштибони бинамои. Боки вассалом
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Писандидаҳо