Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони тоҷикӣ меъёр дорад?


Дар остонаи Рӯзи забон, ки 5-уми октябр таҷлил мешавад, донишмандони тоҷик аз то ҳол ба вуҷуд наомадани як меъёри собити ин забон ва қашшоқии фонди луғавии аксари соҳибони забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.

Бархе аз донишмандони тоҷик мегӯянд, бо гузашти 26 сол аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, то ҳанӯз як меъёри собити ин забон вуҷуд надорад ва аксари мардум ҳангоми баёни фикр мушкилӣ мекашанд. Аз нигоҳи ин донишмандон, бо вуҷуди он, ки хазинаи луғавии забони форсӣ садҳо ҳазор калимаро дар бар мегирад, мардуми оддӣ ва ҳатто мансабдорон низ ба ҳангоми гуфтор вожаи матлубро ба осонӣ пайдо карда наметавонанд. Ҳамин захираи ками луғавии забон боиси он шудааст, ки бахши аъзами соҳибзабонҳо дар бештари маворид аз таркибҳои оммиёнае, ба мисли “вая вай кунед, ки вай шавад” кор мебаранд.

Қутбиддин Мухторӣ, забоншиноси тоҷик чунин тамоюлро ба пойин будани маърифати мардум бастагӣ медиҳад ва мегӯяд, то он даме ки худи соҳибзабонон ба дарки истифодаи дурусти меъёрҳои забон нараванд, танҳо бо танқид кардан гуфтор ва навиштаҷоти онҳо тағйир намеёбад: “Вақте сатҳи маърифат хеле пойин аст, талошҳо барои тоза намудани забон самара намедиҳад. Азбаски худи таркиби захираи луғавии аксарият камбағал аст, ҳатто он нафаре, ки аз калимаҳои зарурӣ баҳравар аст ва дар байни мардум ин вожаҳоро истифода мекунад, мардум ӯро намефаҳмад. Ман ду мисраъ аз суруди овозхонеро ба шумо мисол меорам. Ҳамели гардани ту ҳалу вал мекунад, барои диданат дил ҷалу вал мекунад. Наход забони тоҷикӣ имрӯз то ба ҳамин дараҷа камбағал шуда бошад, ки барои тасвири як ҳолати эҳсосотӣ ва ҳусни зоҳирии машъуқа ҳалу вал ва ҷалу вал-ро истифода барем?”

Ин нигаронии забоншинос дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолааш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мардум ва ба хусус наврасону ҷавонон талош мекунанд, ки ба забони давлатӣ сӯҳбат кунанд ва меъёрҳои забонро риоя намоянд.

Ҷаноби Раҳмон мегӯяд, “мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо бо як меҳру муҳаббати хоса, бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доранд, кӯшиш менамоянд меъёрҳои забони адабиро риоя карда, бо забони фасеҳу шоиронаи тоҷикӣ озодона ҳарф зананд ва фикру андешаҳои худро бо ин забони гӯшнавоз ва гуворову дилкаш озодона, равшану возеҳ баён созанд."

Додхудо Саймиддинов
Додхудо Саймиддинов

Дар ин баробар раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ба хотири рушди меъёрҳои забони давлатӣ мутахассисони забоншиносу суханшинос бояд ҷиҳати такмили қоидаҳои забони тоҷикӣ, риояи асолати меъёрии он дастбакор бишаванд.

Вале Додхудо Саймиддинов, доктори илмҳои филология ва раҳбари собиқи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, алоқаи мардум ба омӯхтани забон ва асолати забони тоҷикиро наметавон танҳо бо шиорпартоӣ зиёд кард. Ба гуфтаи ин донишманд, то ба имрӯз дар марказҳои илмӣ масоили марбут ба рушд ва поксозии забон аз унсурҳои бегона баррасӣ намешавад:

“Донишмандони мо ҳамин, ки як рисолаашонро дифоъ карданд, танҳо атрофи масоили дар рисола таҳқиқ кардаашон сӯҳбат мекунанд. Масоили мубрами забоншиносӣ, таърихи рушди забон канор мемонад. Танҳо бо шиор додан намешавад масъаларо ҳал кард. Дар замони Шӯравӣ агар мабодо калимае русиро ғалат менавиштед, қиёмат барпо мешуд. Яъне эҳтиром ба забон вуҷуд дошт. Мо имрӯз Рудакиву Саъдӣ ва Мавлавиро меомӯзем, аммо забонамон саршор аз унсурҳои оммиёна аст.”

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, имрӯз як меъёри собити забони тоҷикӣ вуҷуд надорад ва ҳар кас бо хости худ амал мекунад. Аз тарафи дигар, Саймиддин Додхудоев, ба олуда шудани забони тоҷикӣ бо забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ишора мекунад.

Баҳриддин Камолиддинов
Баҳриддин Камолиддинов

Дар ҳамин ҳол Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, ба фарқ аз ду даҳсола пеш истифодаи забони давлатӣ дар ҷомеа ба ҳар сурат, хеле беҳтар шудааст: ”Забони тоҷикии имрӯзаро бо вазъияти забони солҳои 90-ум қиёс кардан нашояд. Зеро он замон ҳамаи бандҳои қонуни забони давлатӣ татбиқ нашуда буд ва аксарият ҳарос доштанд, ки наметавонанд бо забони давлатӣ сухан гӯянд. Аммо ҳол вазъ тағйир кардааст.”

То ҳанӯз доғ будани баҳсу баррасиҳо дар мавриди меъёри забони тоҷикӣ дар ҳолест, ки аз мақоми давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ 26 сол мегузарад. Тарҳи якуми Қонуни забон дар рӯзи 22-юми июли соли 1989-ум, дар пайи талошҳои як идда аз рӯшанфикрони тоҷик, тазоҳуроту гидиҳамоии ҷавонон ва баҳсҳои шадид дар матбуоти кишвар аз тарафи Шӯрои олӣ ё парлумони вақти кишвар қабул шуда буд.

Тоҷикистон тайи 20 сол Иди забонашро рӯзҳои 22 июл таҷлил мекард, вале парлумони Тоҷикистон 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро низ ба 5 октябр кӯчонд.

XS
SM
MD
LG