Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Варзиш

Соҳиб Ҷӯраев – дар гурӯҳи пешсафони мусобиқа

29.07.2010

Соҳиб Ҷӯраев, қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми ҳокими вилояти Тошканди Узбакистон ба гурӯҳи пешсафон шомил шуд.

Вай дар чор бозӣ 3,5 имтиёз ба даст овардааст. Устоди ФИДЕ Соҳиб Ҷӯраев нахустин бозиашро бо Арам Каспарови тошкандӣ мусовӣ кард ва дар се бозии минбаъда пирӯз гардид.

Дар ин мусобиқа, ки аз рӯи манзумаи суисӣ дар 9 давр сурат мегирад, беш аз 70 нафар шатранҷбозон аз Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доранд.

Байни ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ 3 гроссмейстери байналмилалӣ, 6 устоди ФИДЕ ва наздики 30 нафар шатранҷбозоне ҳастанд, ки рейтинги ҷаҳониашон аз 2000 имтиёз бештар аст.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 5 миллион суми узбакиро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми матн - +

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил