Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: ДОИШ қасд дошт, ки 12 идораи пулисро дар Тоҷикистон тарконад


Бобоҷони Раҷабалӣ
Бобоҷони Раҷабалӣ

​Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз талоши ҷонибдорони гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои таркондани 12 идораи пулис дар Душанбе, Файзобод, Рашт ва Кӯлоб ҷилавгирӣ кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду соҳибкори бозори "Корвон" хабар дод, ки дар ҳамкорӣ бо "Абӯ Саид" ном як узви гурӯҳи "Давлати исломӣ" қасд доштаанд, 12 бинои идораи пулис дар Душанбе, Файзобод, Рашт ва Кӯлобро битарконанд. Яке аз ин соҳибкорон Бобоҷони Раҷабалӣ, зодаи шаҳри Кӯлоб ва дигаре - Садриддин Ҷабборов аз ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

Ҷалодиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, нақшаи таркондани бинои идораҳои пулис бояд дар даҳаи севуми моҳи Рамазон анҷом мешудааст. "Аммо мақомот зуд огоҳӣ шуда, аз чунин таркишҳо ҷилавгирӣ карданд," -- афзуд ӯ.

Ба қавли Садриддинов, Бобоҷон Раҷабалии 25-сола тавассути шабакаи "Одноклассники" бо "Абу Саид" ном ҷангии "Давлати исломӣ" иртибот дошта, ӯро "устод"-и худ медонистааст. Худи ӯ дар сӯҳбат бо муфаттишон гуфтааст, ки "Абу Саид маслиҳат дод, кислроду меху сим гирд оварда ва бо сохтани маводи мунфаҷира шӯъбаҳои умури дохилӣ дар Душанбе, Кӯлоб, Файзобод ва Раштро битарконем".

Вай афзудааст, "вақте бо "Абу Саид" гап мезадем, ман ба ӯ хабар додам, ки барои ҷиҳод ба Сурия меравам. Вай гуфт, ту алакай дар ҷиҳод ҳастӣ ва онро дар Тоҷикистон амалӣ кун." Ба қавли ин нафари боздоштшуда, ҳамроҳони дигари онҳо, ки тахаллусҳои "Рӯдакӣ", "Муҳаммад Рӯдакӣ” ва "Файзобод" доранд, бояд 100 баллони кислород омода карда, дар як вақт дар ШКД-ҳои Душанбе, Файзобод, Рашт ва Кӯлоб метаркондаанд.

Феълан Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба Бобоҷони Раҷабалӣ ва Садриддин Ҷабборов парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишотро идома медиҳад.​

Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24 сентябри соли 2013 бо пахши як филми мусатанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатӣ аз боздошти гурӯҳе, ки ба таҳияи "ҳамлаҳои террористӣ" дар Душанбе дар рӯзҳои интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод.

Алимурод Маханов, сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва мулаққаб ба “Устод”, ки раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешавад, дар ин навор эътироф кард, ки онҳо мехостанд, чанд гӯша дар маркази Душанберо “бикафонанд.” Ӯ аз ҷумла аз биноҳои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ном бурд.

Гӯяндаи навор гуфт, Алимурод Маханови 29-сола қабл аз боздошташ алакай чанд амали тахрибкорӣ ва таркишро дар Душанбе анҷом дода буд ва “аз манзилҳои иҷораи аъзои гурӯҳи ӯ дар кӯчаҳои Фучик ва Қаробоев 2 туфангчаи Макаров ва адабиёти ифротӣ, нақшаҳои таркиш ва тарзи тайёр кардани маводи тарканда, воситаҳои мухобира.. ва сарулибоси ҷангӣ барои содир намудани амалиёти тахрибкорӣ дарёфт ва мусодира гардид.” Аммо мушаххасан гуфта нашуд, ки ин таркишҳо аз тарафи Маханов кай ва дар куҷои пойтахт сурат гирифтаанд?

Баъдан, моҳи марти соли 2014 Додгоҳи олии Тоҷикистон Алимурод Махановро ба 21-умин соли зиндон маҳкум кард.

Видео предоставлено МВД Таджикистана:

XS
SM
MD
LG