Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Иқтисодиёт

Баҳси обанбори "Фарҳод" ба таъхир гузошта шуд

29.07.2010

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълом кард, ки баҳси Ӯзбакистону Тоҷикистон дар мавриди обанбори "Фарҳод", воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, муваққатан аз рӯзномаи масъалаҳои миёни ду кишвар бардошта шудааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, бо ҳамтои ӯзбакаш дар нишасти раисони Шӯрои вазирон Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба тавофуқ расидаанд, ки муваққатан аз рӯзномаи гуфтушунидҳои ду ҷониб ҳазф шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, баҳси обанбори "Фарҳод" ба ҷараёни тақсиму аломатгузории марзи муштараки Ӯзбакистону Тоҷикистон рабт мегирад, ки дар ҳоли ҳозир рӯйи 140 километри марзи баҳснок тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, баҳси обанбори "Фарҳод" аз умдатарин баҳсҳои миёни ду ҳамсоякишвар аст. Тошканд мехоҳад, ки ин обанбор ҳам моликияти он Узбакистон бошад. Нерӯгоҳи "Фарҳод" шаҳри Тошканд ва навоҳи атрофи онро бо барқ таъмин мекунад.

Ба қавли коршиносон, Тошканд ҳатто розӣ аст, ки бар ивази ин обанбор ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат накунад.

Обанбори Фарҳод дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст ва обёрии дашти Дилварзин ва низ вилояти Тошканд аз ин обанбор аст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: Ахтам аз: Маскав
29.07.2010 14:00
,Обанбори Фарход дар Узбакистон ё дар сугд чойгир аст?илтимос дакиктар нависед
Дар посух

Ном: Хуршед
29.07.2010 15:19
Гапи бародар Ахтам рост, амина дакиктар менавиштед хубтар мешуд.......Ба фикрам ки хамин обанбор дар минтакаи Нови вилояти Сугд хасту лекин дар ихтиери узбакхо, хамун солхои шурави Узбакистон заминои гирду атрофи обанбору худи обанборро ичора гирифтаги буд, агар хато накунам соли 2012 шартонама тамом мешаваду замин боз ба ихтиёри Точикистон медарояд.......Узбако кушиш мекунан ки замина аз худ кунанд, чунки дар ун ча такрибан 10 000 сокинонашон зиндагиву кору фаъолият мекунан, бо дар хамон минтака заводи цементбарори хам хасту ГЭС-и калон киТошканда бо барк таъмин мекунд........хичи гап не Худо хоста бошад камтари дигар токат мекунему замину ГЭС-у завода мегирем, ба шарте ки мансабдорони мо СУСТИ накунанд......хар як бахсе ки миёни ин ду кишвар мешавад, бой метием..... намедонам ки аз чи сабаб бошад ки мо Точикон метарсем ё ки чи чизе дигара фикр мекунем.....агар хаминаша аз дастмон гиранд ба фикри ма ки на Рогуна мемонан соз кунему на вагономона сар метиян.....дигар аз узбак "зависимый" мешам........
Дар посух

Ном: nomnom
29.07.2010 15:49
Обанбори Фарҳод дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст ва обёрии дашти Дилварзин ва низ вилояти Тошканд аз ин обанбор аст.
Дар посух

Ном: Sado аз: TJ
29.07.2010 17:14
Салом Мардуми Точик
Биеед хамин хушомади Узбакистона бас кунем.Писанд кардан даркор нест Узбакистона.Ин Узбакистон бо мардуми кашокаш катагиша бин.

Ном: Патриот
29.07.2010 14:09
Мухтарам вазири корхои хоричи хеч гох ин обанборо ба узбако надихед чун ин як козери калон аст дар дасти мо агар узбако бо рохи охан сари мо фишор биёваран мо хам метонем бо об сари онхо фишор биёварем ва ин хаки мост. Аз ин лихоз аз Шумо хохиш мешавад ки хеч нав тавофуке да робита ба додани ин обанбор ба узбако накунед дар сурати ба тавофук расидан ин манои онро дорад ки мо дар хамаи бозихои дипломати бой медихем ва рогун хам сохта намешавад. шумо метонед инро дар баробари блокадаи узбако хуб истифода баред ва рогунро хам созед бидуни додани як милиметри хоки Точикистони азаи бе ин хам Самарканду Бухорои моро гирифтан. Лихозо аз Шумо хохиш мешавад ки зиракиву доноиро аз даст надихед. Бо умеди ободи Точикистон ва рушании хонадони мардуми Точикистон ва воридоти доллар аз хисоби фурухти барки Рогун ба кишвархои мучовир.

Зинда бошед

Ном: Фарид аз: Точикистон
29.07.2010 14:41
Патриот хак аст. Обанбори Фарходро танхо бо ду чиз мешавад иваз кард-он хам якчоя: Самарканд ва Бухоро! Агар узбакхоро намефорад аробаашонро кашанд. Манъи Рогун бо бастани рох аз ин талаб хеч фарке надорад. Бигзор Рогун дертар сохта шавад, аммо бе хеч гузаште.

Ном: Беном
29.07.2010 14:49
Фархадская ГЭС, введенная в действие в 1944 г., позволила обеспечить ирригацию 150 тыс. га Голодной степи; с сооружением Кайракумской ГЭС площадь орошения Голодной степи увеличилась до 500 тыс. га.

Ном: Ванчи. аз: Ванчи болло.
29.07.2010 15:20
Ман ба гуфтахои Патриот сад дар сад розиам. Охир то ба кай мо точикон, дастхоро пеши бар мегирему хомуш менишинем,метарсем? мутахамем? ё ки хомушии мо аломати рози аст, бубинед хам хандаовару дар навбати худ аламовар низ мебошад, мо бояд обанбори Фарход, ки моликяти шахси давлати точикистон мебошад, бояд такдим кунему,дар ивазаш ба мо ичозат бидиханд, ки мо ГЭСи Рогунро, ки моли мост ва аз хисоби худамон дар замини худамон бисозем. Гуфтаниам, ки бародарон мо нафакат обанбори Фарход балки ягон хору хас ё ки санги ватанамонро дигар надихем. Бас аст дилсузиву мехмонавозиву бегона парасти, агар имкони комил дошта бошем, охиста охиста дар фикри кам кардани мачорои об ба самти узбакистон низ бигардем.Бо ехтироми бепоён нисбати хама халки точик..
Дар посух

Ном: ba Vanji
30.07.2010 16:03
ман ба гуфтахои бародар Ванчи сад фоиз розиям мо бояд гурур ва мардонаги дошта бошем кишвархои дигар барои як грам хокашон даст ба хама кор мезанан то аз марзу бумашон дифо кунан. Мо набояд заъфу тарсончаку буздил бошем ва дар баробари хоку бумамон бояд мардонавор чун охан ва Ахмадшои Масъуд биистем

Ном: Фирдавси аз: Гулистон
29.07.2010 15:40
Боз чизе мондааст, ки нафурухта бошем?

Ном: Точик аз: Точикистон
29.07.2010 16:25
Мо Рогунро хам месозем ва дигар НБО-ро бе ягон гузашт ба Узбакситон, агар Хамрохон Зарифи хохад, ки дар миёни мардум сохибиззат ва обруманд шавад, бояд аз хар манофеи кишварамон химоят кунад, инчунин аз обанбори Фарход низ.Агар узбакхо мехоханд чизе дошта бошанд, бигзор бо русхо муомила кунанд, мо бо дигарон мекунем ва бурд хохем кард, мегуянд аз дусти дур хамсояи наздик хубтар аст, агар ки бо мо нахостанд хамсоягари, бигзор, вале ин бохти онхост, холо Хукумати Точикистон чунон кавист, ки як вачаб хоки кишварро ба касе нахохад дод ва нахохем дод.

Ном: Зафар Курбонов аз: адвокат
29.07.2010 16:54
мо набояд хеч чизе, ки дар сарзаминамон хаст ва моликияти миллат аст, ба каси дигар бар хилофи манофехи милли биспорем.

Ном: Ванчи аз: Ванчи болло.
29.07.2010 17:20
Радиои озодии мухтарам.. калимахои мангитон ё ки чагатониён чи зарар доштанд ки шумо онхоро буридед, охир чагатониён ва мангитон,гузаштагони хамин узбаконанд, ва ман дар ин чо ягон тахкиреро намебинам..Саломат бошед..

Ном: Saidjon аз: China
29.07.2010 17:23
Эй маъмурони РО шумо номуси милли доред наход, ки хамин суханонро нашр кунед: "Тошканд ҳатто розӣ аст, ки бар ивази ин обанбор ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат накунад". Ин чумлаи нашркардаатон бахудо устухонамро шикоф кард. Наход ки ин кадар худро паст бизанед. "Фарход" моли мо аст ва "Рогун"-ро бе чуну чаро месозем!!!!!!!!
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ҳаҷми матн - +

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил