Ҷумъа, Июл 25, 2014

Сиёсат

Даъвати рамазонии Тӯраҷонзода аз Эмомалӣ Раҳмон

Агар раисиҷумҳур қонуни масъулияти волидайнро имзо кунад, намози таровеҳ бе ширкати то 18-солаҳо доир хоҳад шуд.

Ҳоҷӣ Акбари ТӯраҷонзодаҲоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
x
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
Моҳи шарифи Рамазон рӯзи якуми август шурӯъ шуда, дар давоми 30 рӯз мусулмонони Тоҷикистон рӯзадор хоҳанд буд.

Нахӯрдан, наошомидан ва ҷимоъ накардан аз субҳи содиқ то намози шом шарти аслии рӯза доштан дар моҳи Рамазон аст. Ин моҳ моҳи
Агар ин қонун
дар остонаи моҳи Рамазон ва ё дар
давоми он аз сӯи президент имзо шавад, ҷавонони то 18-сола нахоҳанд тавонист, бо ҷамоа намоз бигузоранд...
 нузули Қуръон ва қироъати он, моҳи намози таровеҳ ва фурсате барои поксозии қалби шахс аз ҳама ношоистагиҳост.

Аммо бо ин вуҷуд дар ҷадвали кории расмӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна тағйире пеш нахоҳад омад ва идораҳои двлатӣ ва ғайридавлатӣ ба тартиби маъмулӣ ба кори худ идома хоҳанд дод.

Бо вуҷуде, ки гармои тоқатфарсои болотар аз 40 дараҷа шояд гирифтани рӯза ва ҳамзамон иҷрои масъулияти рӯзмарраро мушкил кунад. Дар бархе аз кишварҳои мусулмонӣ дар ин моҳ тартиби ҷадвали корӣ тағйир мекунад, аммо на дар Тоҷикистон. 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ҳамасола дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро табрик мекунад ва ба соҳибкорону тоҷирон муроҷиат намуда, онҳоро ба додани хайру закот ба нодорону камбағалон даъват мекунад.

Ӯ солҳост аз он ибрози таассуф мекунад, ки дар кишварҳои исломӣ чун анъана дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳо ва мағозаҳо нархи маҳсулот поён мефарояд, вале дар Тоҷикистон акси ин ҳолат мушоҳида мешавад. Бо ин вуҷуд, ҳаргиз ин даъватҳо натиҷа надодааст ва ҳамчунон тамоюли баръакс мушоҳида мешавад.

Омадани моҳи Рамзон ба сурати табиӣ бо шикояти сокинони Душанбе аз болоравии қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳо ҳамроҳ аст.





Ҳамзамон тайи рӯзҳои ахир дар мағозаву бозорҳои Душанбе болоравии нархи бархе аз маҳсулоти хӯрокворӣ мушоҳида мешавад. Дар тӯли чандин соли охир, на иқдомоти сахтгиронаи мақомот, на даъватҳои мукаррари тавре гуфта шуд сардори давлат ва на таблиғи рӯҳониён аз тоҷирон барои боло набурдани қимати маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон натиҷа надодааст ва имсол низ як мушкили аслӣ болоравии нархи маводи ғизоӣ дар остонаи моҳи Рамазон аст. 

Аммо имсол муҳимтар аз ин ҳам масъалаи мушкилсоз Қонуни дар порлумон ба тасвибрасидаи масъулияти волидайн аст, ки гузоштани намоз ба ҷавонони то 18-соларо мамнӯъ мекунад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё намози таровеҳи имсол бидуни ширкати даҳҳо ҳазор ҷавони то 18-сола хоҳад гузашт?

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусулмонон ва раҳбари пешини қудратманди мухолифони давлат мегӯянд, аз раисиҷумҳур
Бархе аз
созмонҳои
байналмилалӣ ва киш
варҳои ғарбӣ аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки банди маҳдудиятҳои мазҳабӣ аз ин қонунро лағв кунад...
 даъват мекунад, ки Қонуни масъулияти волидайнро, ки иҷрои фарзи илоҳиро маҳдуд мекунад, дар моҳи Рамазон имзо нагузорад.

Ӯ мегӯяд: "Агарчанде ҷаноби президент ин қонунро пешниҳод кардааст, аммо имрӯз ба аксарият маълум шуд, ки татбиқи ин қонун метавонад боис ба  норозигӣ дар ҷомеа бишавад. Намоз фарз аст ва ба масҷид рафтани аз дувоздаҳсола боло барои касоне, ки мусулмон ҳастанду эътиқод доранд воҷиб мебошад. Бинобар ин, ҷавонони 13, 14, 15, 16, 17 ва 18-сола  аз дидгоҳи шариат шахсони оқилу мукаллафу болиғ ҳастанд. Намози ҷамоъат рафтани онҳо воҷиб аст. Манъ кардани онҳо аз намози ҷамоъат гуноҳи кабира аст ва ҳар касе инҳоро манъ мекунад, ба ҳамон таҳдиди илоҳӣ, ки дар сураи Бақара Худо мегӯяд, кист золимтар аз касе, ки манъ мекунад мардумро аз ибодат дар масҷидҳои Худо, дохил мешавад. Акнун ин танҳо аз ҷаноби президент вобаста аст ва ман фикр мекунам, ки бояд ҷаноби президент ин масъулиятро ҳис кунанд ва ин қонунро имзо накунанд ва ин бисёр кори хуб мешавад. Вале агар рафту имзо ҳам карданд, вақте қонуни ҷомеа ба қонуни худо мухолифат мекунад, мусулмон вазифадор аст, ки ба қонуни Худо итоат кунад. Мисле, ки мегӯянд, агар қонуни миллӣ ба қонуни байналмилалӣ мухолифат кунад, меъёрҳои байналмилалӣ амал мекунад, ин ҷо ҳам қонуни Худо авлавият дорад."

Дар ҳар сурат агар ин қонун дар остонаи моҳи Рамазон ва ё дар давоми он аз сӯи президент имзо шавад, ҷавонони то 18-сола нахоҳанд тавонист, бо ҷамоа намоз бигузоранд. Дар ҳоле, ки Рамазон моҳи намози ҷамоаи таровеҳ аст.

Қонуни масъулияти падару модар аз як сол ба ин ҷониб мавриди баҳс буд ва ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуда ва Маҷлиси Миллӣ ҳам ба он раъйи мувофиқ дод ва барои имзо ба раисиҷумҳур пешниҳод шудааст.

Бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки банди маҳдудиятҳои мазҳабӣ аз ин қонунро лағв кунад. Дар ҳар сурат, Тоҷикистон як ҷомеаи суннатист ва ин суннатҳо басо қонунҳо, ҳатто қонунҳои Шӯравии абарқудратро шикастаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 9
Ном: комил бобоев аз: панчакенти бостони
01.08.2011 03:09
мохи шарифи рамазон муборак хамватанони азиз дар ин мохи муборак аз даргохи худованд ба хамаи шумо кабули ибодат ва рахмати оллохро тамано дорам

Ном: JON аз: USA
01.08.2011 03:31
Salom ba hamvatanon!Mohi sharifi RAMAZON ba hamai musulmonon muborak shavad!Ofarin ba barodaron TURAJONZODAHO,onho gapi haka gap mezanand,lekin gapi onho ba diskamanhovu mayhuronu ateiston saht merasad.magar dar TJK digar emomhatibhoi banomus namondaast fakat TURAJONZODAHO gap mezanand?Hudovand hamai moro dar panohi ismatash nigah dorad!

Ном: JON аз: USA
01.08.2011 03:32
Hudovand safi zanhoi misli apai NISORO zieda kunad.OMIN!

Ном: Huseynjon аз: Kulob
01.08.2011 04:53
Shumoro ba farorasii mohi muborak va mohi barakat tabrik meguyam musalmononi rui olam alal khusus Tojikistoniyon

Ном: Huseynjon аз: Kulob
01.08.2011 04:54
Shumoro ba farorasii mohi muborak va mohi barakat tabrik meguyam musalmononi rui olam alal khusus Tojikistoniyon

Ном: ттт аз: душанбе
01.08.2011 05:15
о чи хел мешавад ,итоат накуни суд мекунанд,конун кабул шудаст ё ки кабул мешавад,бад хамин фикрхоро то кабули конун намеген ки бади пода чангбуд мебардоред,МЕТАРСЕН..............

Ном: фахори аз: фархор
01.08.2011 05:46
Рахмаекарими Давдат: Дар ҳар сурат, Тоҷикистон як ҷомеаи суннатист ва ин суннатҳо басо қонунҳо, ҳатто қонунҳои Шӯравии абарқудратро шикастаанд. баробар очай гапа зади иншоАллох инашам мешкананд аммо онхое ки худро мусалмон мегуянду зидди Ислом амал мекунанд номашон дар чомеа сиех хохад монд ва баъд аз кудраташон ради маърака хоханд шуд.Аз радиои озоди хохтш иекунам нашр кунед

Ном: МУСАЛМОН аз: МОСКВА
01.08.2011 07:25
Ассалому алейкум ба мардуми Точикистон.Фарорасии мохи шарифи РАМАЗОНРО бароятон табрик мегуям...мехохам ба бародароне ки тарафдори ин конун хастан хаминро бигуям ки дини ИСЛОМ яке аз динхое хаст ки хамаи конунаш аз тарафи ОФАРИДГОР бар мо нозил шудааст на аз тарафи пайгамбараш ончи худованд бар мо лозим шуморид бар пайгамбараш бо рохи вайх фиристод ва у бар мо онро расонд бе ягон каму зиед..мегуян ки подшохро дар рузи киемат ба гайр аз адлу зулмаш дигар аз чизе намепурсанд.агар подшохи одил бошад халк хама вакт барои у дуо мекунад ки ХУДОВАНД УРО магфирати гунохонаш кунад зеро ки у нисбат бар мо мехрубон буд ва гами моро мехурд ин хама сипари у дар киемат мешавад ва агар рафтаву золим бошад вой бар холаш...Ман хайрони онам ки ин бародароне ки нисбати донишмандони ислом суханони кабех мезанан ое аз худ ягон бор мепурсида бошан ки онхо чи хизмате барои халку ватанашон кардаанд.як мисоли одди агар онкадар бофахм бошед чаро дар бораи дигарон наменависед..мо мусулмонон ба хеч кас зулм накардаем инро дини мо ичозат намедихад ..Локин мо бояд худро аз зулми шумо мухофизат кунем..инро ичозат медихад Худо ва пайгомбараш.Охир дар Точикистон дигар масъала нест ки бар мо часпидед.дар кадом масчид дидед ки зиди давлат сухан кунан то хатора ки чаноби олиро дуои хайр мекунан.моро бар рохи рост ватандусти даъват мекунан аз корхои ношоям пархез кунед мегуян.дузди накун фиреб накун моли мардумро нахур ятимонро сарпарасти кун падару модаратро хурмату эхтиром кун бо хохару бародарат шавкату эхсон кун аз хешовандонат дури макун бо хамсояат муомилаи хуб кун завчаатро эхтиром кун фарзандонатро номи хуб гузор илм омуз аз худо бохабар кун ...Инхо каме аз суханоне хастан ки мо онхоро дар масчид мешунавем...АННА акнун мегузарем ба тарафи дигар мерем ба тарабхона ба дискатека албатта дар сини чавони чи меомузем аз инхо факат фохишаки занхои урени бешарму хае аракхури зино .Кадомаш барои насли наврас самарабахш аст аз руи адолат нигох кунед....ман намефахмам давлати демократии дуняви мегуед Точикистонро локин хукуки моро поймол мекунед мегуед ки муллохо ба кафо мебаран худ кафотар мебаред ..хама медонад сулху амони аз ду тараф шуд на аз як тараф мо мусулмонон бахотири м ллату мазхаб гузар кардем ва ин давлати мачбур омадаро кабул кардем ба хотири осоиштаи миллат .Устод ТУРАЧОНЗОДА олими барчастаи ислом хизматхое каллоне кардаанд дар ин самт..чаро моро ором намегузоред то хаторо ки духтарони моро бе хае кардани хастед.ба хамаи кори мо дахолат мекунедморо мачбур месозед ки зиди динамон рафтор кунем ..Охир бубунед хаму аврупора аз як попашон чи кадар фахр мекунан папа римски бо давлат сару кор дорад конун мебарорад дар москва хама ба церков мераван то хатора ки дар хамончо никох мекунан фарзандонашонро аз серузаги бурда дар церков ном мегузоран бар сараш об мерезан хечкас манъ намекунад мо хам ба мачит меравем хурду калон.Ин конун нест ин як системаи гумрохкуниаст то ки мо гулом бошем ин конунбаророн барои миллат ягон кореро анчом надодайсодиан ки нафъаш ба халк расад хамаш барои киссаи худ бовари дорам ки 70 дар сади онхо хеч тассавурот надоран дар бораи дину давлат 90 дар сади мардум интихоботи худро намедонад ки кист дар махалаи у депутат. ОНЕ КИ номус надорад дину мазхабу миллат надорад.агар зану хохарони мо бе сатри аврат шаван фарзандони мо ба масчид нараванд азмо беномусу бедин дигар хеч кас нест .ман худро аз ин беномуси дур мегирам ..устод ТУРАЧОНЗОДА МАРДИ БОНОМУСИ МИЛЛАТИ ТОЧИК ШУМОРО ХУДО НИГАХБОНАСТ МО АЗ ТУ МЕФАХРЕМ.ХУДОЕ САФИ ЧУНИН РОДМАРДОНРО ЗИЕД ГАРДОНИ ВА ИН МИЛЛАТИ МАРО БА ЗУДИ АЗ ИН БАЛЛОХО ДУР ГАРДОНИ .....ОМИН ОМИН ОМИН

Ном: Викор аз: Душанбе
01.08.2011 08:30
Мухтарам Абдурахим Холиков! Шумо бо ин пешниходхои нодурустатон сари мардумро гаранг кардед. Хар дуи конунхои пешниходкардаи Шумо хилофи дину оин аст. Агар писари Шумо ба синни 18 бошаду намоз нахонаду ба дискотека равад дили Шумо хавотир намешавад? Агар аз синни хурди ягон фанро наомузи пас аз 18 солаги ягон фан ба сарат намедарояд. Ё ин ки Шумо махсус ин корхоро карда истодаед? Дар назди халки мусулмон ва дар рузи киёмат бо хафт пуштатон аз руи ин амали хеш чавоб хохед гуфт. Шумо холо чавонед ин хатогии худро сад дар сад фахмидагиед лекин сад афсус, ки дер шуд. Дар таърих номи шуморо бо харфи хурд менависанду хамчун динситез хоханд шинохт. Ана китобатон, ки хатоги дошт, барчиданд, ин хатоги болои хатоги буд. Пешниход бояд пухта бошад, Президенти кишвар ва дигар рохбарони Хукумат ба Шумо бовар менамоянд, бинобар ин набояд Шумо хато кунед. Шумо хукуки хато кардан надоред, лекин шуд, афсус... аз паи ислох шавед.

Ном: мухбир аз: точикистон
01.08.2011 08:40
Хохари азиз НИСО аз худошиносии шумо хело фарахмандам . Дин дар тамоми даврахои таърихи хамрохи одамон буд тагир меефт нав мешуд тахрир мешуд яъне ин як намуди идора кардани халк аст мо мусалмонем худоро шукр дигарон насрони дигар бутпараст ва гайра ба назарам хар кас ба рафтори худ чавобгар аст инчо набояд морал хонда ба корхои сиеси давлати дахолат кард Шумо як мисоли биеред ки аз двараи пайдоиши одам то имруз аз ягон дин ягон нафар аз он дуне омада бошаду гуфта бошад ки он чи гапай. асри 21ай хохар .хазрати пайгамбар шутурсавор буданд чаро шайхони сауди бахотири суннати пайгамбар аз мошинхои киматбахои чопони отказ намекунанд бинобарон аз пайи зиндаги шавем хаети имрузаро солимона барем ободи кунем барои ватан ва насли ояндаамон
Дар посух

Ном: Беном
02.08.2011 05:46
бале бародар аз пайи зиндаги шудан даркор. Локин аз пайи ун дунё хам шудан даркор. Худованд мора барои ибодат офарида аст. зиндаги максуд бахри бандагист, зиндаги бе бандаги шармандагист.
Назарҳо. Сафҳаи аз 9

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype