Панҷшанбе, Май 23, 2013 Соат ба вақти Душанбе 04:09

Осиёи Марказӣ

Нишасти панҷуми RECCA. Аз ҳарф ба амал?

Раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмимҳои чор конфронси дигари RECCA-ро умдатан иҷронашуда номид.

x

Мақолаҳои ҳамсон

Видео Эътирози ҳайати амрикоӣ ба суханони Аҳмадинажод

Ҳангоми суханронии раисиҷумҳури Эрон дар нишасти панҷуми RECCA дар Душанбе ҳайати амрикоӣ толорро тарк карданд.

Э. Раҳмон: "Сулҳ дар Афғонистон барои мо муҳим аст"

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти панҷуми RECCA омодагии кишвараш барои кӯмак ба Афғонистонро эълом дошт.
Ҳаҷми матн - +
Конфронси панҷуми минтақаии ҳамкории иқтисодӣ барои Афғонистон бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Ҷаноби Раҳмон изҳори умедворӣ, ки ҳамоиши Душанбе хоҳад тавонст, сафҳаи тозаеро дар роҳи бозсозӣ ва рушди иқтисодии Афғонистон боз кунад. Аммо ҳамзамон бо ин умедвориҳо, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, қарорҳои чаҳор конфронси дигари RECCA умдатан иҷро нашудаанд. Вай ба эҷоди як механизми муносиби татбиқи тасмимҳои RECCA-и панҷум таъкид намуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба манфиатдор будани кишвараш барои як Афғонистони босубот ва устувор ишора намуд ва гуфт, Тоҷикистон ба ваъдаҳои худ дар ин замина вафо хоҳад кард. Ӯ аз тарҳи КАСА-1000 ба унвони барномае, ки ба нафъи ду кишвар ва инчунин ба суди ҳамгироии бештари минтақаӣ анҷом мешавад, ёдовар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба зарурати тақвияти мубориза бо маводи мухаддир низ таъкид намуд ва гуфт, мисли он ки барои аз Афғонистон ба хориҷи ин кишвар қочоқ нашудани маводи мухаддир мубориза сурат мегирад, барои ба Афғонистон ворид нашудани прекурсор ё маводҳои химиявие, ки дар кишварҳои дигар тавлид мешаванд, низ бояд барномаи мубориза таҳия шавад.

Дар акс: Ҳомиди Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Эмомалӣ РаҳмонДар акс: Ҳомиди Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Эмомалӣ Раҳмон
x
Дар акс: Ҳомиди Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Эмомалӣ Раҳмон
Дар акс: Ҳомиди Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Эмомалӣ Раҳмон
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, зимни сипос аз Тоҷикистон ва кишварҳои ширкаткунанда аз онҳо даъват кард, ки аз марҳилаи ҳарф ба марҳилаи амал дар ростои барномаҳои иқтисодии Афғонистон бигузаранд. Ӯ афзуд, дар сурати амалӣ шудани тарҳҳои иқтисодие, ки дар конфронсҳо ироа мешаванд, Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба мавқеи ҷуғрофияш шерозаи рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа хоҳад буд. Ҳомиди Карзай гуфт, дар чаҳор конфронси дигари RECCA асосан усули фикрӣ ва барномаҳои иқтисодӣ пайрезӣ шудаанд ва изҳори умедворӣ кард, ки иҷлоси панҷум марҳилаи иҷрои ваъдаҳо хоҳад буд.

Ҷаноби Карзай таъкид намуд, ки вақте ин барномаҳо амалӣ мешавад, ки кишварҳои минтақа саодат ва хушбахтии худро дар саодати миллатҳои ҳамсояи худ ҷустуҷӯ кунанд ва танҳо пайдо намудани нуқтаи иштирок дар манофеи якдигар метавонад рози иҷрои ин барномаҳоро боз кунад.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон низ гуфт, бояд санаде мураттаб шавад, ки кадом кишвар ба Афғонистон чӣ ваъда дода ва то куҷо ваъдаи худро иҷро кардаанд. Аммо, афзуд ӯ, агар ҳамаи ваъдаҳои кӯмак ба Афғонистон ҳам иҷро шавад, ин роҳи ҳалли мушкили он кишвар нахоҳад буд. Аҳмадинажод гуфт, роҳи ҳал ихроҷи ҳарчи сареи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон аст. 

Ӯ бо ироаи чанд пешниҳод барои ҳалли мушкили Афғонистон, аз ҷумла гуфт, ки кишварҳои узви НАТО агар 5 дарсади буҷаи низомии худ ва ё 25 дарсади масрафи нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро дар муддати 10 сол дар ихтиёри давлати Афғонистон қарор бидиҳанд, онҳо мушкили худро ҳал хоҳанд кард.  

Loading
12:00:00 / -:--:--


Як сухангӯи дигари ин ҳамоиш Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон буд ва гуфт, Афғонистони аз нигоҳи иқтисодӣ босубот ба нафъи амнияти минтақа ва мубориза бо терроризму ноамнӣ мебошад. Покистон барои иҷрои ваъдаҳои худ дар Афғонистон то кунун сармоягузориҳои зиёде кардааст. Ӯ гуфт, «ман ин ҷо ҳузур дорам, то тааҳҳуди Покистонро барои сулҳ ва суботи Афғонистон нишон диҳам.»

Як ҳайати амрикоӣ ба раҳбарии Роберт Блейк низ дар ин нишаст ҳузур доштанд.Як ҳайати амрикоӣ ба раҳбарии Роберт Блейк низ дар ин нишаст ҳузур доштанд.
x
Як ҳайати амрикоӣ ба раҳбарии Роберт Блейк низ дар ин нишаст ҳузур доштанд.
Як ҳайати амрикоӣ ба раҳбарии Роберт Блейк низ дар ин нишаст ҳузур доштанд.
Конфронси мазкур баҳонаи муносиберо барои баррасии роҳҳои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон фароҳам кардааст. Аз як сӯ коршиносон ва аз сӯи дигар мақомот роҷеъ ба ин баҳс назарҳои мухталиферо ироа мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ин корфронс гуфтааст, рушди иқтисоди Афғонистон бидуни дастёбӣ ба суботи комил дар ин кишвар имкон надорад. Ӯ афзудааст, расидан ба субот ва дастёбӣ ба рушди иҷтимоӣ танҳо аз роҳи ҳалли сиёсӣ имкон дорад ва ба ин далел Тоҷикистон аз муколама бо ҳамаи тарафҳои низоъ дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад.

Чор конфронси гузаштаи RECCA дар Кобул, Деҳлии нав, Истамбул ва Исломобод доир шуда буданд. Исмоил Раҳматов, аз афғонистоншиносони тоҷик мегӯяд, солҳо талошҳои сиёсӣ натиҷа надода ва имкон дорад, ворид шудан аз роҳи иқтисодӣ ба ҳалли мушкил масъаларо осон кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 30 соли охир то кунун бештар аз 1000 конфронс дар мавриди дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон доир шудааст ва натиҷа ҳам он аст, ки мебинем.     

Дар конфросни панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон намояндагони бештар аз 50 кишвар ва созмони байналмилалӣ дар сатҳи раисони ҷумҳурӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва ё муовинони вазир ширкат доранд. Ин конфронс рӯзи сешанбе низ идома мекунад ва қарор аст чанд санад ва қатъномаеро дар робита ба ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварҳои минтақа барои Афғонистон қабул кунад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Muhammad аз: Zafarobod
27.03.2012 08:57
Salom! Hamvatanoni aziz! avvalan hamai shumoro bo Navruzi baynalmillali tabrik meguyam.
Albatta Konfronsi RECCA-V baroi rushdu numui Afghoniston va mintaqa muhim meboshad. Zero sulhu subot dar Afghoniston manfiati tamomi davlatho meboshad. Makhsusan ba manfiati mo tojikon, agar mo tojikon baroi sulhi Afghoniston tavonem kumak kard ba mo manfiatovar meboshad. Zero mo tariqi Afghoniston ba Bandari Karochii Pokiston patvast meshavem. Va shumo medoned, ki tamomi mol dar Pokiston nisbati mo 2 yo 3 barobar arzon ast. Va mo metavonem tariqi barnomai CASSA-1000 barqro ba Afghonistonu Pokiston intiqol dihem va ba maifiati Mo va ham ba manfiati onho meboshad. Albatta sulh in yak nemati bebahoi khudivand ast. Va mo mekhohem dar tamomi dunyo sulh boshad ozodi boshad va tamomi qavmu millatho ozodona umr ba sar barand.

Ном: Илхоми Ахмад аз: Душанбе
27.03.2012 10:13
Савол ба ozodi.tj(org). Мухтарам чанобон Р.Давлат ва Б. Юсуфи Шумо бо телефон навор мегиред ки ин кадар сифати паст дорад наворхоятон??? Чавобро интизорам...

Ном: Ватандусти Миллатпарвар аз: Хорича
27.03.2012 10:15
Рахмон авал ваъдае,ки ба мардуми точик медихад ба хамон вафо кунад баъд дар бораи дигар кишвархо суханрони кунад.

Назари Шумо чист?

The poll is loading, please wait ...
Poll archive

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Писандидаҳо