Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден хостори хуруҷи нерӯҳои русӣ аз Украина шуд (2 ВИДЕО)


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико амалкарди Русия дар Украинро маҳкум кард ва онро "ғайри қобили қабул" донист.

Муовини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа аз Русия хост, ки бо пайравӣ аз оташбаси моҳи сентябр, нерӯҳои низоми худро аз Украина хориҷ кунад. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Ҷо Байден пас аз дидор бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина бо лаҳни рӯшан ва муаддабона ба раиси ҷумҳури Русия гуфт, "оқои Путин, ба ончи тавофуқ кардаед, амал кунед."

Сафари ҳайати олирутбаи амрикоӣ ба Киев барои бартараф кардани монеаҳои вуҷуддошта дар заминаи эҳёи муоҳидаи сулҳ байни Украина ва Русия ва ҷудоиталабони шарқи ин кишвар, сурат гирифтааст. Украина ва кишварҳои ғарбӣ Русияро ба ҳимоят аз ҷудоихоҳон ва фиристодани нерӯи низомӣ ба шарқи Украина муттаҳам мекунанд, аммо Маскав ин иттиҳомотро радд мекунад.

Дар айни ҳол ҳар ду тараф якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд. Украина рӯзи ҷумъа гуфт, барои аввалин бор пас аз иҷрои оташбас, хоки ин кишвар аз дохили Русия мавриди ҳамла қарор гирифт.

Як сол пас аз "Майдон"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

Муовини раиси ҷумҳури Амрико ҳамзамон бо аввалин солгарди тасмими Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина барои лағви тафовуқи сиёсӣ ва тиҷоратӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ва густариши муносибот бо Русия, ба Киев сафар кардааст. Иқдоми Виктор Янукович ки мавриди ҳимояти Русия буд, боиси эътирози даҳҳо ҳазор нафар шуд ва дар ниҳоят ӯ аз мақомаш барканор шуд. Пайваст шудани нимҷазираи Қрим ба Русия дар моҳи март ва ҳимоят аз ҷудоиталабони Украина дар шарқи он кишвар, аз ҷиддитарин мавридҳои рӯёрӯии Русия ва кишварҳои ғарбӣ пас аз ҷанги сард шуд.

Хабаргузории Ройтерз менависад "таниш дар кишвари ҷангзадаи Украина рӯзи ҷумъа ҳамзамон бо адои эҳтироми Петро Порошенко ба ҳудуди 100 эътирозгаре, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба дасти пулис кушта шуданд, авҷ гирифт. Пайвандони ин қурбониён, ки аз нотавониии ҳукумати нав дар муҳокимаи масъулони ин саркӯбиҳо дар ҳукумати Виктор Янукович хашмгин ҳастанд, фарёд мезаданд, "Қотилон куҷо ҳастанд" ва "Марг ба Порошенко".

Онҳо ҳамчунин аз Петро Порошенко барои он, ки ба қурбониён лақаби Қаҳрамони миллӣ надодааст, интиқод карданд. Петро Порошенок каме дертар ба иҷтимоъ баргашт ва ваъда дод, ки бо имзои як ҳукми расмӣ ба ин қурбониён, ки ба "сад биҳиштӣ" маъруф ҳастанд, унвони Қаҳрамони миллӣ медиҳад.

Ҷо Байден, ки Петро Порошенкоро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ки ҳамроҳ кардани Қрим ба Русия ва ҳимояти аз ҷудоихоҳон нишондиҳандаи "нақзи ошкорои усули бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ аст". Ӯ гуфтааст, ки Амрико ҳамеша аз Украинаи демократӣ ва ислоҳталаб ҳимоят мекунад.

Бо ин ҳол оқои Байден ба кӯмакҳои низомии нав, ки Украина дархост кардааст, ишорае накард. Дар баёнияи дафтаи муовини раиси ҷумҳури Амрико омадааст, ки ҳукумати Амрико дар сурати таъйиди Конгресс, 250 миллион доллар барои ҳимоят аз ислоҳоти бахши додгоҳӣ ва пулис ба Украина кӯмак мекунад.

Таҷлил аз якумин солгарди оғози тазоҳурот дар Киев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

XS
SM
MD
LG