Ҷумъа, Август 22, 2014

Ҷавонон

"Занги камолот" садо дод

Имрӯз, 31-уми май, барои ҳазорон хонандаи мактабҳои миёна дар Тоҷикистон "Занги камолот" садо дод.

x
Дар қиёс бо солҳои гузашта, имсол занги камолот на дар таърихи 25-уми май, балки дар рӯзи ахири моҳи май баргузор гардид.

Аммо барои соли панҷум аст, ки занги охир дар кишвар расмӣ ва мухтасар, аз соати 8:00 то 9:00-и субҳ баргузор мешавад.

Чанд соли пеш дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе, «Занги охир» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон сароғоз бо ширкати овозхонону раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъди хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид. Ҳазинаи ин ҷашн ба ҳазорҳо доллар мерасид, ки аз ҳисоби волидайни хонандагон пардохта мешуд.

Дар соли 2007 бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон гузаронидани чорабинии “Занги охир” қатъиян манъ гардид. Тибқи ҳамин фармони вазири маориф, дар макотиб ташкил намудани хӯрокҳо ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад, мамнӯъ гашт.

Фармони вазорати маориф дар паи интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардид. Гуфта мешавад, як сабаби дигар барои манъи ин чорабиниҳо ҳалокати чаҳор хатмкунанда дар як садамае дар роҳи Қалъаи Ҳисор буд. Дар соли 2009 баргузории шабнишиниҳо ва сайёҳатҳои бахшида ба хатми мактаб низ манъ шуд.

ИН НАВОРИ "ЗАНГИ КАМОЛОТ" АЗ БОЙГОНӢ АСТ

Занги камолот дар макотиби Душанбеi
|| 0:00:00
...
 
🔇
X
01.06.2010 21:53
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: kolya аз: kulobjon
31.05.2011 09:57
dar ruzi zangi ohir betartibiho nisbati duxtarho bisyor mewavad. va nuwokihoi spirti istifoda mebarand bachaho betamisiham meshavad.

Ном: Юнусов Шарафчон аз: н Гончи
31.05.2011 10:29
Занги камолот ин зангкст, ки инсонро ба хаёти мустакилона мегуселонад. Ман аз номи худам ва аз номи хамаи хамкурсонам хамаи хатмкунандагони кишварамонро аз самими калб муборакбод мегуям. Бигзор дар оянда шахсони бомаърифат шуда барои Точикистони азизамон хизматхои шоиста намоянд. Ман донишчуи курси аввали бахши Рузноманигори.

Ном: Донишчуй аз: РФ
31.05.2011 10:32
Саломи Озоди. Хатогии навор дар он, аст, ки имруз рузи 31 май аст, аммо сухан дар навор дар бораи 1 июнь меравад. Бан ин чизхо бояд эътибор дод. Агар шумо, маълумотдорон эътибор натиед, ки бояд эътибор дихад, давлатхои дигар? Бидуни ин хатогихо дониши ахолии Точикистон дар сатхи баланд нест. Барои хамин илтимос ба ин хел чизхо эътибори чидди дихед.

Ном: xatmkunanda аз: v Xatlon
31.05.2011 11:41
Hoi gashnicha darav kardum bastum darzae
Hoi zangi oxirin megan dilum melarzae
Hoi zangi oxirin ilohi simut suzae
Hoi az maktab judo kardim dilam mesuzae

Ном: xatmkunandai maktabi r 8
31.05.2011 11:49
Zang zangi gulazangi oxirin
Xair maktab xair hamsinf xair ustodi shirin.
Дар посух

Ном: хатмкунанада аз: мактаби кухна
01.06.2011 15:52
Имруз занги охирон,
Имруз хастем мо мехмон,
Хайр устодони азиз,
Хайр эй хаммактабиён.

Ном: Кушиш аз: Пузиш
31.05.2011 11:52
Ин навори занги камолот аз бойгони аст- пас мемурдед навори тозае аз ин рузро мегирифтед?
Дар посух

Ном: Беном
31.05.2011 12:24
Мара кушти :)))))
Дар посух

Ном: xatmkunanda аз: maktab
11.06.2011 13:39
heheheheheh a bacha neki bobshu kardi, heheheheh

Ном: Беном
31.05.2011 12:27
Ку давраи кудакиам!? Видеода подружка кардагианд, зурай. Давраи мода ин хели набд

Ном: Boborajav аз: Kulob
31.05.2011 13:55
Salom duston. Xohish mekunam ki hamin Zangi Kamolot ro ham az bayn Bibarand, baroi on ki az soati 8 to 9 rost istodani befoida, 1 soat hayf meshavad, 1 soat vaxti, niinteresni. Tashakur,

Ном: Farishta аз: USA
31.05.2011 17:37
Дар хакикат хеле хуб шуд, ки занги охиронро аз баин бурданд, зеро ба хотирам хаст, барои пули занги охирон, ки бепадар ва мухточи бародарон будам ман ду руз гиря карда будам ва барои дер додан аз баазе хамсинфон таана шунида хам будам

Ном: farid аз: garmany
31.05.2011 17:55
chizhoi kimat baho mekharand mepushandu dar kallashon savod nes. bovar kuned
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Писандидаҳо