Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушӣ... баъд аз танқиду таҳдид дар ҷаласаи ҳукумат


​Як кишоварзи 29-сола баъд аз он ки барои буд карда натавонистани нақшаи ҷамъоварии ғалла танқид ва аз сӯи ҳокиму додситон таҳдиди ба зиндон рафтанашро шунид, худкушӣ кардааст.

Нодирбек Ҳайдарови 29-сола, раҳбари хоҷагии деҳқонии "Ҳасанбой-ҳоҷӣ Баракат" дар вилояти Андиҷони Узбакистон баъд аз танқид шуниданаш дар як ҷаласаи ҳукумати маҳаллӣ худро ба дор овехтааст. Бахши узбакии Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар ин вилоят навишт, ки воқеа 2 июли соли ҷорӣ рух додааст.

Яке аз ҳамроҳони Нодирбек Ҳайдаров, ки низ дар ҷаласаи ҳукумат иштирок доштааст, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, "дар ҷаласа барои буд накардани нақшаи ғалла ӯро танқид ва таҳқир карданд. Нодирбек имсол ба давлат 25 тонна камтар ғалла супурд. Дар аввал ӯро ҳоким сахт гап зад, баъд додситон. Ҳардуяшон ин кишоварзи ҷавонро ҳатто ба зиндон таҳдид намуданд."

Манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии ноҳияи Избаскани вилояти Андиҷон, ки ҳодиса дар он ҷо рух додааст, худкушии Нодирбек Ҳайдаровро таъйид кард. "Баъд аз ҷаласа ӯро дар ҳоҷатхона кушта ёфтанд. Ягон хел номаи пешазмаргӣ нанавиштааст. Ҳоло парванда боз шудааст ва тафтишот идома дорад," -- афзуд манбаъ.

Яке аз сокинони ноҳияи Избаскан мегӯяд, Нодирбек Ҳайдаров чанд соли охир боз аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи ба дӯшаш гузошта намебаромад ва эҳтимол танқиду таҳдидҳои охир барояш вазнинӣ кардааст. Ба қавли ин манбаъ, мақомоти маҳаллӣ борҳо ба ӯ гуфта будаанд, ки нақшаро аз таги замин ҳам бошад, ёфта пур кунад.

Бахши узбакии Радио Озодӣ мегӯяд, барои дарёфти шарҳи пурратари ин ҳодиса ба ҳокими ноҳияи Избаскани вилояти Андиҷон - Улуғбек Абдуллоев муроҷиат кард, аммо ӯ баробари шунидани номи хабарнигор дарҳол гӯшии телефонро гузоштааст.

Дар тӯли соҳибистиқлолии Узбакистон чанде аз кишоварзон, ки аз ӯҳдаи иҷрои нақша набаромадаанд, ҷаримабандӣ шуда ё алайҳи онҳо парванда боз гардидааст. Бинобар ин, баъзеи онҳо ба ҳангоми буд нашудани нақшаи ҷамъоварии ғалла ё пахта аз кишвар фирор кардаанд ё худкуширо барои худ роҳи наҷот интихоб намудаанд.

Ҳадди ақалл дар тӯли ду соли охир бахши узбакии Радиои Озодӣ аз чор ҳолати худкушии кишоварзон дар минтақаҳои Узбакистон хабар додааст. 17 октябри соли гузашта дар вилояти Хоразм Ҳабибулло Эгамбердиев, ки "план"-и пахтаро буд карда натавонист, аз сӯи ҳоким таҳқир дида ва худро дар хонааш овехт.

22 июни соли ҷорӣ дар вилояти Намангон Қурбонтой Усмонов дар саҳро худкушӣ кард. Моҳи нобяри соли 2013 дар вилояти Сирдарё кишоварзи 54-сола Неъмат Сулаймонов дар пайи афзоиши фишори мақомот ва худи ҳамон сол дар вилояти Самарқанд Исмат Шодмонов баъд аз латту кӯб шуданаш аз сӯи намояндагони ҳукумати маҳаллӣ худкушӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG