Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "60% Тоҷикистон ҷонибдори дунявият аст"


Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон бо анҷоми як пажӯҳиш маълум кардааст, ки 60 дарсади мардуми кишвар ҷонибдори низоми дунявӣ ҳастанд.

Тибқи як пажӯҳиш, ки онро Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон анҷом додааст, 60 дарсади мардуми кишвар ҷонибдори низоми дунявӣ ҳастанд. Бар пояи ин гузориш, аммо дар ин баробар танҳо 12 дарсад гуфтаанд, ки мехоҳанд дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ кунанд.

Пажӯҳиши мазкур дар ҳама минтақаҳои кишвар анҷом шуда ва 1584 нафар сокинони синну соли мухталиф ширкат намуда ба 11 суоли марбут ба масоили исломшиносӣ посух гуфтаанд. Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 29-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пажӯҳиши мазкур ба ҳадафи фаҳми зеҳнияти мардуми кишвар анҷом шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Баротзода ин пажӯҳиш баёнгари он аст, ки то ҳанӯз теъдоде аз сокинон масъалаи аз ҳам ҷудо фаъолият намудани дин ва давлатро хуб дарк накардаанд.

Вай афзуд, ки яке аз вазифаҳои Маркази исломшиносӣ ҳамчун ниҳоди илмӣ - таҳлилӣ доир намудани омӯзишҳои сотсиологӣ ва назарсанҷиҳо дар байни қишрҳои мухталифи кишвар мебошад ва ин кор солҳои 2014-2015 аллакай анҷом ёфт: "Бояд қотеъона гӯем, ки тарафдорони бунёди давлатдории дунявӣ дар кишвар ҳудуди 60 дарсадро ташкил медиҳад. 12 дарсад тарафдори ҳокимияти динӣ буда, боқимонда дар посух ба сулҳои пешниҳодшуда мушкил кашидаанд. Ин омӯзиш нишон медиҳад, ки аслан огоҳии комил доштан аз сохти давлатдорӣ, низоми дунявияти ҳокимияти сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳоло ҳам заиф аст.”

Натиҷаҳои як пажӯҳиш -- тоҷикҳо бештар тарафдори дунявият будаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:38 0:00

Ҷаноби Баротзода бар инаст, ки таффакури дунявият ва эътиқоди динӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар дар “муборизаи доимӣ ” қарор доранд. Ҳатто ба гуфтаи ҷаноби Баротзода, бо гузашти 24 сол аз касби истиқлоли Тоҷикистон, ҳанӯз бо боварӣ наметавон гуфт, ки дар зеҳн ва тафаккури мардум масъалаи низоми дунявият ва созандагӣ бориз аст. Ҳарчанд бар пояи назарсанҷиҳо, бахши умдаи аҳолии Тоҷикистон ба зиндагӣ дар ҷомеаи дунявӣ бартарӣ медиҳад ва аз тундравии мазҳабӣ дурӣ меҷӯянд.

Раҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз ҷумла афзуд, ”бояд эътироф кард, ки дар ҳар гуна ҷомеа, се гурӯҳи калидӣ, яъне аққалияти созанда, оммаи васеъи мардум ва ақаллияти разманда мавҷуд аст. Вақте дар ҷамъият хурдтарин гурӯҳҳои норозӣ вуҷуд дорад, вазифаи асосии ниҳодҳои қудративу таълимӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки бо ин унсур ҳамаҷониба кор баранд, то ки аз мисли рӯйдоде, ки дар ибтидои моҳи сентябр дар Тоҷикистон рух дод, ҷилавгирӣ шавад. ”

Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар ҳоле аз анҷоми пажӯҳиши худ хабар медиҳад, ки соли пеш Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар пайи назарсанҷияш эълон дошт, 87 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз ифротгароии исломӣ нигаронанд ва беш аз нисфи ин мардум зидди сохтани давлати исломӣ ҳастанд. Дар ин миён 7 дарсади пурсидашудаҳо иқрор кардаанд, ки хоҳиши зиндагӣ дар ҷомеаи исломиро доранд.

Чаро бештари мардум мехоҳанд дар ҷомеаи дунявӣ зиндагӣ кунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Ҳарчанд пажӯҳишҳо аз бартарии дунявият дар миёни ҷамъияти Тоҷикистон дарак медиҳад, аммо тибқи омори расмӣ 97 дарсади ҷомеаи Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳад. Аммо бо гузашти 20 сол аз расман дунявӣ эълон шудани Тоҷикистон, маҳфилҳои илмиву сиёсӣ то имрӯз ба ин натиҷа расидаанд, ки низоми дунявият дар кишвар ба чолиш гирифтор шудааст.

Идеологҳои давлати Тоҷикистон мегӯянд, бояд ислом дар кишвар аз тундгароӣ раҳонида шавад. Коршиносон ба ин андеша зид нестанд, аммо шеваи иҷрои онро бетаъсир ва ҳатто зиёновар меноманд. Коршиносоне, ки аз татбиқи дунявиятгароӣ ё секуляризми миллӣ ҷонибдорӣ мекунанд, мегӯянд, ифротӣ шудани мусулмонони Тоҷикистон суботи ҷомеа ва куллан давлатдории миллиро бо хатар рӯбарӯ мекунад.

Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон воқеан аз соли 2000 ба 2008 як раванди исломишавӣ бо кӯшишҳои уламои маъруф ва Ҳизби наҳзати исломӣ мушоҳида мешуд, аммо аз он ба баъд ҳукумат, аз ҷумла бо эълон кардани Соли Имоми Аъзам ин ташаббусро ба дасти худ гирифт.

Ба қавли онҳо, раванди дунявисозӣ аз соли 2011 ба ин сӯ ба ихтиёри қудратиҳо гузашт, ки то ҷое бо пахш кардани наворҳои фаҳш дар бораи алоқаҳои маҳрамонаи қишри, ба истилоҳ, муллоҳо, тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон маҳдуд шудааст ва ба обрӯи байналмилалии кишвар ҳам латма мезанад.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ зимни мулоқот бо донишмандон, адибон ва аҳли ҳунар аз онҳо хост, дар таҳияи назарияи рушди миллии кишвар то соли 2050 ширкати фаъол дошта бошанд ва мамлакат бо мадади онҳо роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва самтгирии афкори миллиро тарҳрезӣ кунад.

Ҳамзамон ӯ шарт низ гузошт, ки ин рушд бояд бар асли дунявият асос ёбад. Вай мафкураи ҷамъиятии кишварро барои даҳсолаҳои оянда “тафаккури милливу дунявӣ” номид, ҳарчанд арҷгузорӣ ба дину мазҳабро низ як ҷузви он хонд.

XS
SM
MD
LG