Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти президент Раҳмон ба ҷойи сӯҳбати Худову Расул (ВИДЕО)


Раиси ҲНИТ аз ҷонибдоронаш хост, дар маъракаи интихоботӣ пеши мардум на аз Қуръону ҳадис, балки аз изҳороти президенти Тоҷикистон дар бораи интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ далел биёранд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ё ҲНИТ дар паёмаш ба анҷумани пешазинтихоботии ин ҳизб чанд дафъа ба гуфтаҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ такя кард. Ӯ бо зикри ин нукта, ки ҳанӯз неруҳои мухолифи сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон дар сатҳи ҳукумат вуҷуд доранд, аз ҷонибдоронаш ҳатто даъват кард, ки дар сабқати интихоботӣ пеши мардум на ояҳои Қуръону ҳадисҳои Паёмбар, балки гуфтаҳои ахири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи интихоботи озоду шаффоф ва демократиро ҳуҷҷат оранд.

ҲНИТ ягона ташаккули расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ таҳти шиори "Тоҷикистон моли ҳама” вориди корзори интихоботи парлумонӣ мешавад. Ин ҳам марҳалаест, ки раҳбарияти ин ҳизб мегӯяд, ки ҳизб ва аъзои он се сол ба ин сӯ таҳти фишорҳои мақомоти Тоҷикистон қарор доранд.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки дар Анҷумани XI – и ҳизб суҳбат мекард, гуфт, агар Тоҷикистон модар аст, бояд барои ҳамаи фарзандон як гуна меҳр биварзад: “Мо барои Тоҷикистонем, вале Тоҷикистоне, ки моли ҳама бошад, фақат моли як гуруҳи пирӯз не. Тоҷикистон барои ҳама фарзандонаш, ҳама сокинонаш, барои ҳама шаҳрвандонаш, сарфи назар аз диндориву бединиаш, ҷинсу забону миллаташ, ҷои таваллуду ҷои кораш. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон эҳсос кунад, ки ин ватани ӯст, модари ӯст, хонаи ӯст!”

Ҷаноби Кабирӣ пас аз он суҳбат мекард, ки ҲНИТ дар Анҷумани XI - аш руйхати номзадҳояш ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявиро пешниҳод кард. ҲНИТ ҳам аз Ҳизби халқӣи демократӣ паст наомад ва як рӯйхати иборат аз 28 нафарро ба ҳавзаи ягона пешбарӣ намуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи се интихоботи ахири парлумонӣ ин ҳизб (2000, 2005, 2010) аз 22 ҷойи ҳавзаи ягона ва 41 курсии ҳавзаи якмандатӣ ҳамагӣ ду курсиро соҳиб мешуд, ҳарчанд наҳзатиён ин даъворо доштанд, ки ба маротиб раъйи бештари мардумро ба даст меоварданд. Ва онҳо фишорҳои се соли ахири мақомот алайҳи раҳбарияту аъзои ҲНИТ – ро ба интихоботи парлумонии соли 2010 рабт медиҳанд, ки ба иддаои онҳо, натиҷаҳои воқеиаш ба нафъи ин ҳизби исломгаро тамом шуда буд.

Ҳизби исломии Тоҷикистон, ки ба иддаои раҳбаронаш то 40 ҳазор аъзо дорад, бо вуҷуди бохтҳо дар интихобот ва боздошту иттиҳоми намояндагонаш ба ҷурмҳои мухталиф, боре ҳам бао алайҳи ҳукамт “демарш” накардааст ва ба назар мерасад стратегияи он дар марҳилаи феълӣ танҳо берун нашудан аз саҳнаи сиёсӣ аст.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Музаффар Олимов, сарвари Маркази таҳқиқотии “Шарқ”, мегӯяд, дар пайи ин сиёсати Муҳиддин Кабирӣ ҳизбаш худро дар саҳна нигоҳ дошт: “Табиист, ҳизбе, ки дар сари қудрат аст, мехоҳад яккатоз бошад. Барои ин захираву нерӯи кофӣ дорад, аммо инро ҳам бояд эътироф кард, ки ҲНИТ ҳам аз бозӣ даст кашиданӣ нест. Аз нигоҳи ман, яке аз аҳдофи маҳдуд кардани ширкати муҳоҷирон дар интихобот ин ҳизб аст, ки дар миёни онҳо хеле обрӯ дорад. Тақрибан 10 то 15 дарсади ҷомеаи мо аз паси ин ҳизб меравад ва агар дар интихобот ҳамон ду ҷойро ба даст орад, мантиқӣ аст. Хулоса, натиҷаи фишорҳое, ки тайи се соли ахир буданд, ҳаст, аммо он гуна нашуд, ки интизор доштанд. Чанд тарҳе, ки буд, ба назарам, ба ҳадаф нарасид.”

Ҳамзамон коршиносон ба таҳаввули дигаре дар руйхати номзадҳои ҲНИТ аз ҳавзаи ягона ишорат мекунанд, ки ин навбат барои курсии дуввумаш дар парлумон Саид Иброҳими Назар, яке аз собиқадорони ҳизбро ба ҷойи Сайид Умар Ҳусайнӣ, вакили феълиаш дар парлумон пешниҳод кард. Аввалиро дар қиёс бо дуввумӣ нафари, ба истилоҳ, муҳофизакор унвон мекунанд.

Сайидиброҳими Назар
Сайидиброҳими Назар

Аммо Саид Иброҳими Назар ба Радиои “Озодӣ” ин иддаоҳоро, ки як нафари муҳофизакор бошад ва бо раъйи норозиёни ҲНИТ интихоб шуда бошад, рад кард ва гуфт, интихобаш сирф дар пайи он ба миён омад, ки Муҳаммадалии Ҳайит аз мақомаш дар ҷои дуввум даст кашид ва ӯ як зина пеш рафт: “Ман ба ин назарҳо, ки ман муҳофизакор бошам, розӣ шуда наметавонам. Бале, ҳар инсон ва ҳар ҳизб дар ҷойгоҳу мавқеи зарурӣ муҳофизакор мешавад, аммо дар масъалаҳои инсонӣ инсонӣ мемонад. Аслан посухи ин суолро ҳамонҳое гӯянд, ки ин даъворо доранд,”- гуфт ҷаноби Назаров.

Саид Иброҳими Назар, яке аз асосгузорони ҲНИТ - и Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки то замони мавҷудияташ дар ибтидои солҳои 90-ум муовинати онро низ ба зимма дошт. Яке аз наҳзатиҳои “зерзаминиҳо” ва ҳамсафони марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ҲНИТ буда, ҳоло мушовири раиси ҳизб аст.

Зимнан, дар рӯйхатти имсолаи ҲНИТ теъдоди бонувон ба 7 нафар афзоиш ёфт ва мақомашон аз ҷойи 9 дар рӯйхати панҷ соли пеш ба панҷум омад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба мушоҳидаҳои мо, Анҷумани ҲНИТ- ро телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пурра сабт карданд. Агентиҳои ҳукуматӣ дар бораи он хабарҳо пахш кард ва бархе манобеъ, аз дидори президент Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳиддин Кабирӣ дар ҳошияи як нишаст сӯҳбат мекунанд, ки гӯё раисиҷумҳур ахириро хуш қабул кардааст.

XS
SM
MD
LG