Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони бинои 30-ошёнаи Бег Зуҳуров ба ҷойи "Почтаи марказӣ"


​Баъд аз чанд муддати дур шуданаш аз саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон, Бег Зуҳуров - раиси Хадамоти алоқа ҳангоми шурӯи сохтмони бинои 30-ошёна дар маркази Душанбе пайдо гардид.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бинои 30-ошёна, сохтмони баландтарин дар кишвар, ки маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа унвон дорад, бо 630 миллион сомонӣ дар се соли оянда бунёд хоҳад шуд. Сохтмони ин бино рӯзи 17 апрел бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Зуҳуров - раиси Хадамоти алоқа баргузор шуд, аммо ифшо нагардид, ин 630 миллион сомониро кӣ ё кадом ниҳод пардохт хоҳад кард?

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, маҷмааи нави Хадамоти алоқа аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25-ошёна иборат буда, "барои Хадамоти алоқа, идораҳои марказии Тоҷиктелеком ва Почтаи тоҷик пешбинӣ шудааст”.

Ин сохтмон дар ҷои пешинаи бинои "Почтаи тоҷик" ё почтаи марказӣ бунёд мегардад, ки соли 2012 тахриб шуда буд. Оҷонсии сохтмону меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон се соли пеш гуфта буд, ин тарҳ

дар чаҳорчӯби барномаи ободонии шаҳри Душанбе сурат мегирад ва дар ҷойи "Почтаи марказӣ" бинои нави Хадамоти алоқа, дар ҷойи бинои "Кохи Ҷомӣ" сохтмони вазорати фарҳанг ва дар ҷойи бинои телевизиони “Сафина” иморати нави Кумитаи телевизион ва радио бунёд мегардад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, бар асоси нақшаҳои пешакӣ идораҳои марказии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳам хусусии соҳаи алоқа метавонанд дар ин бинои 30-ошёна ҷойгир шаванд ва ё намояндагиҳои худро боз кунанд. "Дар 5 ошёнаи аввали биноҳо ҷойгир намудани марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои садҳо ҷойи корӣ хоҳанд буд. Танҳо дар вақти сохтмони ин биноҳо беш аз 600 нафар бинокорон бо кор таъмин мешаванд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд,"-омадааст дар хабари торнамои расмии раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин ки маҷмаа дар паҳлӯи майдони марказии пойтахт ҷойгир аст, барои ба талаботи муосири шаҳрсозӣ мувофиқ кардани он ба масъулон дастур додааст, тарҳи сохтмони биноҳои мазкур аз нав такмил дода шавад.

Ин дар ҳоелст, ки Алибек Бекназаров -- масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 31 июли соли гузашта дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта буд, сохтмони бинои сиошёнаи онҳо соли 2014 оғоз мешавад. Дар посух ба ин суол, ки оё сохтмони бинои 30-ошёна дар Душанбе хавф надорад, оқои Бекназаров гуфта буд, мақомоти зирабти Тоҷикистон барои бунёди ин бино иҷозат дода ва се ширкати алоқаи мобилӣ ҳам барои саҳмгузорӣ дар он изҳори омодагӣ кардаанд, вале аз он ширкатҳо ном набурд.

​Дар ҳоли ҳозир баландтарин бино дар пойтахти Тоҷикистон, "Душанбе-Плаза" аст, ки аз 23 ошёна иборат буда, дар айни таҷлил аз 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар чор соли пеш ба истифода дода шуд. Кори сохтмонии ин биноро ширкати мутааллиқ ба Зайд Саидов анҷом дода буд, ки дар парвандаҳояш номи "Душанбе-Плаза" низ зикр ёфтааст.

Аммо бинои 30-ошёна севумин сохтмони бино дар Тоҷикистон аст, ки ба Бег Зуҳуров раиси Хадамоти алоқаи кишвар нисбат медиҳанд. Дар гузашта ӯ дар пойтахт як бинои варзишгоҳро сохта ба истифода додааст ва ду соли пеш эълон карда буд, дар Кӯлоб бинои 16-ошёна месозад.

Сохтмони нахустин бинои 16-ошёна дар маркази шаҳри Кӯлоб тобистони соли 2013 оғоз шуда ва Нуриддин Бозоров, сармеъмори ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин бино бо маблағи шахсии Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.
Баландтарин бино дар шаҳри Кӯлоб аз нӯҳ ошёна иборат буд ва дар сурати сохта шудан ин аввалин бинои 16-ошёна хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG