Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқи сарбозони Русия сокинонро 4 рӯз дар ҳафта "ҳабси хонагӣ" кард


Ҳаёт дар зери оташи сарбозони рус
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00

Ҳаёт дар зери оташи сарбозони рус

Раиси ноҳияи Шӯрообод аз сокинони «Мумирак» дар ҳамсоягии тамрингоҳи пойгоҳи 201-и Русия даъват кард, ки рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа аз хонаҳояшон набароянд.

Сар аз 1 июл сарбозони пойгоҳи Русия машқҳои низомиро оғоз кардаанд ва маълум нест, ки ин тамрин чӣ қадар идома мекунад. Мақомот ба сокинони рустои Дараи об, ки ҳудудан 500 хоҷагӣ дорад, гуфтаанд, ки танҳо дар рӯзҳои шанбе, якшанбе ва душанбе метавонанд, аз хонаҳои хуб бидуни ҳрос берун шаванд ва аз пайи кору бори зиндагӣ бошанд.

Аммо сокинон мегӯянд, ин ҳам илоҷи кор нест, тирҳои тамрингоҳ онҳоро на таҳно дар кӯча, балки балки дар даруни хонаҳояшон низ зистан намегузорад.

Имомназар Зокиров, сокини ин деҳа рӯзи душанбеи 27 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ рӯз қабл ҳангоми хӯроки нисфирӯзи як як тири дайду боми онҳоро шикофта, ба табақи ғиизои фарзандаш афтидааст. Ӯ мегӯяд, кори мардуми деҳ асосан дар беруни русто дар замину саҳро аст ва "агар сокинон ин рӯзҳоро ба хонашинӣ гузаронанд, дар зимистон чӣ мехӯранд?"

Бо афзоиши бархӯрди тирҳои дайду ба бому дари мардуми рустои Дараи об раиси ноҳия Шӯрообод ба сафорати Русия дар Тоҷикистон расман нома фиристод, ки мутаваҷҷеҳи тирпарронии сарбозон бошанд ва амнияти мардумро халалдор накунанд. Як моҳи пеш сокинони Мумирак аз қатъ шудани тирпаррониҳо дар тамрингоҳ изҳори хурсандӣ карданд ва гуфтанд, ки чанд муддат боз озодона дар рустои худ гаштугузор мекунанд. Аммо тамринҳои тозаи сарбозои рус боз сар шуд ва зиндагии мардумро талх кард.

Амирхон Икромзода, раиси ноҳияи Шӯрообод душанбеи 27 июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, онҳо расман сафири Русияро ба Шӯрообод даъват карда, аз ӯ хостаанд, ки вазъиятро бо чашми худ бубинад. Аммо то ҳалли ин мушкилот раиси ноҳияи аз сокинони рустои атрофи тамрингоҳ даъват кардааст, ки аз рӯзи сешанбе то рӯзи ҷумъа аз хона берун нараванд. Ин мақоми маҳаллӣ гуфт, ки дар пайи гузориши расонаҳои дохиливу хориҷӣ сарбозон самти тирпарониро як муддат дигар карда буданд, аммои тайи як моҳи ахир тирҳо боз рӯи деҳкада мерезанд.

Ҳаёт дар зери оташи сарбозони рус
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00

Ҳоло дар деҳаи Дараи об хонае нест, ки аз тири сарбозони рус зарар надида бошад. Дар пайи тамрини онҳо дар панҷ соли ахир ҳудуди 1000 гектар замини ғаллазор оташ гирифта, садҳо сар чорпоёни сокинон ба ҳалокат растдааст.​ Зайдулло Наимов, сокини дигари русто ба Озодӣ гуфт, хонае намондааст, ки аз тири сабзони дивизияи 201 зарар надида бошад. "Аз ин рӯ, ба хулосае омадаем, ки дару тиреза пушт ба тамрингоҳ бошад,"-- гуфт Зайдулло Наимов.

Ба дунболи номаи раиси ноҳия сафири Русия дар Тоҷикистон аз деҳоти атрофи тамрингоҳ боздид ба амал овард ва ваъда дод, ки ба мушкили мардум расидагӣ мекунад. Аммо баъди рафтани ӯ, рӯзи 17 июл бар асари рехтани тир ба болои боми сокинони деҳаи Дараи онҳо аз тарс иди Рамазонро дар хонаҳои ҳамсоя гузаронанд.

Деҳаи Дараи об дар даҳкилометрии тамрингоҳи «Мумирак» ҷойгир буда, бо доштани 500 хоҷагӣ дар ҳудуди Шурообод калонтарин деҳа ба шумор меравад. Дар паи афтидани тирҳои сарбозони рус дар ин деҳа дар ҳудуди 15 соли ахир 11 нафар ҷони худро аз даст садҳо сар чорпоён талаф ёфтаанд.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, то чанд муддати дигар теъдоди сарбозону афсарони худ дар ин пойгоҳро то ба 9 ҳазор нафар хоҳанд расонд.

XS
SM
MD
LG