Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз тақдир гурез нест. Қиссаи талхи 13 қурбонии ярч дар Шӯрообод


Замира Носирова, яке аз сокинони бесарпаноҳмондаи деҳаи Одинабойӣ мегӯяд, ӯ ва аҳли хонаводааш шоми 12 апрел бо амри тақдир аз марг наҷот ёфтанд.

Аммо аз хонаводаи амаки Замира, ки дар ҳамсоягияшон ба сар мебурд, танҳо 2 писар ва худи амакаш, ки он шаб дар Душанбе буд, зинда монда, боқӣ 6 узви ин оила, аз ҷумла кӯдакону келинҳо зери лою об мондаанд: «Соати ҳафти бегоҳ буд, бо кӯдакон ҳама дар хона будем, ки сел омад. Аз сел гурехта ба хонаи дигарамон рафтем, ки ин хона чаппа шуд, зери кӯҳ монд, бо як азоб моро аз ин хона берун карданд. Боз тарафи хонаи селзадаамон гурехтем. Вале хонаводаи амакам натавонистанд наҷот ёбанд. Набераҳои амакам ва келину ҳамсараш - ҳамагӣ 6 нафар - фавтиданд. Боз аз ду хонаводаи дигар ҳам аз сел паноҳ бурда, ба ин хона омада буданд ва 5 нафар аз як хонавода даргузаштанд, аз хонаводаи ҳамсояи дигар 3 нафар тавонистанд наҷот ёбад, вале ду кӯдакашон зери кӯҳ монд.»

Бино ба ба нақли Замира дар маҷмӯъ 13 нафар аз 3 оила, ки 7 нафараш ноболиғ будаанд, зери як бом аз сел паноҳ мебурданд, вале ин бом ҳам дар пайи лағжиши кӯҳпора фурӯ рафтаву сабаби марги ин 13 нафар шудааст. Замира мегӯяд, ки ҳамроҳ бо фарзандон ва як теъдод аз мардуми осебдидаву бесарпаноҳмондаи деҳаи Одинабойӣ дар мактабе дар ҳамсоягии деҳ ҷой карда шудаанд: «Чизе надорем ҳоло бо худ. Пойи луч омадаем ин ҷо. Ҳама чӣ зери обу лой монд. Оварданд, дар ин мактаб монданд моро. Ҳоло намедонем дигар, куҷо меравему чӣ кор мекунем? Кӯдакон ҳам ҳама бо либоси тунук.»
Қиссаи талхи қурбониҳои ярч дар Шӯрообод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи сокинони деҳ, дар пайи боришоти шадид ва лағжиши бораи кӯҳ беш аз 20 хонаводаи рустои Одинабойӣ дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯробод аз хонаву дари худ маҳрум шудаанд. Онҳо мегӯянд, ки субҳи якшанбе онҳо бо кӯмаки сокинони рустоҳои дигар занону кӯдаконро аз зери гилу лой берун овардаву наҷот додаанд ва танҳо баъд аз ин масъулин ва кормандони кумитаи ҳолатҳои изтирориву дигар ниҳодҳо дар маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд.

Саймӯъмин Шерхонов, ки баробари огоҳ шудани аз ин ҳодиса субҳи 13 апрел аз як рустои ҳамсоя ба деҳи Одинабойӣ рафтааст мегӯяд, мардум ва махсусан занону кӯдакон дар як ҳолати хеле баду даҳшатовар зери обу лой қарор доштанд. Саймӯъмин меафзояд: “Мо як кӯдаку як марди миёнсолро аз зери гилу лой берун овардем. Кӯдак бо гаҳвора зери хок монда буд ва шояд то субҳ зинда буд, баъдан дар даҳонаш каме лой даромадаву фавтидааст. Воқеан даҳшат аст, роҳҳо ҳама хароб шуда, ҳама пур аз лою гил, занону кӯдакон ҳам бо сару рӯйи пур аз лою ҳаросон чӣ кор карданро намедонистанд. Талафот хеле зиёд аст, бисёриҳо аз хонаву гову мол маҳрум шудаанд, баъзе ҳам гум шуда буданд ва кофтуков идома дошт.”

Бо ин ҳол, ҳаҷми хисороти молии расида ба сокинони рустойи Одинабойӣ ҳанӯз дақиқ нашудааст ва бино ба иттилои Ориф Нозимов, сухангӯи кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, ин мавзӯъ аз сӯи ситоди вижаи фавқулоддае, ки субҳи 13 апрел бо дастури президент таъсис ёфт, таҳқиқ мешавад: «Ҳодисаи фаромадани ярч дар деҳаи Одинабойӣ соати 22 30-и шаб ба қайд гирифта шуда, шумораи аслии қурбониён ва ҳаҷми умумии хисорот баъди ҷамъбасти фаъолияти комиссия муайян мешавад. Ҳоло он ҷо гурӯҳи корӣ аз ҷумла бо ширкати генерал- майор Рустам Шоев, муовини раиси кумита ва ситоди вилоятии ҳолатҳои изтирорӣ фаъолият доранд.»

Ҷамоати Саричашма дар ду соҳили як рӯдхонаи кӯчак ҷойгир шудааст, ҳарчанд ба ин рӯдхона оби кам ҷорӣ мешавад, аммо дар фасли баҳор ва мавсими боришот он аксаран боиси обхезӣ ва осеб дидани мардум мегардад. Ҷамоати Саричашма дар соли 2010 низ шоҳиди ҳамин гуна офати табиӣ шуда буд ва он вақт 5 нафар ҷон бохт. Ба гуфтаи сокинон, баъд аз он ҳодиса қарор буд, ки манзилҳои дар манотиқи хатарнок воқеъ бударо ба дигар деҳот бикӯчонанд. Барои баъзеҳҳо замин ҳам ҷудо шуд, аммо на ҳама манзилҳои кӯҳнаи худро тарк карданд.

Муҳаммадшо Шоев як сокини ин ҷамоат мегӯяд: «Дар як ҷои дигар ваъда доданд, вале нашуд он ҷо ва дар дигар ҷо ба мардум замин доданд, баъзеҳо рафтанд ва баъзеҳо бо сабабҳои иқтисодӣ нарафтанд. Хулоса, ин ҳодиса хисороти бисёре овард ба мардум ва ҳоло агар ҳукумат як чора бинад, хуб мебуд, чунки вазъияти халқ хеле вазнин аст.»

Шоми 13 апрел аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар доданд, ки ба оилаҳои зарардида 60 хайма, 30 тонна сӯзишворӣ ва барои 3 хонаводаи зарардида маводи хӯрока ироа шудааст. Ориф Нозимов дар ин маврид гуфт: «Ин бегоҳ кумакҳо фиристода шуданд ва ҳамзамон дар назар аст, ки фардо низ боз як миқдор кумакҳо расонида шавад ба сокинони ҷамоати Сариҷашма.»

Гуфта мешавад, бар асари боронгариҳои шаби шанбе ба якшанбе рустоҳои ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ ва ҷамоати Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ ҳам зиёни ҷиддӣ дидаанд. Мақомот мегӯянд, ки хушбахтона, офати табиӣ дар ин мавзеъҳо талафоти ҷонӣ ба думбол надошт. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, дар ин ноҳияҳо ҳам барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ ситодҳои вижа таъсис шудаанд.

Офати табиӣ дар Одинабойӣ: Лаҳза ба лаҳза

Хабарнигори Озодӣ, ки дар рустои Одинабойии ҷамоати Саричашмаи Шӯрообод қарор дорад, тавассути телефон хабар дод, ки ҷанозаҳои 13 нафареро, ки аз зери хок берун кашиданд, баъди адои намози ҷаноза ба хок супурданд.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар майдони фурудгоҳи кӯҳнаи Саричашма барои беш аз 20 хонаводаи сокини рустои Одинабойӣ хайма дуруст мекунанд. Як қисми дигари хонаводаҳои осебдида аз ин русторо дар бинои мактаби рустои ҳамсоя ҷой кардаанд.

Шаби 12 ба 13 апрел баъди боронгариҳо як теппа болои рустои Одинабойӣ фурӯ рехта, чандин манзилро зери хок кард. Аксари қурбониҳо кӯдакони ноболиғ будаанд. Ба гуфтаи хабарнигори Озодӣ, аз як хонавода 6 нафар, аз хонаводаи дувум - 5 нафар ва аз хонаводаи сеюм - 2 нафар ҷон бохтаанд. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, аъзои ин се хонавода аз сел фирор карда, дар як манзил паноҳ бурдаанд, вале иттифоқан ҳамин манзили паноҳгоҳи ин се хонавода зери сел мондааст.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, ҷамоати Саричашма дар соли 2010 низ шоҳиди чунни як офати табиӣ шуда буд, ки 5 кушта ба ҷо гузошт. Ба гуфтаи сокинон, он вақт байни мардум ва мақомот маслиҳат шуда буд, ки манзилҳои дар манотиқи хатарнок воқеъбударо бикӯчонанд. Барои бархе замин ҷудо карданд, вале бисёриҳо дар ҳамон манзилҳои кӯҳна дар минтақаи хатарнок монданд.

Мақомот: Дар Шӯрообод ҷасади 6 кӯдакро аз зери хок берун кашидаанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, то ин соат ҳалокати 8 нафар дар Шӯрообод тасдиқ шудааст, вале эҳтимол дорад, ки шумори қурбониҳои ярч хеле бештар аз ин рақам бошад.

Ориф Нозимов, раҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зӯҳри 13 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин лаҳза ҳалокати 8 нафар бар асари ярчи шаби гузашта дар рустои Одинабойии ноҳияи Шӯрообод тасдиқ шудааст. Оқои Нозимов гуфт, мардум маҳаллӣ ва мақомот то ин соат ҷасади 6 нафарро, ки ҳамагӣ ноболиғ будаанд, аз зери хок берун овардаанд. Ӯ афзуд, офати табиӣ соати тақрибан 22-30-и шаб рух додааст.

Аммо дар посух ба суоли Озодӣ, ки гуфтаҳои сокинони маҳаллӣ дар бораи ҳалокати 13 нафар то куҷо қобили боварист, Ориф Нозимов гуфт, имкон дорад, ки шумори кушташудаҳо хеле бештар аз рақаме бошад, ки то ин лаҳза дар ихтиёри Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ки онҳо феълан гузоришҳо дар бораи мавридҳои бештари қурбониёни ярч дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Шӯроободро таҳқиқ мекунанд.

Ориф Нозимов ҳамин тавр, гуфт, бар асари сели шоми 13 апрел дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ низ хисороти зиёди молӣ расидааст, вале хушбахтона, офати табиӣ дар ин ду ноҳия бидуни талафоти ҷонӣ будааст.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ва хабарнигори Озодӣ, ки дар ҷои ҳодиса қарор дорад, шумораи қурбониёни ҳодисаи фаромадани ярч дар деҳаи Одинабойии ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба 13 нафар расидааст.Бар асари боронгариҳои шадиди шаби гузашта дар деҳаи Одинабойи ноҳияи Шӯрообод теппа лағжида ва беш аз панҷ хона зери хок мондаанд. Хабарнигори "Озодӣ" аз маҳали ҳодиса мегӯяд, то соати 11:30 қабл аз зӯҳри рӯзи якшанбе ҷасади 13 нафар аз зери хоку лой берун оварда шуда ва як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи бошандагони маҳал, ҳодиса тақрибан соати 12-и шаб рух дода ва аҳолӣ имкони фирор наёфтанд ва дар натиҷа ва беш аз панҷ хона зери ярч мондааст.

Хабарнигори радиои "Озодӣ" дар минтақаи Кӯлоб, ки ҳоло дар маҳали ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, ҷустуҷӯи афроди боқимонда идома дорад. Манбаъ аз қавли сокинон мегӯяд, беш аз 50 хона дигари ин деҳа хисорот дида ва чанд нафари дигар беному нишон шудаанд. Дар амалиёти берун овардани қурбониён, нерӯҳои вазорати умури дохилӣ ва қӯшунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ширкат доранд.

Шумораи дақиқи фавтидагон ва беномунишоншудагон то ҳол маълум нест, аммо сокинон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" аз теъдоди бештари қурбониён сӯҳбат мекунанд. Омори расмӣ дар мавриди шумораи ҳалокшудагон то ба ҳол рӯи даст нест, аммо вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар торнамои худ аз талафоти ҷонӣ дар ин ҳодиса хабар додааст, аммо омори дақиқеро зикр накардааст.

Хабарнигори "Озодӣ" мегӯяд, дар дурии 9 километр то ҷамоати Саричашма бинобар селхезӣ роҳ тахриб шуда ва мардум аз самти Кӯлоб ба ин минтақа ҳоло пиёда ҳаракат доранд. Раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов ҳудуди соати 10-и субҳ ва пиёда ба ҷои ҳодиса расидааст. Ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар 30 километрии шаҳри Кӯлоб воқеъ буда ва беш аз 6 ҳазор аҳолӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол бар асари боронгариҳои шаби гузашта чанд деҳаи ҷамоати «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб, деҳоти ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ ва чанд деҳаи ноҳияи Ҳамадонӣ зиёни ҷиддӣ дидаанд. Ҳамчунин аз ҳалокати як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бар асари боронгариҳои шаби гузашта гузориш шудааст.
Гуфта мешавад, садҳо чорвои хурду калони сокинони минтақа бар асари ин боронгариҳо талаф шудаанд.

Барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақа, бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис шудааст. Ба навиштаи торнамои расмии вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гурӯҳи корӣ иборат аз муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон, ҳайати вазорати умури дохилӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъсис шуда ва ҷиҳати кӯмак расонидан ба зарардидагон, тариқи чархбол ба ҷои ҳодиса рафтаанд.
XS
SM
MD
LG