Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донаҳои каду гӯё бо номи "Оллоҳ" садҳо нафарро ҳаяҷонӣ кардаанд


Дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, дар вилояти Хатлон дар ҳамин авохир кадуе пайдо гардид, ки ба бовари сокинонаш болои донаҳои он бо ҳуруфи арабӣ “Оллоҳ” ва “Бисмиллоҳ” ва калимаҳои дигаре навишта шудааст.

Ин каду аз полизе дар деҳаи Садаҳо пайдо шудааст, ки баъди назар андохтан ба донаҳояш мардумро ба ҳайрат гузоштааст. Сокинони маҳаллӣ мегӯяд, ки онҳо ин донаи кадуро барои эҳтироми Худованд ва дини мубини Ислом эҳтиёт намуда, ният доранд, то ба замин кишт кунанд.

Ҷиғагул Азизова, сокини ноҳияи Балҷувон, ки ин каду аз полези падари ӯ ёфт шудааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯҳониёни маҳаллӣ бо дидани ин донаҳо гуфтаанд, ки агар ҳамаи донаҳои кадуро ҷо ба ҷо гузоред, ояте аз Қуръони Карим ҳосил хоҳад шуд.

Аммо ин хонум гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба он, ки пас аз паҳн шудани овозаи дида шудани номи Оллоҳ ва калимаи "Бисмиллоҳ" ҳамсоягон ва мардуме аз дуру наздик ба полез рехта, бо илтиҷо донаҳои кадуро бо худ гирифта бурдаанд ва акнун намешавад ҳамаи онҳоро ҷамъоварӣ кард, то маълум шавад, ки кадом ояи Каломи Ҳақ рӯи ин донаҳои каду ҳак шудааст:

“Ман донаҳои ин кадруро ба назди рӯҳониёни шинохтаи Балҷувон, эшони Заробиддин, махсуми Сироҷиддин ва омӯзгорони фанни хатти ниёгон бурдам, ки тасдиқ карданд, ки ҳуруфи арабӣ аст. Эшонҳо гуфтанд, ки агар донаҳо ҷамъоварӣ шавад, маълум мешавад, ки ояти Қуръон аст, вале донаҳоро мардум аз мо бурдаанд. Дар хонаам ҳастанд, бародаронам, ки ҳарфи арабиро мехонанд гуфтанд, ки ҳуруфи арабӣ аст.”

Хонуми Азизова афзуд, ки овозаи навиштаҳои “Оллоҳ” ва “Бисмиллоҳ” берун аз ноҳияи Балҷувон ба мардум расидааст, ки ҳатто мансабдорон низ ба дидани донаҳои каду омадаанд ва аз ин донаҳо гирифта бурдаанд.

Бибиробия Абдуллоева
Бибиробия Абдуллоева

Бибиробия Абдуллоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, яке аз нафаронест, ки бо шунидани ин хабар роҳи дарозеро тай карда барои дидани навиштаҷоти донаҳои каду ба ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон рафтааст. Хонуми Абдуллоева ба навиштаҷоте монанд ба ҳуруфи арабиасос дар донаи каду зиёд бовар надорад, чун ҳуруфи арабиро намедонад. Аммо ин зан мегӯяд, чун мардуми деҳот кадуро аз хӯрданиҳои дӯстдоштаи паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад Расулулоҳ (с) медонанд, ба ин далел бовар доранд, ки болои ин донаҳо ояте аз Қуръони Карим навишат шудааст, “Шояд дар донаҳои каду навиштаҷоти исломӣ бошад ва барои ман ҳам аҷиб буд. Мардуми деҳот хӯрданиҳоеро, ки аз каду омода мешавад дору ё ҳаким медонанд, чун ба боварии онҳо каду хӯриши дӯстдоштаи паёмбар будааст. Ман шоҳид будам, ки мардуми куҳансоли деҳот вақте хӯрокеро аз каду ба хона меоранд барои эҳтиром аз ҷояшон бармехезанд.”

Аммо рӯҳониёни Хатлон мегӯянд, ки мардум солҳои охир то ҷое хурофотӣ шудаанд ва ба ҳар навиштаҷоте монанд ба ҳуруфи арабӣ бовар мекунанд ва дар атрофи он қисса месозанд. Домулло Ҳикматуллои Сиҷоат, руҳонӣ аз вилояти Хатлон мегӯяд, мардум зудбовар ҳастанд ва аз рӯи ихлос ва этиқодашон ба Ислом ба ин чизҳо зуд бовар мекунад. Аммо ӯ мегӯяд: “Ҷои инкор кардан нест, дар меваю сабзаҷот ва гӯсфанду дигар ҳайвонот навиштаҷот ҳаст. Ин нишонаҳои Оллоҳ аст. Дар таърихи Паёмбар гуфта шудааст, ки кадуро дӯст медоштаанд.”

Ирфониддин Шамсиддинов, сархатиби масҷиди Имоми Аъзами шаҳри Қӯрғонтеппа бо ишора ба яке аз ояҳои қуръон мегӯяд: “Худованд дар коинот нишонаҳои қудрат ва бузургиро нишон медиҳад, вале донаҳои кадуе, ки дар Балҷувон ҳаст, бояд онро бубинем. Аммо афроде ҳастанд, ки мегӯянд дар бадани занон, аз ҷумла дар нофи занон навиштаҳои исломӣ аст, ки ин хурофотпарастӣ мебошад. Дар ҳар шариат ин қобили қабул нест, чун батни занак ҷои навиштани ин ҳафрҳо нест. ”

Хабари пайдо шудани донаҳои каду бо навиштаҷоти ҳуруфоти арабӣ дар Балҷувон ба шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ва ҳамин тавр берун аз он расида, ангезаеро дар дили мусалмонҳо афзоиш додааст, ки донаҳои “исломӣ”-ро бо чашми худ бубинанд. Бо ри аввал нест, ки сокинони маъмулии шаҳру навоҳии Тоҷикистон исми Оллоҳро дар меваву сабзаҷот, долу дарахт ва ҳатто абрҳои осмонӣ кашф кардаанд. Соли 2007 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми буридани дарахти қадимае навиштаҳои монанд ба ҳуруфи арабӣ пайдо гардид ва мардум моҳҳо ин дарахтро зиёрат мекарданд.

Аммо бо ин ҳама боварҳо ва нобовариҳои мардум, сокинони ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, мутмаин ҳастанд, ки дар донаҳои каду калимаҳои “Оллоҳ” ва “Бисмиллоҳ” навишта шудааст. Ин аст, ки бархе аз онҳо донаҳои кадуро барои кишт нигаҳ доштаанд ва мехоҳанд бубинанд, ки аз дохили кадуҳои оянда чӣ каломе берун хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо мегӯянд, Худованд ҳамчун офарандаи тамоми ҷаҳон ниёзе ба таблиғи номи худ аз ин тариқ надорад.

XS
SM
MD
LG