Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маликаи сол" бо талаби пулаш ба додгоҳ рафт


Мавзуна Абдуллоева
Мавзуна Абдуллоева

Ғолиби озмуни "Маликаи сол" дар байни духтарони донишҷӯи шаҳри Хуҷанд ҳоло мехоҳад пули дар ин озмун сарфкардаашро аз тариқи додгоҳ бирӯёнад.

Донишҷӯи ғолиби озмуни “Маликаи сол” дар додгоҳ талош дорад маблағеро, ки донишгоҳ барои иштирокаш дар ин озмун ҷудо карда буду вале надод, бирӯёнад.

Мавзуна Абдуллоева, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст, ки моҳи майи соли равон дар озмуни донишҷӯдухтарони Хуҷанд – “Маликаи сол–2015” пирӯз шуд. Донишгоҳ пардохти хароҷоти иштироки ӯ дар ин озмунро ваъда дода буд, вале то имрӯз пардохт накардааст. Чунки донишгоҳ ин маблағро на мустақиман ба худи ӯ, балки ба як созмони ҷамъиятӣ пардохт кард.

Мавзуна мегӯяд: “Хароҷоти иштирок дар ин озмунро Донишгоҳ бар уҳда гирифт. Вале то баргузор шудани озмун байни мо дар ин бора шартнома набуд. Барои ҳамин аз ҳисоби волидайнам асосан барои харидани матои пироҳанҳо, ки ману модарам дӯхтем, 2.5 ҳазор сомонӣ харҷ кардам. Баъд ба раёсати ҷавонони Донишгоҳ ба маблағи 1895 сомонӣ прайс-лист пешниҳод кардам. Аммо ин маблағро то ҳозир гирифта наметавонам.”

Мавзуна мегӯяд, мушкил аз он сар зад, ки мақомоти донишгоҳ маблағи ӯро на мустақиман ба худи вай, балки ба созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” дар шаҳри Хуҷанд додаанд. Он созмон ҳам, ки бояд пули хароҷоти Мавзунаро пардохт мекард, тӯли 3 моҳи гузашта бо баҳонаҳое аз пардохт саркашӣ кард ва Мавзуна ночор барои рӯёндани пулаш ба Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди вилояти Суғд шикоят бурд.

Оҷонсӣ дар пайи шикояти Мавзуна алайҳи раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” – Ҳасан Холиқов парванда боз карда, барои муҳокима ба додгоҳи Хуҷанд супурдааст. Нигора Назариён, додраси ин ин парванда рӯзи 30–юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” Ҳ. Холиқов аз ҷониби мақомоти тафтишоти аввалия барои аз худ кардани маблағе, ки аз сӯи донишгоҳи барои ширкатгари озмуни “Маликаи сол” пешбинӣ шуда буд, мутобиқи банди 245-уми Кодекси ҷиноӣ ба қаллобӣ айбдор мешавад.

Мавзуна изҳори тааҷҷуб мекунад, ки чаро Донишгоҳ маблағи хароҷоти ӯро мустақиман ба дасти худаш надод, балки созмонеро миёнарав гирифт?

Музаффар Дадобоев, раҳбари собиқи раёсати ҷавонони Донишгоҳ, ки ин муомиларо бо созмони “Ваҳдати ҷавонон” анҷом додааст, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ нахост дар ин бора суҳбат кунад. Ӯ гуфт, аз рӯзи 2-юми сентябр аз вазифаи раҳбари раёсати ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рафтааст.

Ҳарсола баргузор намудани озмунҳои зебоӣ байни занону духтарон ва донишҷӯён дар Хуҷанд ҳудуди 10 сол боз ба ҳукми анъана даромадааст. Мақомот ҳадафи баргузории ин гуна озмунҳоро тарғиби анъанаву либос ва ахлоқи миллӣ, боло бурдани эҳсоси зебоипарастӣ ва тарбияти ватандӯстии сокинон, ба хусус занон арзёбӣ мекунанд. Ин гуна озмунҳо бо маъракаҳои тарғиботии густарда ва то марҳалаи ниҳоӣ давра ба давра баргузор мегардад. Вале маълум нест – ба ин гуна озмунҳо чӣ қадар, аз кадом ҳисоб ва чӣ тавр сарф мешавад.

Мавзуна Абдуллоева нахустин ширкатгар ва ғолиби озмуни “Маликаи Сол - 2015” байни донишҷӯдухтарони Хуҷанд аст, ки мехоҳад бо роҳи қонунӣ хароҷотеро, ки барои иштирок дар ин озмун аз ҳисоби падару модараш сарф кард, рӯёнад. Вай умедвор аст, аз додгоҳ низ чун аз озмуни “Маликаи Сол” пирӯз берун хоҳад омад. Зимнан, пирӯзии вай дар озмуни зебоиро мақомот бо сипоснома ва як чангкашак қадр кардаанд.

Мавзуна зиндадил ба назар мерасад. Вай мегӯяд, хатмкардаи мактаби президентии шаҳри Чкалов (Шоҳкант) аст, ҳоло донишҷӯи соли чоруми бахши суханшиносии факултаи филология аст. Ба гуфтаи худаш, аз кӯдакӣ ба зебоиву ороиш, дӯхтани либосҳои миллӣ ва ширкат дар чунин озмунҳои зебоиву шеъру сухан шавқу ҳаваси зиёд дорад. Хушбахтона, падару модар ва ду бародараш низ ӯро дастгирӣ мекунанд. Либосҳои миллӣ барои иштирок дар озмуни зебоиро Мавзуна ҳамроҳи модараш дӯхтааст.

XS
SM
MD
LG