Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Тоҷикистон

Зарифӣ: Тоҷикистон аз барномаи ҳастаии Эрон ҷонибдорӣ мекунад

29.07.2010

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш аз барномаи ҳастаии Эрон пуштибонӣ мекунад. Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон аз ҳаққи Эрон барои анҷоми пажӯҳишҳои ҳастаӣ ба манзури истифодаи сулҳомез комилан ҷонибдорӣ мекунад.

Оқои Зарифӣ ҳамчунин афзудааст, Тоҷикистон зидди тавлиди ҳар гуна силоҳи ҳастаӣ, дар ҳар гӯшаи олам, аз ҷумла дар Эрон аст.

Ҳамрохон Зарифӣ муносибатҳои Тоҷикистон бо Эронро рӯ ба густариш унвон карда ва гуфтааст, ки муносибатҳои ду кишвар дар асоси усулҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва СММ ба роҳ монда шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки Эрон дар Тоҷикистон як силсила барномаҳои иқтисодиро роҳандозӣ ва сармоягузорӣ мекунад ва аз ҷумла изҳори итминон кардааст, ки нерӯгоҳи Сангтӯда - 2 то соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ин нерӯгоҳ тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад.

Дар ду моҳи пеш Шӯрои Амнияти СММ даври чоруми таҳримҳо алайҳи Эронро ҷорӣ намуд. Ин таҳримҳо ба манзури даст барноштани Эрон аз барномаи баҳсбарангези ҳастаияш мебошад.

Кишварҳои ғарбӣ даъво доранд, ки Эрон таҳти пӯшиши барномаи сулҳомези ҳастаӣ, қасди тавлиди силоҳи ҳастаиро дорад.

Аммо Эрон ҳамвора инро рад карда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш дар ростои баровардани ҳадафҳои сулҳомез, барои тавлиди нерӯ ва низмандиҳои пизишкист.

Ба думболи СММ, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ таҳримҳои якҷонибаеро алайҳи Эрон ҷорӣ намуданд.

Ин таҳримҳо бастани ҳисобҳои бонкии ширкатҳои вобаста ба барномаи ҳастаии Эрон, манъи фурӯши силоҳ он кишвар ва соир маҳдудиятҳоро барои мақомоти эронӣ пешбинӣ мекунад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
     
Назарҳо
Ном: Зафар Курбонов аз: адвокат
29.07.2010 17:14
Рости маротибаи аввал дар тамоми таърихи давлатдории сохибистиклоли ман 100% аз кишварам рози шудам ба он хотир ки дар арсаи байналмилалалли хамчуш як кишвар назари мардуми хешро баен намуда, аз он пуштибони намудааст, ки by назар пуштибонии миллати точик аз барномаи сулхомези хастаи энержии Эрон аст.
Ба Устод Х.Зарифи аз самими калб барои by мардонагиаш, ва ба Сарвари давлатамон барои ин кадамхои нахусткахрамониаш изхори миннатдори менамоям ва шукр мекунам, ки ба миллати точик имконияти дар баробари бародарону хохарони Эрони истоданро додааст.

Ном: Рустам аз: Душанбе
29.07.2010 18:51
Салом,
Кош ки ин барномаи бахсбарангези Ахмадинажод дар чорчубаи сулх бошад ва вазъияти бе ин хам заифи минтакаро мутташанич насозад. Вале баъид ба назар мерасад, ки буньёдгузорони пуружа ба номи Ахмадинажод дар Эрон аз максадхои худ, яъне пахн намудани таъсир ва хукмрони дар минтака даст кашанд. Ахмадинажод тибки ин барнома бояд бо якрави, тундрави ва пофишории худ сохиби силохи ядрои шавад ва бо давлатхои мусулмон ва гайри мусулмони минтака аз зур ва фишор кор гирад. Рохбари муаззами инкилоби Исломи оятуллох Хоманаи фатво бароварданд, ки доштани яроки атоми харом ва мугоири кавонини шариати Ислом аст. Вале ин як мунавр ва сиёсати маккорона аст, чунки он чизе, ки имруз харом аст пагох бо фатвои дигар халол хохад шуд. Барои хамин давлатхои чахон бо дипломатияи шарки ва зираки хукмравонони Эрони аллакай шинос хастанд ва даст ба икдомоти шадид ва натичадор заданд.
Гузашта аз ин давлати Точикистон сиёсати прагмматики ва дархои кушод дорад ва ин бисьёр мухим аст, чунки он ба давлат имконият медихад, ки ба ягон лагери сиёсии чахон ва минтака дохил нашавад ва манфиятхои миллии худро пиёда созад.
Дар посух

Ном: Точик аз: Русия
29.07.2010 21:36
Бародар Рустам. Ба Шумо таргиби тухматомези зидди Эрони ин радиои Озоди таъсир кардааст. Шумо ки точикед наход хаммиллатони худро тухмат кунед.
Дар посух

Ном: Рустам аз: Душанбе
30.07.2010 02:59
Бародари Точик,
Бародарон ва хамиллатони ман аввал шахрвандони Точикистонанд. Миллати Эрон низ хамсоя ва бародарони мо хастанд. Лекин аз Шумо даъват менамоям, ки миллати Эронро бо ин режими ифротгаро, игвобарангез ва чинояткор якчо мамушед. Ин хукумат ягон алокаманди бо миллати Эрон надорад ва худ низ таввасути табадуллоти низоми соли 2009 ум ба сади кударт омад, хуни миллати Эронро рехт ва номи миллаташро дар пеши чахониён бадном сохт. Ва бо ин сиёсат режими низоми ва шармандаи Ахмадинажод ба пардохти нархи бисьёр гарон муттаъмил хохад шуд.

Ном: сарвар аз: душанбе
30.07.2010 17:07
ба рустам. хуни туркиву чингизият ба чуш омада намехохи ки точики орёи бо точики хуросону ирон би пайвандад. гохе мазхабро гохе хукумати иронро бадбу мегуи ва точикро метарсони бехабар аз он ки хар ки чуяд рузгори васли хеш....

Ном: Чамшед 96 аз: Душанбе
30.07.2010 21:56
Бародарони азиз мо милати точик бояд манфиати хамнажодони худро дар хама холат химоя кунем зеро Эрон ва Точикистон бародаранд. Эрон кишварет, ки манфиатхои милли Точикистонро дар арсаи чахон химоя мекунад. Барномаи хастаи Эрон сулхомез аст, ва ин кишварои Гарб намехоханд, ки як давлати мусалмони сохиби пешрафту таракиёт гардад.
     

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил