Чоршанбе, Июн 19, 2013 Соат ба вақти Душанбе 11:16

Ҷаҳон

Роҳ, барқ, об, газ... Санад ҳаст, имкониятҳо чӣ?

Мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон бо имзои як ёддошти тафоҳум анҷом пазируфт.

Дар акс: Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди АҳмадинажодДар акс: Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод
x
Дар акс: Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод
Дар акс: Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод

Мақолаҳои ҳамсон

Дафтари Бонки миллии Покистон дар Душанбе фаъол шуд

Нахустин дафтари намояндагии Бонки миллии Покистон дар маркази шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

Зарифӣ: "Мухолифи таҳримҳо бар зидди Эронем"

Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз ҳеҷ таҳриме алайҳи Эрон, бахусус иқтисодӣ ҷонибдорӣ намекунад.
Ҳаҷми матн - +
Густаришу тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар заминаи иҷрои тарҳҳои муштарак, аз ҷумла бунёди роҳҳои нави оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз мавзӯъҳои матруҳа дар мулоқоти сеҷониба будааст. 

Раҳбарони Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар пайи ин мулоқоти худ дар бораи сохтмони роҳи оҳан, интиқоли барқу об ва газу нафт як ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Бар асоси ин санад се кишвар имкониятҳо барои бунёди роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Афғонистону Эрон ва интиқоли нафт аз Эрон ба Афғонистону Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Гуфта шуд, ки аввалин нишасти кумиссиюни муштарак пас аз ду моҳ аз имзои ин санад дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд. Ҷонибҳо гуфтанд, ки дигар кишварҳои алоқаманд низ метавонанд ба иҷрои ин тарҳҳо ҳамроҳ шаванд.

Кумиссиюни муштарак баррасиҳои техникӣ ва молиявии худро нисбат ба таъмини маблағҳои тарҳҳои ёдшуда анҷом хоҳанд дод. 
Сарони кишварҳо ба масоили таъмини амнияти минтақа, махсусан вазъи Афғонистон низ таваҷҷӯҳи хос нишон додаанд.

Ба дунболи мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон, музокироти чаҳорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон низ дар "Кохи Сомон" баргузор шуд. Дар зимн, Ҳомид Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ -- раҳбарони Афғонистон, Эрон ва Покистон бо даъвати ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон вориди Душанбе шудаанд.

Онҳо дар барномаҳои ҷашнии Наврӯзи байналмилалӣ-2012 дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ карданд.  

Loading
12:00:00 / -:--:--
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Бебарки
25.03.2012 22:07
Огои Карзай аз омаданат мардуми мо бебарктар хохад ШУД бигзор миллати чангдидаи Афгон дар рушнои бошад мо мардуми точик гуруснахам бошем бебарк хам бошем мухри хомуши дорем ош шавад Рогун бо шумо зебанда хуш омадед.

Ном: салмон аз: кулоб
26.03.2012 00:53
Чашни навруз соли оянда дар бояд Дар Афгонистон кобул мешуд.чаноби оли хато кад.грфт худи да ашкобод бондш набояд ихел мешуд Ба гумонам огой карзай хела хафа шуд. ОЗОДИ ЧОП КУН
Дар посух

Ном: Беном аз: Истаравшан
26.03.2012 15:49
Бале, Навруз бояд пас аз Эрону Точикистон дар Афгонистон чашн гирифта шавад, баъд дар дигар кишвархо, чун сохибони таърихии навруз махз хамин мардумонанд.

Назари Шумо чист?

The poll is loading, please wait ...
Poll archive

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Писандидаҳо