Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддин Кабирӣ: "ҲНИТ омодаи кор дар сатҳи ҳукумат аст" (ВИДЕО)


Муҳиддини Кабирӣ ҳангоми посух ба пурсишҳои Хуршеди Ҳамдам (аз рост)
Муҳиддини Кабирӣ ҳангоми посух ба пурсишҳои Хуршеди Ҳамдам (аз рост)

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва вакили порлумон анҷуман ва мавзеъгириҳои пешазинтихоботии ҳизб ва ҳамчунин овозаҳои атрофи онро шарҳ дод.

ҲНИТ бо баргузории анҷуман 28 тан аз номзадҳои ин ҳизбро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ муаррифӣ кард. Ин ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯи порлумонӣ бо ишори “Мо барои Тоҷикистон ва Тоҷикистон барои ҳама” вориди корзор хоҳад шуд. Радиои Озодӣ гуфтугӯи ихтисосиеро бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумон анҷом дод:

Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, бо вуҷуди часпу талошҳо барои пайдо кардани макони муносибе ҷиҳати баргузории анҷуман ва ҷавоби мусбате дарёфт накарда, дар ниҳоят ин маърака дар қароргоҳи ҳизб баргузор шуд. Пас ба истилоҳе “мешудааст –ку”?

Муҳиддин Кабирӣ: Бале, мо ба мақомот барои як толори муносибтаре муроҷиат кардем, то ҷудо кунанд. Чун тақрибан 700 вакил ва беш аз 500 меҳмон барои ширкат дар анҷуман даъват шуда буд. Вале вақте бо мо дар масъалаи ҷудо кардани толор ҳамкорӣ карда нашуд, мо маҷбур шудем, ки анҷуманро дар толори ҳизб баргузор кунем. Теъдоди вакилонро низ то ба 540 нафар коҳиш додем, ки мутобиқ ба ғунҷоиши толори ҳизб аст ва ҳамчунин дигар утоқҳоро низ омода кардем барои меҳмонон ва ҳамин тавр муҷаҳҳаз кардани мониторҳо ва дастгоҳҳое, ки битавонанд ҳамзамон рафти анҷмуанро тамошо кунанд. Албатта, агар ба мо толор ҷудо мекарданд, беҳтар мебуд, чун ин нишонаи ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳзоби сиёсӣ қабл аз интихобот мешуд.

Ҳамон тавре, ки президенти Тоҷикистон таъкид карданд, ки барои ҳама аҳзоб шароити баробар таъмин карда шавад. Шароити баробар, маънояш он аст, ки ҳар шароите, ки барои ҳизби дигар муҳаё мешавад, бояд барои 8 ҳизби сиёсӣ айнан ҳамон шароит муҳаё карда шавад. Дар он сурат ин маънии баробарии шароитро дорад. Агар вожа ё ибораи таъмини шароити баробар мафҳуми дигар дошта бошад, пас бояд ки масъулон инро шарҳ бидиҳанд. Ба ҳамин хотир мо анҷуманро дар бинои ҳизб барпо кардем ва албатта ҳизб имкониятҳо дорад, ки дар ин ҳаҷм чорабиниҳои худро барпо кунад.

Озодӣ: Чун аз ҳамкории ҳукумат гуфтед, соли 2010 дар остонаи интихоботи порлумонӣ макони муносибтаре , яъне толори “Кохи Ҷомӣ” барпои ҲНИТ ҷудо шуда буд, аммо ин навбат ин гуна имконият барои шумо фароҳам нашуд. Шумо инро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Муҳиддин Кабирӣ: Хуб мебуд, агар суол аз мақомоти давлатӣ пурсида мешуд, ки чаро бар хилофи 2010 имсол шароит барои аҳзоб муҳайё нашуд ва онҳо талаботи қонун ва суханони президентро дар бораи таъмини баробари шароит барои ҳама аҳзоб дар ҷараёни интихобот чӣ гуна шарҳ медиҳанд?! Мо ҳам бисёр мехостем, ки аз забони онҳо бифаҳмем, ки чӣ сабаб шудааст ва чӣ далел доранд?

“ҲНИТ фраксияҳои мӯътадилу тундгаро надорад”

Озодӣ: Хуб, дар сари рӯйхати номзадҳо барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ, исми шумо ҳаст ва ва дар ҷойи дуюм номи Саидиброҳими Назар ки дар интихоботи гузашта пойинтар буд. Ҳамин тавр Муҳаммадҷони Нурӣ дар ҷойи сеюм. Дар феҳрати соли 2010 Сайидумар Ҳусайнӣ дар ҷойи дуюм буд. Ин ҷойивазкуниҳо ба хусус ҷойи Саидумар Ҳусайнӣ ба Саид Иброҳими Назар ба чӣ хотир аст?

Муҳиддин Кабирӣ: Бояд барои ҳамагон маълум бошад, ки дар дохили Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон як раванди демократӣ ва хеле ҳам шаффоф мавҷуд аст. Вақте, ки чунин тасмимҳои калидӣ гирифта мешавад, мо дар сатҳи Шӯрои сиёсӣ ба хулоса омадем, ки рӯйхати 40 нафар аз шахсиятҳои сазовори ҳизб ба ҷаласаи раёсати олии ҳизб пешниҳод шавад ва ҷаласаи раёсати ҳизб дар як интихоботи шаффоф ва пинҳонӣ 28 нафарро муайян кунад. Ҳатто ба ҳар як узви раёсати олӣ ҳам салоҳият дода шуд, ки худашон муайян кунанд, ки кадом шахсро дар ҷойи чандум дидан мехоҳанд.

Ин як овоздиҳии комилан пинҳонӣ буд ва баъд аз шуморидани раъйи аъзои Шӯрои раёсати олӣ мушаххас шуд, ки аз ҷоий 1 то 28 киҳо ҳастанд. Дар ҷои дуюм Муҳаммадалии Ҳайит буданд, дар ҷойи сеюм Сайидиброҳими Назар ва ба ҳамин тартиб, Сайидумар Ҳусайнӣ дар ҷои чорум ва дигар шахсиятҳо ба тартиб ҷойҳои худро ишғол карданд. Вале дар мо як фарҳанги бисёр хубе аст, ки баъд аз ин протседураи демократӣ, худи бародар Маҳмадалии Ҳайит изҳор кардаанд, ки омодаанд ҷойи дуюми худро дар ихтиёри раҳбарияти ҳизб бигзоранд ва ҳар касеро, ки муносибу сазовор медонанд дар ҷойи ӯ бимонанд. Ба ин тартиб омода шуданд, ки ба ҷойи пойинтар бигзаранд. Ҳамчунин Сайидумар Ҳусайнӣ ҳам чунин изҳоре карданд. Бубинед, ду нафар, ду муовини раҳбари ҳизб, агарчӣ мақоми баланд дар ҳизб доранд, дар овоздиҳии пинҳонӣ ҳам ҷойҳои баландро сазовор шуданд, худашон довталабона ин изҳоротро карданд ва боз ҳам Шӯрои машваратӣ бо назардошти хидматҳо, дониш ва малакае, ки дигар бародарон доранд, аз ҷумла Сайидиброҳими Назар ҳам, мо лозим донистем, ки эшон дар ҷойи дуюм бошанд ва Муҳаммадҷон Нурӣ, писари бузурги марҳум Сайид Абдуллои Нурӣ ҳам, ки дар ин овоздиҳӣ дар ҷойи шашум қарор дошт, бо машварати аксари аъзоёни ҳизб ва ҳам ба хотири он ки як шахсияти лоиқу сазовор ҳастанд ва воқеан ҳам устоди марҳум ёдашон ба хайр, заҳамоти зиёде барои сулҳу субот ва барои ин миллат кашиданд, ҳизб дар тавофуқ пешниҳоди моро пазируфт, ки дар ҷойи сеюм бошанд.

Муҳиддин Кабирӣ: “Фишорҳо ба ҲНИТ ҷавононро тундгаро кард”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:33 0:00

Яъне як протсеси шаффоф ва демократӣ аст ва шумо ҳам дар анҷуман дидед, ки вакилони анҷуман якдилона инро пазируфтанд ва ин ягон далел ва сабаби пинҳонии дигар надорад. Баъзеҳо ҳадс мезананд, ки гӯё гурӯҳи мӯътадили ҳизб ё ба истилоҳ фраксияи мӯътадили ҳизб дар солҳои ахир сиёсатҳояшон ба мушкилӣ дучор шуда ва ба бунбаст ворид шуд ва ҷонибдорӣ аз тарафи ҳукмат ва мардум наёфт, бештар муҳофизакорон ва ба истилоҳ тундгароёни ҳизб дар рӯйхат ё сатҳи раҳбарӣ хоҳанд омад, ман аслан ба ин гуна таҳлилҳо розӣ нестам. Чун дар ҳизби мо ҳеч гуна фраксияи мӯътадилу тундгаро нест. ҲНИТ дар маҷмӯъ, як ҳизби мӯътадили қонунмеҳвар аст.

Дуруст аст, ки ҳар як шахсият назари шахсӣ ва мавқеи худро дорад, вале ҳамагон дар чаҳорчӯби қонун ва манфиатҳои давлативу миллӣ кор мекунанд ва албатта, ҳаст таҳлилҳо, мо ҳам қабул дорем, ки ин сиёсатҳои наву мӯътадили мо, ки ҳамеша бо муколамаву ҳамдигарфаҳмӣ равона шуда буд, модоме, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ чандон пуштибонӣ наёфт ва дарҳои муколамаву гуфтугӯ боз нашуданд, баъзе аз қишрҳои ҷомеа, тарафдорони ҳизб ва ба хусус насли ҷавон шояд ба ин хулоса омаданд, ки чаро модоме, ки тарафи дигар ҳамеша аз забони зӯриву қудрат истифода мекунад ва ба ҳуҷум мегузарад, раҳбарияти наҳзат доим аз вожаҳои сабру таҳаммулу муколамаву хештаннигаҳдорӣ сӯҳбат кунад, шояд дар ҳизб касоне биёянд, ки бо ҳамон услуб бо ҳамон шева рафтор кунанд. Ин як навъи нигоҳ аст, табиӣ аст, дар ҳамаи ҷомеаҳо аст ва ман борҳо ҳам ҳатто мисол меовардам, аз сиёсати ҷаҳонӣ, вақте, ки оқои Буш дар Амрико ба сари қудрат омад ва сиёсатҳоеро дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ кард, ба хусус алайҳи Эрон. Мардуми Эрон ҳам, оқои Аҳмадинажодро интихоб кард. Чун ки вақте, ки оқои Хотамӣ буд, лаҳни гуфтугӯ ва муколамаро пешниҳод кард, Ғарб қабул накард. Эрон ҳам ҷавоб дод, ки хуб мо ҳам ба мисли шумо дорем сиёсатмадоре, ки бо ҳамон забон ва услуби шумо сӯҳбат кунад. Дар ҳама ҷомеа ин ҳолат иттифоқ хоҳад афтод. Вақте, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳам як тараф доим аз зӯр, аз қудрат, аз таҳқиру тавҳин истифода мекунад, табиист, ки тарафи дигар ҳам ба хулоса меояд, ки чаро, магар мо наметавонем аз ин мавқеъ сӯҳбат кунем. Мо ҳам метавонем. Аммо то ба имрӯз наҳзати исломии Тоҷикистон ба ин хулоса наомадааст ва ин ҳама дар сатҳи як таҳлил ҳастанд.

“Интихоботи шаффоф ҲНИТ-ро соҳиби фраксияи порлумонӣ мекунад”

Озодӣ: Чун аз фраксияи ҳибӣ дар порлумон гуфтед. Пешбиниҳо, умедвориҳо ва интизориҳо чӣ аст, Воқеан ҲНИТ шонси таъсиси як фраксия дар ҳайати нави порлумонро хоҳад дошт?

Муҳиддин Кабирӣ: Агар интихоботи порлумонии соли 2010 шафофу демократӣ мегузашт, ҲНИТ дар даъвати феълӣ, дорои як фраксияи қавӣ мебуд. Аммо баъди ин фишорҳо ва иқдомҳое, киалайҳи ҳизби наҳзати исломӣ, дар умум қишри рӯҳонӣ сурат гирифт, бисёре аз таҳлилгаронро водор ба он кард, ки мегӯянд, наҳзати исломӣ ё дар ҳамин ҳадд боқӣ мемонад ва ё ҳузураш дар порлумон заъифтар мешавад. Вале вақте, ки мо анҷуманро баргузор кардем ва дидем, ки чӣ қадар мардум ангеза доранд, ҳатто сафарҳое, ки ба Русия доштам ва бо муҳоҷирон сӯҳбат кардам ва сафарҳо ба минтақаҳо, вазъро ҳамаҷониба таҳлил кардем ва ба хулосае омадем, ки на, ин фишорҳо натиҷаи баръаксро додааст. Мардум эҳсос кардаанд, ки наҳзати исломии Тоҷикистон як қудрат аст ва метавон болояш такя кард. Чаро? Агар қудрат намебуд, байни мардум неру намедошт, як дастгоҳи пурқудрати давлатӣ бо ҳама масъулонаш, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то масъулони идеологӣ, ҷамоатҳо ва ҳатто ходимони илмиро ҳам сафарбар карданд, бо ҳама роҳу василаи қонунӣ, ғайриқонунӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва зидди ахлоқӣ алайҳи ин ҳизб ин қадар мубориза намебурданд. Пас ниру ҳаст, ки алайҳаш мубориза мебаранд.

Анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Ин эътимоди мардумро ба наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳамчун як нируи мардумӣ бештар кард, ба хусус дар партави воқеиятҳое, ки мо дар кишвар дорем: набудани барқ, набудани гармӣ, ҷойи кор, маошу нафақаву стипендияи муносиб. Мардум вақте диданд, ки ҳукумат, масъулиятҳои аввалиндараҷаи худро иҷро накардаистодааст ва кораш фақат фишор овардан болои як ҳизб аст, як навъ эътироз ба ин амалҳо ҳам ба вуҷуд омад. Ҳамон тавре, ки мегӯянд, шояд пуштибонии мардум аз ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон молӣ мо набошад, балки шояд як қисмаш ба хотири эътироз ба амалҳои дигарон ҳам бошад. Ва аз ҳама ахир, он чизе, ки умед ва боварии моро ба он бештар кард, ки мо дар оянда як фраксия дар порлумон хоҳем дошт, мавқеъгирӣ ва суханони президенти Тоҷикистон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба маротиб ба масъулон ҳам дар суханрониашон ба муносибати 20 солагии қабули Қонуни Асосӣ ва ҳам дар анҷумани ҳизби халқии демократии Тоҷикистон такрор карданд, ки интихобот шафофу демократӣ бигзарад, ҳукумат омодааст ва шароити баробар ба ҳамаи номзадҳо ва аҳзоби сиёсӣ таъмин карда шавад. Агар масъулон дар минтақаҳо ба ваъдаи президент мухолифат накунанд ва ваъдахилофӣ сурат нагирад, ман комилан боварӣ дорам, ки назҳати исломӣ як фраксия дар порлумони оянда хоҳад дошт.

“Бонувон худ бисабзанд”

Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ дар робита ба рӯйхати номзадҳои ҳизб, Шумо ҳамеша ба нируи занону ҷавонон таъкид мекунед. Аммо дар рӯйхати пешниҳодшуда теъдоди занон камтар аст. 7 нафар аз занони наҳзатӣ муаррифӣ шудаанд. Чаро?

Муҳиддин Кабирӣ: Бале, мо имсол дар рӯйхат, 7 бону дорем, ки ин аз миёни 28 нафар чоряки онро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ин пешравии хуб аст. Дар интихоботи порлумонии гузашта болотарин ҷо барои бонувон ин ҷойи нуҳум буд, аммо ҳоло дар ин рӯйхат ҷойи панҷум аст. Мо дар дохили наҳзат борҳо ҳам таъкид кардем, ки ба ҳеҷ қишре, ба ҳеҷ гурӯҳе, имтиёзи хос надодем ва нахоҳем дод. Оне, ки имрӯз хоҳарони мо дар як рақобати шафофу озод, ҷойи панҷумро дар байни бародарони ботаҷриба гирифанд, ин натиҷаи заҳамоти худашон ҳаст. Яъне ҳизб ин фазоро фароҳам сохт, ки талош кунанд ва худашонро муаррифӣ кунанд, то ин ки бисабзанд. Ҷойи 15 – уму 16 дар интихоботҳои аввал, баъдан то 9 - ум ва ҳоло 5 – ум, агар ин раванд идома кунад, мутмаинам, ки дар интихоботҳои баъдӣ мақомоти аввал ҳадди аққал дар сегона барои бонувон ҷой хоҳанд дод. Ин ҷо фарқ дорад, аз ташкили рӯйхати дигарон ки бо фармон, бо квота ё бо хости шахсиятҳо, як нафар болову поён меравад. Аз нигоҳи ҷинсият, минтақа ва ғайра. Аммо дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин тавр нест. Бояд фарҳанги сиёсиамон дар

кишвар тарзе шакл гирад, ки ҳамагон ҳис кунанд, ки дорои шароити баробаранд ва танҳо аз лиҳози шоистасолорӣ ва шоиста будан метавонанд соҳиби ин ёон мақом шаванд. Беназир Бҳутто, ки шоиста буданд, дар як ҷомеаи мардсолори Покистон ҳам, мисле, ки як гул ҳам дар дохили санг ҳам месабзад, рӯиданд, то мақоми аввали ин кишвар. Мо дар ҷандин ҷомеаҳои мардсолор ин гуна мисолҳо дорем: дар Бангладеш, Туркия, Индонезия, ки ҳамааш ҷомеаҳои мусалмонӣ ва шарқӣ ҳастанд, вале, занҳо тавонистанд ва дар чунин шароит сабзиданд. Дар ҷомеаҳое, ки барои бонувон, як шароити сунъӣ дар чорчуби квота муҳаё карда мешавад, ин мислест, ки шумо як гулро дар гармхона парвариш мекунед ва он табиӣ нест. Ва ё як паррандаи зеборо дар як қафаси зебо парвариш мекунед ва барояш квота ҷудо кардаед. Мо мехоҳем, ки ин гулҳо, ин паррандаҳои зебо ва ин қишри муҳими ҷомеаи мо озод бошанд ва озодона рақобат кунанд ва вазифаи давлат ва аҳзоби сиёсӣ он аст, ки ба онҳо шароити баробар фароҳам бисозад. Ман фикр мекунам, ки ин ҳолате, ки мо дар руйхат дорем, як ҳолати табиӣ ва қадами бузург дар муқоиса ба солҳои пеш аст.

“Фишорҳо ҷавононро тундгарон кард”

Озодӣ: Шумо борҳо гуфтед ва ҳоло ҳам таъкид кардед, ки мақомот солҳои ахир фишорро болои ҳизби шумо афзоиш додаанд ва намегузоранд озодона фаъолият кунед. Аз сӯи дигар бо таҳаввулоте, мисли радикал шудани ҷомеъа, тоҷикҳо дар ҷиҳоди Сурия ва бурузи нерӯҳои хатарноке, мисли гурӯҳи Давлати Исломӣ шояд мақомот ҳақ доранд аз фаъолиятҳои шумо нигарон бошанд? Аз назари шумо ин нигаронӣ асос дорад?

Муҳиддин Кабирӣ: Ин нигаронӣ асос надорад, чун ин нигаронии муштараки мост. Фишорҳо болои ҲНИТ ду – се соли қабл шурӯъ шуда буд ва рафтаниҷавонони тоҷик ба Сурия, Ироқ ва дигар ҷоҳо шояд як – яку ним соле пеш аст. Яъне баъд аз фишор болои ҲНИТ ва умуман ҳаёти динӣ дар кишвар. Суол ин аст, ки оё фишорҳо болои ҲНИТ пеши роҳи рафтани ҷавонон ба Сурияро гирифт ва ё баръакс он натиҷаи ин фишорҳо шуд. Мо ба ин назар ҳастем, ки натиҷаи ҳамин фишорҳо буд, ки ҷавонон бештар тундгаро шуданд, радикал шуданд. Бисёриҳо, он ҷавононе, ки ба Сурия рафтанд ва ё ҷавононе, ки нарафтанд, дидгоҳҳои онҳоро пуштибонӣ мекунанд, онҳо алайҳи мо ҳам шиор мепартоянд. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ кунед, сӯҳбатҳои онҳоро гӯш кунед, ки онҳо дар бораи ҲНИТ чӣ мегӯянд. Моро мутаҳҳам ба он мекунанд, ки ин ҳама сабаби сабру таҳаммули шумо аст, бетафовутӣ, фурӯхта шудан, ба ҳарфи ҳукумат гӯш кардани шумо, садо баланд накардани шумо буд, ки вазъият ба ин дараҷа расид ва мо худамон маҷбур ҳастем, ки ташаббусро ба даст гирем ва ба ҳамин роҳ мушкилоти худу ҷомеаро ҳал кунем.

Пас агар ҳукумат ва мақомот воқеан аз рушди тундгароӣ дар ҷомеа нигарон ҳастанд ва мебуданд, бояд роҳҳои ҳалли дигаре пайдо мекарданд. Шумо, медонед ва ҳамаи таҳлилгарони аршади мубориза алайҳи тероризм медонанд, ки бо тероризм чӣ гуна мубориза бояд бурд? Муборизаи ашадӣ ва оштинопазир ва бидуни дудилагӣ. Вале чӣ гуна ҷомеаро аз тероризм ҳифз кард ва роҳ надод, ки ҷавонҳо ба сӯи радикалҳо ва терористҳо нараванд, ин баҳси тамоман дигар аст.

Ин ҷо бо фишор масъаларо ҳал карда намешавад. Инҷо бо гуфтугӯ, муколама ва фаҳмонда додан ва ҳамкорӣ бо нируҳои мӯътадил, ки битавонад алтернативаи хуби идеологӣ барои радикалҳо ва террористҳо шаванд. Вале мақомот бо нируҳои солими ҷомеа ва ҳатто нируҳои оппозитсионӣ вале солим, мантиқӣ ва мӯътадили ҷомеа ба ҷои ҳамкорӣ кардан, ҳамаро дар як лагер ҷо карданд. Бо як дидгоҳ, ки ҳар кӣ исломӣ аст, аз номи ислом сӯҳбат мекунад, ё дидгоҳи динӣ дорад ин ё сарчашмаи хатар аст ё эҳтимол дорад, ки дар оянда ба хатар табдил шавад. Ин шинохти бисёр ғалат, сатҳӣ ва қолабӣ аст, ки бештар ҷанбаи идеологӣ дорад. Ин ҷанбаи прогматикӣ ва давлативу миллӣ надорад. Муттаасифона, аз нав дар ҷомеаи мо мехоҳанд бархӯрди идеологиро роҳандозӣ кунанд. Ҳамон гуна, ки дар солҳои 90 – ум ба вуҷуд омада буд: коммунистҳо ва диндорҳо ё баъдан вовчику юрчик номгузорӣ карда шуд, опозитсия ва ҳукумат, ки сирф мавқеиёт идеологӣ буд. Баъд дар рафти мусолаҳа ва музокира мо фаҳмидем, ки ҳамаамон тоҷик ҳастем, диндор ҳам, бедин ҳам якдигарро фаҳмидем, бахшидем ва ва баҳси диниву дунявиро ҳал кардем.

Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқтаро гузошт. Вале аз нав баъзе аз гурӯҳҳо дидан, ки дар ҷомеа ба бунбаст ворид шуда истодаанд, наметавонанд мушкилоти иҷтимоии ҷомеаро ҳал кунанд, мардум аз онҳо талаб карда истодаанд, ки ба мо барқ диҳед, гармиву равшаниву ҷоӣи кор диҳед, ҳиҷ пешравие дар иқтисодиёту иҷтимоиёт нест. Ба ин далел ба хулосае омаданд, ки чаро мо аз нав зеҳни ҷомеаро ба баҳси диниву дунявӣ накашоем. Аммо чаро масъаларо идеологӣ кунем? Масъалаи иқтисодиро идеологӣ мекунанд. Масъалаи сиёсиро идеологӣ мекунанд. Ин барояшон осонтар аст. Аз он ки бишинанд фикр кунанд, истеҳсол кунанд, ихтироъ кунанд, роҳҳои ҳалли масъаларо пайдо кунанд, беҳтарин роҳ ин аст, ки ихтилофотро ба вуҷуд биоранд, хатарҳоро бузургтар нишон бидиҳанд ва дар ҳолати изтирорӣ дигар ҳукумат ҳам ва раҳбарияти давлат ҳам маҷбур аст боз ба касоне такия кунад, ки бештар шиори баланд медиҳанд. Бештар ба истилоҳ бозҳо, ястребҳо зарурат пайдо мекунанд ва кабутарҳо, мӯътадилҳо дар соя мераванд. Ман мушкили аслиро дар ҳамин ҷо мебинам, ки муатаасифона баҳсро ба баҳси диниву дунявӣ кашонида истодаанд ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам, ки як ҳизби динӣ аст, моро вориди ин майдони баҳс карданд ва ин фишорҳо болои мо оварда шуд.

Ман намегӯям, ки раҳбарияти кишвар аз ин равнадҳо комилан огоҳ нестанд, ҳатман дар ҷараён ҳастанд, вале аз он чиз метарсам, ки маълумотҳо то он дараҷа нодуруст рафтааст ва сарчашмаи хатарҳоро нодуруст нишон додаанд ва ҳатто эҳтимол дорад, ки он сарчашмаҳои аслии хатарро пинҳон нигоҳ дошта ва ба хотири камбудиҳои ҷомеа дар пеши раҳбарияти кишвар ошкор нашавад, масъалаҳои оддиро ҳамчун хатар нишон дода истодаанд ва табиист, ки баъд аз ин ҳама фазосозӣ, ҳар ҳукумат ва ҳар раҳбари кишвар тасмимҳоеро мегирад, барои ҳалли мушкилот, ки имрӯз мо дида истодаем.

“ҲНИТ омодаи кор дар сатҳи ҳукумат ҳаст”

Озодӣ: Раиси ҷумҳур, ки ҳамзамон раҳбари ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст, таъкид карда буданд, ки аз нукоти муҳими барномаҳои дигар аҳзоб истифода хоҳад шуд. Агар раваду на ттанҳо аз нукоти муҳими барномаи ҳизби наҳшзати исломӣ, балки аз нируи шумо истифода кунанд, шумо омода ҳастед то дар ҳайати ҳукумат, раҳбарии вазоратхона ё идораи давлатиеро бар дӯш гиред?

Муҳиддин Кабирӣ: Давлатдории мутамаддин ва пешрафта инро тақозо мекунад, ки агар ҳар ҳизбе, ки дар интихоботи президентӣ ва ё ҳизбаш дар интихоботи порлумонӣ ғолиб шуд, бояд талош кунад, ки фикру андешаи ҳизбҳои дигар ва сиёсатмадорони дигарро ҳам ба инобат бигирад ва нируҳои ҷомеаро новобаста аз ҳизбияту минтақааш барои корҳои идорӣ ҷазб кунад. Танҳо ба ҳамин роҳ метавон ваҳдати миллатро таъмин кард. Мо ҳар чӣ қадар дар бораи ваҳдат, сулҳ, якпорчагӣ сӯҳбат кунем, вале ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсии дигар дар ҳошия қарор бигиранд ва ҷалб карда нашаванд, ин ҳама шиор аст, дигар ҳич маънӣ надорад. Муносибати аксари аҳолии Тоҷикистон ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун ба президент аст, на ба раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ҳама эътироф доранд ва ҳамзамон интизорӣ ҳам доранд, ки президент бо ҳама ҳизбу қишрҳои ҷомеа, бо ҳама сиёсатмадорон, ҳамчун президенти кишвар муносибат кунад. Вақте президент интизор дошта бошад, ки ҳама ӯро ҳамчун раҳбари миллату давлат эътироф кунанд, вале дар муносибати худаш бо дигарон ҳамчун раҳбари як ҳизб ва раҳбари як гурӯҳ муносибат кунад, ин муносибати яктарафа аст. Дер ё зуд мардум ба хулоса хоҳанд омад, ки пас бояд ки муносибат ба он кас ҳамчун раҳбари як ҳизб бошад, раҳбари як гурӯҳ, на раҳбари як миллат. Мо таҷрибаи ҳамкорӣ дар ҳукуматро дорем.

Се давра шуд, ки дар порлумон , ҲНИТ кор карда истодааст. Дигар ҳизбҳо ҳам, шахсиятҳои бисёр сазовор доранд, бисёр хуб мешуд, ки раҳбарияти кишвар, баъд аз ин интихобот, ё ҳатто қабл аз интихобот ҳам, дар ин ислоҳоти ҳукумат, ки алъон шурӯъ шудааст, талош мекарданд, ки аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа, кадрҳои шоистаро даъват кунанд. Воқеан дар атрофи худашон шахсиятҳоеро бигиранд аз ҳама ҳизбу ҳаракатҳое, ки нигоҳи миллӣ доранд, диди давлатӣ доранд ва манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои шахсӣ ва ҳизбӣ боло мемонанд. Ин тавр нест, ки ҳамаи ватандӯстон ва миллатдӯстон фақат дар як Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷамъ шуда бошанд. Магар дар ҳизби коммунист нестанд шахсиятҳои ботаҷриба ва ватандӯст ё дар ҳизби наҳзати исломӣ ё ҳизби демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва ё аграрӣ. Ҳашт ҳизби сиёсӣ дорем мо. Агар дар ин чорчуб, дар ин қолаб аз Ҳизби наҳзати исломӣ даъват шавад, чаро не?! Ҳатман мо ҳамкорӣ хоҳем кард ва ҳеҷ гоҳ ҳамкориро мо рад накардаем.

“Тоҷикистон давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд боқӣ хоҳад монд”

Озодӣ: Аслан орзӯи ҳар ҳизб, расидан ба қудрат аст ва ҳизби исломӣ ҳам ин орзӯро пайгирӣ мекунад. Агар фардо, Худо кунад, қудрат ба дасти Ҳизби Наҳзати Исломӣ биафтад ва субҳ дар кӯчаву хиёбонҳо чӣ тафовуте хоҳем дид?

Муҳиддин Кабирӣ: Бисёр саволи ҷолиб аст. Мутмаин бошед, ки офтоб боз ҳам аз Шарқ бармехезад ва дар Мағриб менишинад. Ҳеҷ гоҳ офтоб аз Мағриб тулӯъ нахоҳад кард. Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, боқӣ хоҳад монд. Бештар аз ин мо ин Конститутсияе, ки ҳоло амал карда истодааст, аз ҳамаи ҳизбҳои дигар бештар ва дурусттар татбиқ хоҳем кард. Зеро мушкили аслии наҳзати исломии Тоҷикистон он аст, ки Қонуни Асосии Тоҷикистон татбиқ намешавад ва зарари аз ҳама бештарро мо дида истодаем. Ҳар касе, ки худаш як маротиба дар оппозитсия бошад, азобашро бикашад ва бидонад, ки дар оппозитсия будан чист, чӣ маънӣ дорад ва чӣ душворӣ дорад, ҳатман баъд аз ба сари қудрат омадан, талош мекунад, ки иштибоҳ ва камбудиҳои нируи ҳокими қаблиро такрор накунад. Вагарна бар зарараш анҷом мешавад. Мо дар ин интихобот, беҳуда шиори “Мо барои Тоҷикистон ва Тоҷикистон барои ҳама” –ро интихоб накардаем. Ин маънии онро дорад, ки агар мо пирӯз шудем, ҳатто пирӯз ҳам нашудем, имрӯз тамоми вуҷуди худамонро барои Тоҷикистон мебахшем: дар сиёсат, дар иқтисод, дар дифоъ аз ватан ва миллат. Бояд ин омодагиро дошта бошем. Вале агар, ки пирӯз шудем, Тоҷикистон бояд, ки барои ҳама бошад: барои коммунист, барои наҳзатӣ, барои халқии демократӣ, барои диндор ва бедин ва ин набояд як шиори холӣ бошад. Чун пеш аз интихобот ҳама шиор медиҳанд, ҳама демократанд, вале вақте ба сари қудрат омаданд, ин шиорҳо, ин барномаҳо фаромӯш мешаванд ва дунболи ҳадафҳои шахсӣ мешаванд.

Мо омода ҳастем, ки исбот кунем, ки исломи азиз ва фарҳанги миллии мо ҳиҷ гоҳ, диктотуриро ва тасаллуту яккатозии як нафар ё як гурӯҳро қабул надорад. Чӣ аз номи ислом ин диктотуриро ҷорӣ мекунед, чӣ аз номи дунявият, бо ҳар идеологияе, ки шумо диктотуриро дар ҷомеа ҷорӣ кардед, наҳзати исломии Тоҷикистон хилофи он хоҳад буд. Аслан миллати тоҷик инро қабул надорад. Вагарна мо шаҳрҳои ободро тарк намекардем ва ҳамаи тоҷикон ба кӯҳистон ҳиҷрат намекарданд. Як далел дошт: озодӣ ва адолат хостан. Зери бори ягон султа, ягон қудрат, ягон гурӯҳ нарафтан. Агар, ки миллати тоҷик метавонист таҳаммул кунад, султагароӣ, яккатозии як нафар, як гурӯҳ ё як қишри алоҳидаро сабр мекард, тоқат мекард ва шаҳрҳои бузургро холӣ намекард ва дар кӯҳистон ҷо намегирифт. Ҳаштод дар сади мардуми тоҷик, ки имрӯз дар кӯҳистон зиндагӣ мекунад, агар решакобӣ кунед, бармегардад ба мардуме, ки чандсолҳо пеш дар водиҳо ва шаҳрҳои бузург зиндагӣ мекарданд. Бояд ин нуктаи муҳими таърихӣ ва фарҳангиро ба назар гирифт ва мутмаин бошанд, ки назҳати исломии Тоҷикистон шакли давлатдории конститутсионии имрӯзаро пурра ҳимоят хоҳад кард ва дифоъ аз он мекунад.

“Сеск – скандалҳо” - таҳқири миллати тоҷик”

Озодӣ: Соли 2014 як соли хеле пурчолиш ва аз сӯе пурмоҷаро барои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Барҷастатарин силсилаи моҷароҳо марбути, ба истилоҳ, “секс-скандалҳо” буд. Вале дар аксар ҳолатҳо, шахсан шумо аз шарҳи қазияҳои бадномкунандаи ҳизби сиёсиатон худдорӣ мекардед. Сабаб чист – эътирофи ин иттиҳомот ва ё кӯшиши фирор аз бештар расонаӣ шудани онҳо?

Муҳиддин Кабирӣ: Воқеан ду соли гузашта барои Тоҷикистон, ба хусус барои қишри рӯҳоният, ду соли пурмаҷоро буд. Дар посухи суоли қаблиатон гуфтам, ки вақте хостанд, ки баҳси дохилии Тоҷикистонро идеологӣ кунанд ва мубориза байни қишри дунявияту динӣ шавад, чун имрӯз дар дастгоҳҳои пурқуввати давлатӣ, иттилотӣ ва имконоти ҳукуматӣ дар дасти як қишри ҷомеа аст, ки масъаларо идеологӣ нигоҳ мекунад ва фикр мекунад, ки дар муборизаи идеологӣ ҳама гуна василаҳо ҷоиз аст, ҳатто аз доираи ахлоқу ҷавонмардиву фарҳанг ҳам метавон берун рафт. Тақрибан мактаби сиёсии Макиавеллӣ, ки дар асрҳои миёна дар Аврупо шакл гирфта буд ва ба сиёсатмадорони даврони худ тавсиа медод, ки дар муборизаи сиёсӣ аз ҳеҷ чиз рӯ нагардонед ва ҳатто куштору ғорату хиёнату бадахлоқӣ ҳам дар муборизаи сиёсӣ ҷоиз аст. Албатта, баъдан аврупоиҳо ин назарияро рад карданд ва ба як ҷомеаи мутамаддин расиданд. Худи ҳаёти шахсии Макиавеллӣ ҳам баъдан фоҷианок анҷом расид. Вале аҷиб, ки ғарбиҳо, аврупоиҳо ин назарияро рад карднд, аммо дар ҷомеаҳои шарқӣ ҳанӯз аз тарафи баъзе доираҳо истифода мешавад. Дар ин муборизаи сохта ва сунъии идеологӣ, дар Тоҷикистон ҳам баъзе доираҳо, ба хулоса омаданд, ки бояд бераҳмона, бешармона ва бо тамоми имконоту василаҳо мубориза бурд.

Инҷо як масъала пайдо шуд солҳои ахир, ки дар ҷомеа ҷойгоҳи дин, рӯҳоният ва ба хусус шахси мулло як каме боло рафт. Дар муқоиса, ҷойгоҳи муаллим, зиёӣ ва шахси дунявӣ дар байни мардум як каме коста шуд. Омилҳо хеле гуногун буд ва танҳо инҷо омили динӣ нест. Мавқеъ ва мақоми иҷтимоии муаллим паст рафт, зиндагиаш қашоқона буд, маоши пасти соҳаи идеологӣ, фарҳанг ба ин таъсир расонд, вале чун домуллоҳо ва рӯҳоният бештар аз масоили иқтисодӣ марбут нестанд ва бештар бо корҳои мардум рабт доранд, бо маросимҳо, бо садақаҳо ва хайру худоиҳо ва мардум ҳам як эътиқоде дораду ҳамеша пуштибонӣ мекарданд, ба таври автоматӣ ҷойгоҳи рӯҳонӣ, чӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва чӣ аз лиҳози иҷтимоӣ болотар рафт. Он доираҳое, ки муборизаро шурӯъ карданд, ба ҷои он ки вазъи рӯшанфикронро , муаллимонро ва қишри дунявиро аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фикрӣ беҳтар кунанд, онҳо роҳи ҳалро дар ин диданд, ки бояд тарафи дигарро заъиф кард. Модоме, ки наметавонем худро боло бардорем, ҳадди ақал метавонем тарафи дигарро пойин барем. Чун нигоҳ, нигоҳи идеологӣ буд ва нигоҳ, нигоҳи мубориза буд, бархӯрд буд, дигар, барои худ ҷоиз донистанд, ки аз тамоми василаҳо истифода баранд.

Воқеан ин барои миллат як шармандагӣ ва як зарбаи бузург буд. Вақте ман дар Маскав бо муҳоҷирон мулоқот кардам, ба ман линкҳо ва нусхаҳои наворҳоеро нишон додаанд, ки аз тарафи шабакаҳои ба ном хусусии баъзе кишварҳои ҳамсоя нишон дода шуданд ва пурра ба забонҳои худашон тарҷума карданд ва дар он ҷо дигар гап дар бораи муллову наҳзату инҳо намеравад, дар бораи тоҷик ва тоҷикистонӣ гап меравад. Яъне касоне, ки ин наворҳоро пахш карданд, онҳо мехостанд, алайҳи рақибони сиёсии худашон дар дохил, алайҳи рақибони идеологӣ мубориза баранд. Ҳоло ҷудо аз он ки чӣ қадар таъсир кард, шояд як гурӯҳ мардум бовар карданд, шояд як гурӯҳи дигар, баръакс нафраташон ба ин мақомоту ин доираҳо бештар шуд, вале шакк нест, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус дар ҳамсоякишварҳо вазъи миллати тоҷик ва обрӯи миллати тоҷик хеле поён рафт, хеле зарба хурд. Аммо чаро мо ба инҳо ҷавоб надодем, оё мешавад, шумо дар як масъалае, ки аз қабл сохта шудааст, бар зидди миллат ва маънавиёт равона шудааст, вориди баҳс шавед ва бо як тарафе баҳс кунед, ки аслан чеҳраашро пинҳон медорад ва касе намедонад, ки ин кӣ аст. Ё ман ба таври дигар бигӯям, шумо вақте, ки дар як роҳ меравед ва мебинед, ки як тифли беадаб, бадахлоқ шуморо таҳқир мекунад, гапҳои носазо мегӯяд, шумо фақат ба ӯ насиҳат мекунед, ки дӯсти азиз ин кор нораво аст. Ва ҳеҷ гоҳ бо ӯ мисли худаш рафтор намекунед. Ҷои дигаре гуфтам, ки аввал насиҳат мекунедва агар насиҳати шуморо нашунид, калонтаре дошта бошад, ӯро насиҳат мекунед, аммо бинед, ки калонтараш аз худаш бадахлоқтар аст, дигар раҳоаш мекунед ва дунболи кори худатон меравед.

Ғалатӣ Баротова, узви ҲНИТ навори шаҳвониро рад ва маҳкум кард.
Ғалатӣ Баротова, узви ҲНИТ навори шаҳвониро рад ва маҳкум кард.

Мавқеи наҳзат алайҳи ин иқдомот ҳамин буд, ки набояд дар ин мусибати миллӣ мо вориди баҳс шавем. Воқеан як мусибати миллӣ аст. Касе дар доираҳои ҳукумат кор мекунанд, одамони оқил, бофарҳанг ҳастанд, воқеан хиҷолат шуданд, чун ман рӯзона бо даҳҳо нафарашон ҳамкор ҳастем, вомехӯрем ва ҳатто шумо ҳам мусоҳибаҳои чанд нафар аз масъулони давлатиро, аз ҷумла ёварони раиси ҷумҳурро ҳам хондед, ки онҳо аз ин иқдомҳо дурӣ ҷӯстанд ва гуфтанд, ки ин кори дасти мақомоти давлатӣ нест. Чун воқеан ин шармандагӣ аст ва ин таҳқири миллат аст. Ин мусибатҳое, ки ҳаст ва ин ҷиноятҳое, ки ошкор карда шуда ва нишон дода шудаанд, бубинед, ин хоси ягон гурӯҳ ва қишр нест, ин ҷиноятҳо ва рафторҳои бадахлоқона агар вуҷуд дошта бошанд дар ҷаҳон хоси тамоми қишрҳо аст, хоси рӯшанфикр, зиёӣ, диндор, бедин ҳаст ва ҳамаи миллатҳо инро доранд. Соли гузашта Кумитаи ҳуқуқи башари СММ омореро нашр кард, ки танҳо дар калисои католикӣ даҳ ҳазор ҳодисаи педофилия ошкор карда шуд, ки ҳатто нисбати Ватикан ҳам эътирози расмӣ карда шуд, ки чораҷӯӣ карда шавад.

Шумо бинед, даҳ ҳазор ҳодисаи ошкоршуда, вале фарҳанг ва тамаддуни волои он мардум тақозо кард, ки ин ҷо фақат шахсиятҳои алоҳидаро, бидуни он ки мансубияташ ба дину гурӯҳе ишора шавад, гуфтанд, хуб ин шахс худаш ҷиноятро содир кардааст. Аммо дар мо вақте як кас ҷиноятро содир кард, ба хусус агар мансубият ба дин дошта бошад ё ба наҳзати исломии Тоҷикистон, дигар он шахсиятро канор мегузоранд, ҳамон ҳизб, гурӯҳро гунаҳгор медонанд. Ин як тактикаи мубориза сиёсӣ аст. Аммо чаро гурӯҳ, дин ё ҳизб бояд ҷавоб гӯяд? Ба гуфти шоир: “Аблаҳе аз бом биафтад, гардани мо бишканад.” Ман ин ҳамаро ҷузъи ҳамон сиёсати нодурусти муборизаи идеологӣ медонам, ки иншооллоҳ бовар дорам, ки аллакай масъулон дарк кардаанд, фаҳмиданд, ки натиҷаи баръакс дод ва пеши роҳи онро ба вижа хоҳанд гирифт.

“Соли нави милодиро тобиши мазҳабӣ надиҳед!”

Озодӣ: Мову шумо дар остонаи соли нав қарор дорем ва ман аз номи Радио Озодӣ шуморо бо фарорасии соли нави 2015 табрик мекунам, аммо дар зимн шумо ва хонаводаатон Соли нави милодиротаҷлил мегиред?

Муҳиддин Кабирӣ: Ман ҳам дар навбати худ, шумо ва тамоми бинандагону шунавандагони Радиои Озодиро бо фарорасии Соли нави 2015 табрик мегӯям. Ин як санаи сирф астрономӣ аст ва набояд ин санаро ҳамчун шурӯи соли нав, тобиши мазҳабӣ, динӣ ё қавмӣ бидиҳем. Мутаассифона, гоҳҳо мардуми мо хоставу нахоста масъалаҳои оддиро сиёсӣ мекунанд, мазҳабӣ мекунанд. Агар кассе якдигарро табрик кард ба Соли нав, яке мегӯяд, ин ширк аст. Мо ки ба ҳамаи паёмбарон эмон дорем ва аз он ҷумла ба Исои Масеҳ. Вақте мо мавлуди Паёмбари Ислом, Муҳаммади Мустафо (С) –ро ҷашн мегирем ва якдигарро табрик мегӯем, ин барои мо мусалмонҳо ҷоиз аст, агарчӣ баъзе аз бародарони мусалмон ҳам инро ҳам ҷоиз намедонанд. Вале дар умум уммати исломӣ инро ҷашн мегирад. Агар билфарз, Соли нави григорянӣ ба зодрӯзи Ҳазрати Исои Масеҳ рост омада бошад, аз ин лиҳоз ҳам мо табрик кардани якдигарро ба зодрӯзи яке аз паёмбарон, ҳеҷ мушкиле надорад. Агар медонистем, ки зодрӯзи Ҳазрати Сулаймон, Ҳазрати Довуд, Ҳазрати Мусо алайҳиссалом ва дигар паёмбарон кадом рӯз аст, ишорае ҳам ба он мешуд, ҳеҷ ҷои бадӣ надошт. Вале ман ҷонибдори он нестам, ки ин масъалаҳоро масъалаҳои сиёсӣ ё мазҳабӣ кунем.

Баъзеҳо ҳатто ҷудо аз соли нави григорянӣ, ба ҷашни Наврӯз ҳам чунин баҳсҳоро ворид мекунанд, ҳатто ба дигар ҷашнҳои миллиамон. Ҳама чизро бояд дар ҷои худ шинохт . Мо ду иди динӣ дорем: Иди саъиди Фитр ва Қурбон ва чанд иди миллӣ дорем, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Рӯзи Истиқлол, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва чанд ҷашнҳо ва идҳои ҷаҳонӣ дорем, ки башарият онҳоро пазируфтааст, қабул кардааст, ки яке аз он ҳамин ҷашни Соли нави милодӣ аст.

Масалан агар шарқиҳо, чиноиҳо, ки соли навашон як каме дертар шурӯъ мешавад, агар мо як чиноиро ё ҷопониро ҳам ба фарорасии соли навашон табрик кардем, ин натанҳо хилофи ислом аст, балки айни ислом аст. Чун Паёмбари Акрам моро насиҳат карданд, ки бо ҳамаи банни башар хушмуомила бошед, дӯст бошед, агар як амали мо боиси наздикии мо бо як инсони дигар шавад, аз дини дигар ҳам бошад, аз минтақаи дигар ҳам бошад ин амали савоб аст ва мо бояд онро анҷом бидиҳем. Ҳатман, мо дар доираи хонаводагӣ, на ҳамчун як ҷашни мазҳабӣ ва ҳатто на ҷашни миллӣ, балки ҳамсояҳо дорем, рус ҳастанд, гоҳҳо онҳоро табрик мекунем ва як шириние онҳо оварданд, мо ҳам мепазирем ва шириниҳое ҳам барояшон омода мекунем ва як ҷашни хонаводагии хурдакак дорем. Ба ин далел Соли нави милодӣ муборак бошад!

XS
SM
MD
LG