Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 сол боз харидор наёфтани кони нуқраи Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, поин рафтани нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ боиси ноком шудани тендери Кони Мансур шудааст, аммо манобеи Озодӣ мегӯянд, ин баҳс ба ширкати "Казтсинк" марбут аст.

Кони Калони Мансур, ки давлати Тоҷикистон шаш сол боз бо эълони тендер ё музояда барои истихроҷи нуқра аз қаъри он сармоягузор меҷуст, харидоре пайдо накард.

Масъулони давлати Тоҷикистон поин рафтани нархи нуқраро дар бозори ҷаҳонӣ омили аслии ноком шудани ин тендер медонанд. Аммо манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, тендери эълонкардаи ҳукумат бо як моҷаро анҷом ёфтааст, ки он ҳам ба ширкати "Казтсинк"-и Қазоқистон марбут аст. Ин ширкат мегӯяд, коршарикаш дар Тоҷикистон - корхонаи Адрасмон номи онҳоро барои иштирок дар ин музояда, навишта, аммо онҳоро аз ин тендер огоҳ накардааст ва он боиси нофаҳмиҳо дар дохили ширкат шудааст.

Вале Лочин Файзуллозода, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, "бо назардошти баланду паст шудани нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ мо аз татбиқи ин лоиҳа худдорӣ кардем. Ба ин андешаем, ки дар ин шароит иқтисоди Тоҷикистон аз коркарди ин кон суди зиёде ба даст оварда наметавонад."

Тендер ҷиҳати истихроҷи нуқра аз Кони Калони Мансур, ҳанӯз тирамоҳи соли 2009 аз сӯи давлати Тоҷикистон эълон шуда буд.

Сараввал даҳ ширкат барои иштирок дар ин музоядаи эълонкардаи Тоҷикистон ҳуҷҷат пешниҳод карданд. Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Тоҷикистон BHP Billiton, Zijin Mining, JNMC ва консорсиуми ширкатҳо иборат аз "Казтсинком", ҷамъияти саҳомии "Кони Мансур", Glencore Inc ва корхонаи"Адрасмон"−ро ба даври ниҳоии ширкат роҳ дод.

Се ширкати бузурги аввалӣ яке пайи дигар довталабона аз идомаи ширкат дар озмун даст кашиданд. Консорсиуми ширкатҳо зери роҳбарии ширкати қазоқии "Казтсинк" дар ин озмун танҳо монд ва аммо бо ин вуҷуд масъулони Кумитаи сармоягузорӣ умед доштанд, ин ширкат аз тендер даст нахоҳад кашид ва онро ғолиб эълон хоҳанд кард.

Як манбаи муътамади наздик ба маъмурияти ин тендер, ки нахост номаш ифшо шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тендер ноком шуд ва ҳукумат барои истихроҷи ин кон бояд дубора тендер эълон кунад. Вай гуфт, коршарики тоҷикистонии "Казтсинк" - корхонаи Адрасмон бидуни машварат бо аввалӣ аз номи он барои ширкат дар тендери Кони Калони Мансур ҳуҷҷат супурдааст. Ин манбаъ афзуд, ифшо шудани номи “Казтсинк” дар мутбуот ҳамчун иштирокчии тендер роҳбаронашро ҳайратзада карда ва дар ин росто дар дохили ширкат моҷаро бархостааст.

Аммо Мавлон Пӯлодов, роҳбари корхонаи Адрасмон, рӯзи 27 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои ин манбаъро рад кард ва гуфт, сабаби аслии муваффақ нашудани “Казтсинк” дар тендер ихтилофи назар дар баъзе масъалаҳо буд. Вай гуфт: "Тендер якчанд шарт дошт, ки ба он қазоқҳо розӣ нашуданд. Шарт ҳамин буд, ки ду ширкати боқимонда дар тендер ба ҷуз аз сармоягузориҳое, ки мекард дар ин кон бояд ба давлат бонус медод. Яъне, як миқдор пул медод ба давлат. Аммо қазоқҳо ба ин шарт розӣ нашуданд."

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, Кони Калони Мансур аз захираҳои бузурги нуқраро дар миқёси ҷаҳон дар худ дорад ва ширкате, ки ба истихроҷи он мепардозад метавонад то 10 миллиард доллар суд бубинад.

Темуралӣ Авғонов, иқтисоддон ва коршинсони мустақил, ки дар гузашта таҷрибаи баргузор кардани тендерҳоро доштааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин тендер ғолибашро пайдо накард, аммо барои масъулони ҳукумат як таҷрибаи хубе буд. Ӯ гуфт, "ин якумин озмуне байналмилалӣ буд, ки ҳукумат эълон кард. Бо гузаронидани ин тендер мо мутахассиони варзидаро барои минбаъд барпо кардани чунин тендерҳо тайёр кардем. Мо як таҷрибаи хубе барои дар оянда баргузор крадани ин гуна тендерҳо пайдо кардем."

Ҷаноби Авғонов афзуд, Тоҷикистон дар садад аст ба паймони байналмилалии “Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ” пайвандад ва талаботи онро риоя кунад. То кунун 42 давлати дунё ба ин ташаббус пайвастаанд ва дар сурати пурра шомил шудани Тоҷикистон ба ин ташаббус, таваҷҷуҳи ширкатҳои бузург ба конҳои кишвар аз ҷумла Кони Калони Мансур бештар хоҳад шуд.

Мушовири ҳукумати Тоҷикистон дар ташкили ин тендер Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ − IFC буд ва бо кумаки ин созмон арзёбии фаннии Кони Калони Мансур аз сӯи ширкати байналмиллалии Micon Int ва арзёбии ҳуқуқӣ аз ҷониби ширкати White & Case анҷом дода шуд. Бино бар натиҷаи арзёбиҳои охир ҳар тонна маъдани Кони Калони Мансур 50 грамм нуқра дорад.

Ин кон дар ноҳияи Ашт, шимоли Тоҷикистон, аз маъданҳои зиёди мухталиф иборат буда, ҳаҷми умумии онҳо наздик ба 1 миллиард тоннаро ташкил медиҳад ва танҳо нуқра дар ин байн ба 50 000 тонна баробар аст.

XS
SM
MD
LG