Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади нозири Раёсати маҳбасҳо аз рӯдхона ёфт шуд


Акси шиносномаи Ҷӯрабек Дӯстов
Акси шиносномаи Ҷӯрабек Дӯстов

​Ҷасади як нозири Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон, ки ғайб зада буд, аз рӯдхонаи Лучоб пайдо ва ба хок супурда шудааст. Таҳқиқи марги ӯ идома дорад ва то ҳол маълум нест, чигуна ба рӯдхона афтодааст.

Наздикони Ҷӯрабек Дӯстов, нозири Раёсати маҳбаҳсои Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷасади ҷасади ӯро баъди 21 рӯзи нопадид шуданаш аз рӯдхонаи Лучоб пайдо карда ва баъд аз зӯҳри 29 май ба хок супурдаанд. Якборабеному нишон шудани оқои Дӯстов ин сарудсадро ба вуҷуд овард, ки эҳтимол ӯ бо ҳамсоядеҳааш Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ОМОН ба Сурия рафтааст.

Вале аз рӯзи аввал наздиконаш ба ин сарудсадоҳо бовар надоштанд ва бештар ӯро дар кӯҳу пушта ва соҳили рӯдхонаҳо ҷустуҷӯ мекарданд.

Тағойбек Дӯстов, бародари ӯ гуфта буд, дар мавриди гум шудани бародараш ба идоари умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат карда, инчунин, аз ҳукумати шаҳр хоҳиш кардаанд, то барои ҷустуҷӯ оби соҳили Лучобро муваққатан қатъ намояд.

Манобеи Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон низ як ҳафта пеш дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гум шудани Ҷӯрабек Дӯстовро, ки дар ҷойи кораш бо тахаллуси "Дустум" машҳур будааст, тасдиқ карданд. Вале нопадид шудани "Дустум" дар ҳоле ба Сурия пайванд гирифт, ки мақомот дар Раёсати зиндонҳо дар пайи таҳқиқи гум шудани Ҷӯрабек Дӯстов, аз телефони як ҳамкори дигари ӯ маводи ифротгароёна пайдо намудаанд. Манобеи Раёсати маҳбасҳо гуфтанд, наворҳои ифротгароёна дар телефони мобилии як хонуми нозирро дар зиндон ошкор кардаанд ва ӯ дафъатан аз кор сабукдӯш шуд.

Изатулло Шарифов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба Радиоӣ Озодӣ гуфта буд, хонуми нозир бо аризаи худ аз кор рафтааст, аммо нахост, қазияи нопадид шудани Дӯстовро шарҳ диҳад.

Вале сокинони деҳаи Чормағзакон Дӯстовро аз ҳамнишинони Ҳалимов хонда ва гум шудани ӯро ба қазияи гум шудани Гулмурод Ҳалимов пайванд дода буданд. Аммо пайвандони Ҷӯрабек Дӯстов фирори ӯ ба Сурияро хандаовар медонистанд.

Фароғат Холова, ҳамсари Ҷӯрабек Дӯстов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки шавҳараш соати чори рӯзи 8 май аз хона берун шуда ва гуфтааст, ба тӯйи як ҳамкораш меравад: "Баъзе ҳуҷҷатҳояшро гирифта баромад ва гуфт, ки шояд шаб омада натавонад. Соати 9-и шаб занг зад ва гуфт, кинамеояд ва баъди ҳамин дигар телефонаш хомӯш шуд. Ӯ он қадар мазҳабӣ набуд ва гоҳ-гоҳ менӯшид, аммо ба хона дар ҳолати мастӣ намеомад. Овозаи Сурия рафтани ӯ ҳеч ба ҳақиқат рост намеояд."

Ҳоло маълум нест, ки чӣ тавр Ҷӯрабек Дӯстов дар рӯдхона ғарқ шудааст ва мақомот мегӯянд, ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Ғайб задани як нозири раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00

XS
SM
MD
LG