Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осоишгоҳи маъруфи "Зумрад"-ро ба 1 миллион $ мефурӯшанд


Ҳукумати Тоҷикистон осоишгоҳи бузург ва маъруфи «Зумрад» воқеъ дар шимоли кишварро ба фурӯш гузоштааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо идомаи барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ, осоишгоҳи «Зумрад» дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари шаҳри Исфараро ба фурӯш гузоштааст. Осоишгоҳи мазкур дар ҷанубу ғарби водии Фарғона, дар соҳили рӯдхонаи Исфара дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Варорӯд воқеъ аст ва яке аз бузургтарин марказҳои табобатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ эълон кард, ки музояда барои фурӯши «Зумрад» рӯзи 10 июн дар Душанбе баргузор мешавад ва хориҷиён ҳам ҳақ доранд, дар ин музояда ширкат кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи апрели имсол иҷоза додааст, ки осоишгоҳи «Зумрад», ки то кунун ҷамъияти саҳҳомӣ ва моликияти давлат ба ҳисоб меравад, хусусӣ карда шавад.

Нархи ибтидоии осоишгоҳ, 6 миллиону 240 ҳазор сомонӣ ва ё тақрибан 1 миллион доллар муайян шудааст ва Кумитаи амволи давлатӣ мегӯяд, «Зумрад»-ро ба касе мефурӯшанд, ки қимати аз ҳама зиёдро пешниҳод мекунад. Осоишгоҳи мазкур дар масоҳати бештар аз 11 гектар сохта шудааст ва дар умум тақрибан 33 ҳазор гектар замин доштааст.

Дар сурати харидани осоишгоҳ, соҳибони нави он бояд чанд шарти ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунанд. Аввал ин дар мӯҳлати се сол барои навсозӣ ва насби технологияҳои наву муосири тиббӣ ва беҳтар кардани хидматрасонӣ на камтар аз 10 миллион сомонӣ харҷ кунад. Дар «Зумрад» на камтар аз 200 ҷойи нави истироҳатӣ ба вуҷуд оварда дар ва дар муддати 3 соли оянда дар осоишгоҳ 100 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд биёрад.

Осоишгоҳи «Зумрад, ки дар аҳди шӯравӣ ва соли 1976 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, яке аз бузургтарин марказҳои табобатӣ ва истироҳатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба инҷо солона то 11 ҳазор нафар сокинони кишвар ва меҳмонон аз кишварҳои шӯравии собиқ барои табобати бемориҳои қалбу роҳҳои нафас, бемориҳои ҷинсии мардона ва бемориҳои меъдаву рӯда меоянд ва ба гуфтаи мақомот, то кунун дар «Зумрад» бештар аз 200 ҳазор нафар сиҳатии худро барқарор кардаанд.

Қарзи осоишгоҳи «Зумрад» то рӯзи 1-уми июли соли 2014 бештар аз як миллион сомониро ташкил медодааст, ки тақрибан 228 ҳазор сомонии он музди напардохтаи коргарон будааст ва 140 ҳазор сомонии он ҳаққи нопардохта ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ. Соҳиби нави «Зумрад» баъди харидани ин осоишгоҳ вазифадор аст, ки ин қарзҳоро бипардозад. Ҳукумати Тоҷикистон аз ин пештар яке аз осоишгоҳҳои нимасохтаи мероси замони шӯравӣ дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор фурӯхт ва хусусӣ кард.

XS
SM
MD
LG