Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯйсафеди 85-сола дар марги аскар айбдор шуд


Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Қӯрғонтеппа сокини 85-солаи ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ Қурбоналӣ Алимардоновро дар марги сарбози неруҳои марзбонӣ Сиёвуш Атоев гунаҳкор дониста, ӯро ба як соли ҳабси шартӣ маҳкум кард.

Бино бар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 21-уми июл содир шуд, ин муйсафеди 85 сола бар пояи моддаи 108-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани каси дигар" гунаҳкор шудааст.

Аммо пайвандони Сиёвуш Атоев, сарбози қисми низомии 26 10 -и Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМТ, аз ҳукми додгоҳ изҳори нигаронӣ карда, мегуянд, на фақат ин муйсафед, балки масъулони қисми марзбонӣ ҳам бояд муҷозот мешуданд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, Сиёвуши ҷавонмарг моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми гузаштан аз хоҷагии ёрирасони қисми низомӣ ба сими барқ бархӯрда, ба ҳалокат расидааст. Ӯ он вақт бо се ҳамхидматаш дар обчакории қисми низомӣ масъули дидбонии сабзавот буд ва замоне, ки мехост гӯсфандеро аз мазра берун кунад ба сими барқ бархӯрда дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

Фармондеҳони қисми низомӣ мегӯянд, ин як тасодуф буд ва пирамард Қурбоналӣ Алимардонов ба хотири ворид нашудани ҳайвоноти мардум ба хоҷагии ёрирасони қисми ҳарбӣ симхорро ба барқ васл намуда, касеро аз ин огоҳ накардааст. Маҳз ба ин хотир, Маҳмадсаид Исмоилов,

Сиёвуш Атоев
Сиёвуш Атоев

масъули бахши Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ гуфт, ки дар марги сарбоз Қурбоналӣ Алимардонов гунаҳгор аст, «Ба ман гуфтанд, ки Сиёвушро ток задааст ва мурдааст, вале ман маълумоти зиёд надорам, вале ҳамон сарбозонро бо фармони роҳбарияти қисми низоми фиристодем ва онҷо праблема надошт. Ин мӯисафед аз пеши худ онҷо хати барқ кашидааст ва мо аслан хабар надоштем».

Ин ҳам дар ҳоле, ки Сайфиддин Атоев, падари Сиёвуш мегӯяд, рӯзи аввал кормандони қисми низомӣ сабаби марги писарашро кандани сими симчуб гуфтаанд, вале баъд аз таҳқиқ маълум гардид, ки симхори атрофи хоҷагии ёрирасон бо барқ пайваст буда, ин амр боиси марги Сиёқвуш шудааст: «Вақте, ки мурдаи фарзандамро ба хонаамон оварданд, кормандони қисми низомӣ гуфтанд, ки вақти ҳодисаҳои табиӣ - шамол симҳои симчӯбҳо канда мешавад ва писари шумо ноқилро нофаҳмида ба дасташ мегираду мефавтад, вале ин гуфтаашон дурӯғ аст ва онҳо сими махсусро, ки нерӯи барқ доштааст ва онҷо будааст, ки писари ман ба хотири наҷот додани гӯсфанди як сокини маҳаллӣ фавтидааст. Дар гузашта кормандони қисми низоми ин симхорро бо барқ ба хотири шикорӣ хук ва тиҷорати он гузоштаанд ва худашон огоҳ будаанд, ки инҷо барқ аст ва ба ҷони сарбозон хатар дорад, вале аз ин чиз пешгирӣ накардаанд»

Падари Сиёвуш мегӯяд, марги писараш тасодуфӣ набуда ва дар он масъулони қисми низомӣ гунаҳкоранд ва набояд як муйсафеди 85-сола муҷозот шавад, балки фармондеҳони қисми низмӣ ҳам ҷазо бинанд.

Талоши мо барои сӯҳбат бо Қурбоналӣ Алимардонов бенатиҷа анҷомид, аммо Юсуф Маҳмадов, вакили ин муйсафед, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт. ки зерҳимояаш дар марги сарбоз худро гунаҳгор медонад. Ӯ афзуд, «ҳар чизе, ки мувакили ман мехост, ман кушиш кардам ва худи ӯ ба гуноҳаш қоил шуд."

Сиёвуш Атоев, сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шурообод, соли 2013 аз тарафи комиссарияти ҳарбии ин ноҳия барои хизмат ба Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМТ даъват шуда буд.

XS
SM
MD
LG