Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Душанбе-1” барандаи Ҷоми Султон Мирзоев шуд


Дастаи “Душанбе-1” барандаи Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, гардид.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, рӯзи 24-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии дастаи “Душанбе-1” ба анҷом расид.

Ин мусобиқаро имсол Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи футболи шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Бунёди рушди варзиши ба номи Султон Мирзоев, ки ба он писари шодравон, мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев раҳбарӣ мекунад, ташкил намуданд.

Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори футболи тоҷик, ки бо ибтикори ӯ аз соли 1999 то кунун ин мусобиқа барои бори шонздаҳум баргузор шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳадафи ин мусобиқа рушди футбол миёни наврасон, дарёфти футболбозони моҳир ва ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар шомил кардани онҳо буд. Умедворем, ки дар оянда аз байни онҳо ба мисли шодравон Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаҳои машҳури “Помир”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа, футболбозони моҳир ба камол мерасанд.»

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ панҷ рӯз идома ёфт, футболбозони навраси солҳои таваллудашон 1997-1998 аз вилояти Хатлон (ду даста), вилояти Суғд (Исфара), шаҳри Душанбе (се даста), шаҳру навоҳии тобеи марказ (Ваҳдат), инчунин, дастаи шаҳри Ӯши Қарғизистон иштирок карданд.

Дастаи Душанбе-1 (мураббиаш Зайниддин Раҳимов), ки дар бозии ниҳоӣ бар тими “Душанбе-2” (мураббиаш Раҷаб Расулов) бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад, бо Ҷоми Султон Мирзоев ва диплому медалҳои тилло сарфароз гардид.

Ба дастаи “Душанбе-2” барои ҷойи дувум ҷоми хотиравӣ, диплому медалҳои нуқра ва ба дастаи “Хатлон-2” (мураббиаш Салоҳиддин Бухориев) барои ҷойи севум ҷоми хотиравӣ, диплому медалҳои биринҷӣ супурда шуданд.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, инчунин, ситораҳои футболи шӯравӣ Владимир Ғуломҳайдаров ва Нуриддин Амриев, собиқ бозигарони дастаи “Помир”-и Душанбе, ширкат варзида, ба футболбозони ҷавон орзуҳои нек карданд.

XS
SM
MD
LG