Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манижаи Давлат: “Се моҳи дигар сабр кунед... Бармегардам!”


Манижаи Давлат, овозхони маъруфи тоҷик, гуфтааст, мухлисонашро зарур аст, се моҳи дигар сабр кунанд, то ӯ бо оҳангу таронаҳои нав рӯи саҳнаи ҳунар биёяд.

Манижаи Давлат, овозхони шинохтаи тоҷик, ки ҳашт сол боз рӯи саҳнаи ҳунар несту аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекард, аз бозгашташ хабар додааст. Ӯ дар суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Пресса.Тҷ гуфтааст, барои ин мухлисонашро зарур аст, се моҳи дигар сабр кунанд.

“Ба ин нуқтаи назар, ки гӯиё тарс дорам рӯи саҳна биёям, розӣ нестам. Ҳар кас роҳу мухлиси худро дорад. Хуб медонам, ки ин овоза ва ақидаро дар фикри мардум бадхоҳон ҷорӣ намудаанд”,-гуфтааст ӯ. Манижаи Давлат илова намудааст, бар қасди, ба гуфтаи ӯ, бадхоҳону бадгӯёнаш “ҳамон тавре ки бо сари баланд хомӯш шуда будам, ҳамон тавр сарбаландона бо шӯру валвала ба саҳна бармегардам. Барои ин, мухлисонамро ду-се моҳи дигар лозим аст, мунтазир шаванд. Зеро барояшон Манижа оҳангҳои ҳирфаию ҷадидеро омода намудааст. Он гоҳ мебинем, Манижа тарсу аст ё барои исботи ҳақ буданаш устувор”.

Овозхони маъруфи тоҷик дар идомаи суҳбаташ гуфтааст, агарчӣ солҳои охир дар рӯи саҳнаи ҳунар набуд, аммо пайваста оҳанг эҷод мекарду бо ҳунармандони ҷавон ҳамкорӣ дошт. Чанде аз оҳангҳои ӯро Зайнура Пӯлодова, Гулрӯ Табарова ва Зулайхо Маҳмадшоева иҷро кардаанд, ки матни аксари онҳоро Ҳоруни Роун, шоири муҳоҷири афғон, ки ҳоло дар Канада ба сар мебарад, навиштааст. Оқои Роун тақрибан даҳ соли пеш дар Тоҷикистон мезист ва бо овозхонҳои кишвар, бахусус Манижаи Давлат ва Сироҷиддини Фозилу дигарон ҳамкорӣ дошт.

“Вале ин маънои онро надорад, ки Манижа ба тамом ба оҳангсозӣ гузаштааст. Манижа оҳангҳои ҷолиберо дар иҷрои худ омода кардааст, аммо барои баровардани албоми нав пас аз чандин соли хомӯшӣ каме вақт зарур аст. Мутмаинам, мухлисон маро фаромӯш накардаанду ҳанӯз ҳам интизори сурудҳои банда ҳастанд”,-изҳор доштааст ӯ ба хабарнигорри Пресса Тҷ.

Аз ҳоло ин ҳарфҳои Манижаи Давлат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мояи баҳси тарафдорону мухолифони овозхонии ӯ шудааст. Бархе аз ин иқдоми ӯ ҷонибдорӣ карда, бесабрияшонро барои шунидани таронаҳои нави ӯ баён доштаанд. Аммо иддае дигар мухолифи ин тасмими Манижаи Давлат баромада, хостаанд, беҳтар аст, рӯи саҳнаи ҳунар наояд ва ба ибодату зикри Худо машғул бошад.

Манижаи Давлат дар оғози соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва дигар форсизабонҳо маҳбубият касб намуд. Ӯ дар соли 2002-юм консерти нахустини худро дар Кохи Борбади Душанбе баргузор карда, ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи "Сарнавишти ман" ба бозор баровард.

Манижа аз ҷумлаи камтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон буд, ки дар соли 2006-ум ба Афғонистон рафт ва дар он ҷо барномаҳои консертӣ ҳам иҷро намуд. Аммо баъд аз ин сафараш дигар Манижа дар саҳнаи ҳунар кампайдо шуд ва дар бораи зиндагиву кори ӯ низ сару садоҳое пахш гардиданд. Бо ин вуҷуд, то ҳанӯз Манижаи Давлат далели сукут ва канор рафтан аз саҳнаи мусиқиро шарҳ надодааст.

Ойим Ашӯрова, модари Манижа Давлатова, низ чанде пештар дар суқҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, намедонад, чаро духтараш аз саҳнаи ҳунар канор рафт. Вале ӯ таъкид карда буд, ки духтараш ҳоло машғули таҳияи оҳангу таронаҳои ҷадид мебошад.

XS
SM
MD
LG