Чоршанбе, Феврал 08, 2012 Соат ба вақти Душанбе 11:15

Сиёсат

Натиҷагирии САҲА аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо нашри гузориши ниҳоӣ дар мавриди шеваи баргузории интихоботи порлумониии моҳи феврал, ба қавле ёдрас кард, ки на ҳамаи ин вакилон аз роҳи одилонаву демократӣ ба ин мақом расидаанд.

x
Ҳаҷми матн - +
Дар гузориши нозирони ин ниҳоди мӯътабари байналмилалӣ омадааст, ки интихоботи Тоҷикистон ба бисёре аз меъёрҳои байналмилалӣ ва аҳдномаҳое, ки давлати Тоҷикистон имзо кардааст, мувофиқ набуд.

«Интихоботи ғайриодилона»

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон 28 феврал баргузор шуд ва дар он аксари курсиҳоро номзадҳои ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуданд. Шеваи баргузории интихобот на танҳо аз тарафи нозирони хориҷӣ, балки аз тарафи матбуоти дохилӣ ба тавре интиқод шуд, ки ҳатто мақомоти расмии кишвар онро интизор надоштанд.

Ба эҳтимоли ғолиб, гузориши ниҳоии нозирони байналмилалии интихоботи порлумонии Тоҷикистон аксари вакилони мардумиро, ки аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳастанд озурда мекунад, зеро дар ин гузориш интихоботеро онҳоро вакил кард, ғайриодилона хонда шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба бисёре аз меъёрҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар меъёрҳои байналмилалии як интихоботи демократӣ мувофиқ набуд. Гузашта аз ин зимни баргузории интихобот қонунҳои худи Тоҷикистонро низ дуруст риоят накарданд.

Қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар ҳавзаҳо

САҲА мегӯяд, интихобти парлумонӣ дар Тоҷикистон бо қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифтааст
Гузориши мазкур бар асоси мушоҳидаҳои садҳо нозири байналмилалӣ таҳия шудааст, ки яке аз онҳо Станн Бранн, профессор Донишгоҳи Кентакии Амрико мебошад. Ӯ, ки раъйдиҳӣ дар чанд рустои Кӯлобро мушоҳида кардааст, нақл мекунад, ки шоҳиди чӣ шуд:

“Мо шоҳиди қонуншиканиҳои зиёде шудем. Одамон бо чанд баргаи раъдиҳӣ меомаданд, то аз тарафи аъзои хонавода раъй диҳанд. Мо дидем, ки чӣ гуна одамон бастаҳои иборат аз панҷ шаш то 20 баргаи раъйро ба қуттӣ меандохтанд. Мо дидем, ки мақомоти расмӣ дар назди раъйдиҳандаҳо онҳоро метарсониданд. Маъмурони милиса ва расмӣ дар назди курсие меистоданд, ки мардум раъй медоданд. Бисёре аз раъйдиҳандагон мард буданд ва теъдоди бисёр ками занон раъй медоданд».

Мушоҳидаҳои Стан Бран ва нозирони дигари кӯтоҳмуддати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар гузориш бо як ҷумлаи “қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар рӯзи интихобот сурат гирифт”, хулоса мешавад. Стен Бран ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ аҳаде ҳам ёфт намешуд, ки монеъи ин қонуншиканиҳо шавад ва ба раъйдиҳандагон бигӯяд, ки корашон мухолифи қонун аст.

“Чунин ба назар мерасид, ки гӯё он ҳама як меъёри пазируфташуда аст. Мо дидем, ки як нафар шояд аз тарафи шавҳар, зан, хола, амак ва ё бародарзодаҳояш раъй медод. Ман худам дидам, ки чӣ панҷ шаш нафар дар дасташ 15 ё ҳатто 20 баргаи раъйдиҳӣ доштанд. Ман ҳайратзада ба ин менигаристам, вале ҳеҷ коре аз дастамон намеомад, зеро ҳаққи дахолатро надорем. Онҳо медонистанд, ки ман онҳоро мушоҳида мекунам, вале ҳеҷ парвое надоштанд. Бар замми ин раъйдиҳандагонро метарсонданд ва ин ҳама комилан ғайриодилона буд."

Дар гузориши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мехонем, ки “нозирони созмон гузоришҳои мӯътамаде гирифтанд, ки ба кормандони ниҳодҳои ҳукуматӣ ва раъйдиҳандагон фишор меоварданд, ки ба тарафдории Ҳизби халқии демократӣ раъй диҳанд ва ё барои пирӯзии он дар интихобот мусоидат кунанд.

Вокуниши Тоҷикистон ба гузориши САҲА

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари Комиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон, бо гузориши САҲА розӣ нест
Аммо Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Кумиссиёни марказии раъйпурсӣ ва интихоботи Тоҷикистон мегӯяд, агар қонуншиканиҳо дар интихобот буданд, шояд ба далели дониши пасти ҳуқуқии раъйдиҳандагону баргузоркунандагон ва дигар ҷонибҳои дахили интихобот будааст, на бештар аз ин:

“Системаи интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин ба пуррагӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ набошад, аммо Тоҷикистон барои баргузор кардани интихоботҳои шаффофу демократӣ қадамҳои устувор мегузорад. Агар дар интихоботи соли 2005 камбудиҳои муайян буд, дар соли 2010 ин аллакай як фисади муаяйн кам шуд. Бинобар надонистани қонун чӣ аз тарафи баргузоркунандагони интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ, худи интихобкунандагон рух медиҳад, мо инро инкор карда наметавонем.“

Воқеан, як ҷанбаи мусбате, ки нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо зикр кардаанд, ин аст, ки таркиби Кумиссиёни марказии интихобот фарогиртар назар ба интихоботҳои гузашта буд. Аммо кори кумиссиён шафоф набуд ва шеваи расидагиаш ба шикоятҳои интихоботӣ низ ноқис будааст.

Таблиғи саҳмияҳо дар маъракаи интихоботӣ

Чизи дигаре, ки обрӯи интихоботи порлумонии Тоҷикистонро камтар кардааст, набуди афкори мухталиф дар телевизиону радиоҳо будааст, ки намегузорад, раъйдиҳанда интихоби огоҳона кунад. Дигар ин ки маъракаи интихоботӣ ҳамзамон бо тарғиботи саҳмияҳои нерӯгоҳи барқии обии Роғун сурат гирифта ва ин, корзори муҳими сиёсиро камаҳамият кардааст.

Дахолати маъмурони интизомӣ ба маъракаи пешазинтихоботӣ ва монеъ шудан ба таҳдид ба баъзе аз довталабон барои пас гирифтани номзадиашон аз дигар камбудиҳои интихобот унвон шудааст.

Дар интихоботи порлумонии 28 феврал аз ҳисоби 63 курсӣ, 54 курсиро Ҳизби халқии демократӣ соҳиб шуд ва чаҳор ҳизби дигар, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ ҳар яке ду курсиро ба даст оварданд. Агарчӣ Ҳизби наҳзат, интихоботро “золимона” хонда ва гуфтааст, ки тақрибан 30 дар сади раъйи мардумро ба даст овард. Ҳизби Сотсиал-демократро, ки аз сиёсатҳои ҳукумат интиқод мекунад, ба қавле дар порлумонро ба рӯяш бастанд.

Интихобот ба хотири тақвияти қудрати ҳукумат?

Нозири САҲА мегӯяд, чунин ба назар мерасид, ки ҳадафи интихобот тақвияти қудрати ҳукумат буд
Стан Бранн профессори Донишгоҳи Кентакии Амрико мегӯяд, қонуншиканиҳои зиёде, ки мушоҳида шуд, ӯву нозирони дигарро мутақоид кард, ки тарроҳони интихобот танҳо бо ҳадафи тақвияти қудрати ҳукумати Тоҷикистон камари ҳимат баста буданд.

“Қонуншиканиҳои зиёд дар интихобот дигарон ва аз ҷумла маро водор кард, ки бигӯем, ки ҷараёни интихобот шаффоф набуд ва аз тарафи мақомот амдан ва тавре раҳандозӣ шуда буд, ки ҳукумати мавҷудро дар қудрат нигаҳ дорад. “

Нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба мақомоти Тоҷикистон чаҳор саҳифа тавсия додаанд, то интихоботҳои ояндаро мувофиқ ба меъёрҳои ин созмон баргузор кунанд.

Аз ҷумла қонуни интихобот бознигарӣ ва гузоришҳои ин созмон аз тарафи вакилон баррасӣ шавад ва қонуншиканиҳои интихоботҳои гузашта ба таври комил таҳқиқ кунанд ва онҳоеро, ки қонуншиканӣ кардаанд, ба пойи курсии муҳокима бикашанд. Тавсияҳое, ки ба гуфтаи Стан Бранн ба эҳтимоли ғолиб нодида гирифта хоҳад шуд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Darvesh аз: St.Peterburg
21.07.2010 22:22
Бузак бузак намур ки бахор меояд

Ном: Беном
21.07.2010 22:35
ХНИТ вокеъан хизби кави буда калбхои мардумро аз худ кардааст. ХАкикати дигар ин, ки ХХДТ вокеъан чои аслии худро ва дар вучудашон чоми шикастро эхсос карданд.

Ном: BANDAI XUDO аз: AZ RUI ZAMIN
22.07.2010 01:59
SALOM BA MARDUMI TOJIK
BO VUJUDI IN QADAR QONUNSHIKANIHOI OSHKOR AZ TARAFI HUKUMATDORON TANHO YAK QONUNSHIKANRO YOFTAN KI U HAM AZ HNIT BUD AJIBBB!!!!??????????IN NOMARDII OSHKORRO BINED

Ном: Hameed аз: Dushanbe
22.07.2010 06:07
Bale en nozere garbe haqeqatro bayon kardast.Entexobot dar keshvaramon yak soxta bud va hama mardum ham meguftand ke hukumat bo zur namoyandahosha komyob mekunand.Vale hezbe hukumate ham dar en entexobot chezhoro ded ke hargez fekr namekard mededa boshad.Yane mardum bedortar shuda budand va belxusus namoyandagone Hezbe Nahzate Eslome besyor faolona kor kardand va ham ba hukumat va ham ba jahoneyon neshon dodand ke ruz ba ruz qabetar meshavand

Ном: Deutati аз: Gor
22.07.2010 11:23
namoyandagoni mardumi nestand inho......... inho namoyandahoi duzdoni bolloi hastnad ..........

Ном: Беном
22.07.2010 11:25
САХА гайр аз лакидани хушку холи ба чизи дигаре кудрат надорад.

Ном: гуштосп аз: маскав
22.07.2010 11:25
"Касам ба шири модарам,ки интихобот шаффоф мегузарад,,,"
Грош цена такому Правительству.

Ном: Равшан аз: Душанбе
22.07.2010 11:59
Интихоботи мохи феврал исбот намуд, ки дар Точикистон умуман оддитарин нишонахои демократия вучуд надодад. Хукуки интихобкунанда пурра поймол карда мешавад. Такдири интихобот на бар райъи интихобкунанда балки ба комиссиони хавза вобаста аст. Комиссиони хавза чи хел супориши хукуматдоронро гирифта бошад натичаи интихоботро хамон зайл чамъбаст менамояд.

Ном: Беном
22.07.2010 12:20
дипломатияи хамин САХА ба дили хама задааст!!
то кай вокеиятро ба таври норавшан мегуянд??

Ном: uhamad аз: darkhori
22.07.2010 14:40
salom bahami ishtirok chiyon man bovarkuni nafahmidum in tojikistoni mo yagon rohbarokhub dorad yone yo harkasman mega khalos yane hejkas dar obodi tojikiston nestk chi gapa haruz yak mushkili ast dar tj in aebae bad uzbakistonu digavu diga memonad aeui beahmiyativu bekalontari nokhubimon hamikhel erem hejgoh obod nameshavad t
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо