Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидамир Зуҳуров: Хеле шодам, ки ба нафақа баромадам


Акс аз соли 2011
Акс аз соли 2011

Сардори собиқи Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар сӯҳбати кӯтоҳ бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар нафақа ният дорад бо тарбияи наберагонаш машғул шавад.

Саидамир Зуҳурови 65-сола бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 2 феврал аз мақоми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумат бо сабаби ба нафақа баромадан озод шуд. Ҷои ӯро дар ин мақом Хайриддин Абдураҳимов гирифт, ки дар гузашта раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст. Дар як тамоси телефонӣ, Саидамир Зуҳуров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ният дорад вақташро дар ҳалқаи хонавода гузаронида, бо тарбияи набераҳо машғул шавад.

Вай гуфт, “се-чор моҳи наздик дар хона истода, бо набераҳо машғул мешавам, дар хона ҳам кор дорам. Агар ҳам ният доштам, ки хотираҳоямро рӯи коғаз биёрам, ҳатман шуморо хабар мекунам”. Саидамир Зуҳуров солҳои охир аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунад ва дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Озодӣ рӯзи 2 феврал танҳо таъкид кард, ки баромадан ба нафақа яке аз орзуҳои деринаи ӯ буд.

“Ба нафақа баромадан худ як давлати калон аст. Ман аз ин чиз бисёр хурсанд ҳастам. Шукронаи халқу миллату ватан мекунам, ки нисбти ман эҳтиром доранд. Ҳар коре, ки аз дасти ман меояд, барои ин халқу миллату ватан дареғ намедорам”. Саидмаир Зуҳуров яке аз собиқадорони соҳаи амният ва меъмори асосии сохтори Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият мешуморанд.

Аз ӯ то кунун ба ҳайси кадри ҳирфаӣ ва таҷрубадор ном мебаранд ва борҳо дар матбуоти Тоҷикистон аз корҳои некаш ёдовар шудаанд. Яке аз корнамоиҳои ӯ – озод кардани гурӯҳи журналистони расонаҳои дохиливу хориҷӣ аз дасти силоҳбадастони гурӯҳи тарафдори Ризвон Содиров дар охирҳои солҳои 1990-ум буд. Ҷангиёни марбут ба Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини Тоҷикистон хабарнигорони маъруфро чанд рӯз дар гарав нигоҳ доштанд ва намояндагони ҳукумат ба раҳбарии Саидамир Зуҳуров тавонистанд онҳоро зиндаву саломат раҳо кунанд.

Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи он ки ҳамон амалиёти хатарнокро чӣ гуна анҷом дод ва ҳоло аз он ҳодиса чӣ гуна ба ёд меорад? – гуфт, “ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки вазифаамро иҷро кардам. Масъулияте, ки ба дӯш доштам, мувофиқи ҳамон амал кардам. Дар миёни онҳо журналистон ва намояндагони СММ буданд ва онҳо нияти нек доштанд. Ман ҳам танҳо ба ҳамин хотир ба ин кор рафтам. Ман танҳо масъулияти худро иҷро кардам, ки наҷоти одамон буд”. Саидамир Зуҳуров соли 1951 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст, баъди хатми донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе корро аз муаллими фанни таърих дар як мактаби миёнаи ноҳияи Фархор шурӯъ кардааст.

Баъди ду соли кор дар соҳаи педагогика, соли 1977 ба КГБ-и шӯравӣ қабул шуд, мактаби ин сохторро дар шаҳри Минск хатм карда, то соли 1981 дар бахши амнияти вилояти Кӯлоб кор кард. Дар солҳои 1983-1984 бо супориши вижа дар Афғонистон буд. Баъди бозгашт ва як муддат кор дар шӯъбаи КГБ-и вилояти Хатлон, дар соли 1992 дар рутбаи генерал ба мақоми раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Солҳои 1996-1997 вазири умури дохила буд ва баъди ин вазири амният таъин шуд.

Аз декабри соли 1999 то январи соли 2005 муовини нахуствазири Тоҷикистон буд ва баъдан ба раҳбарии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон гузашт. Аз декабри соли 2006 то 2 феврали соли 2016 сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумат буд. Рутбааш генерал-полковник буда, соли 2013 бо ордени “Спитамен”-и дараҷаи аввал мукофотонида шудааст. Соҳиби 8 фарзанд аст.

XS
SM
MD
LG