Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

"Ойини мадоро"

Ҷамъияти тоҷикон дар Русия масҷид месозад

Тайи солҳои ахир дар бисёре аз шаҳру навоҳии Русия масҷидҳо бунёд шудааст

Тайи солҳои ахир дар бисёре аз шаҳру навоҳии Русия масҷидҳо бунёд шудааст

18.07.2010

Дар шаҳри Комсомолск на Амуреи Русия нахустин хишти масҷиди ҷомеъ барои мусулмонҳо гузошта шуд, ки масоҳати он 4 ҳазору 800 метри мураббаъ аст. Мубтакирони сохтмони масҷиди ҷомеъ ҷамъияти тоҷикони муқими ин шаҳр аст.

Абулқосим Абдуллоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва раҳбари созмони динии «Нур», ки аз мубтакирони ин тарҳ аст, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт:



-Мо тақрибан 20 сол мешавад, ки дар шаҳри Комсомолск на Амуре кору зиндагӣ мекунем. Дар идомаи чор соли гузашта асноди ин масҷидро таҳия кардем ва маросими гузоштани нахустин санги пойдевори ин масҷид низ баргузор шуд.

-Дар ин шаҳре, ки мехоҳед масҷиди ҷомеъ бисозед, чӣ қадар мусулмонҳо зиндагӣ мекунанд?

-Дар шаҳри Комсомолск ҳудудан 350 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки аз ин ҳисоб тақрибан 30-35 ҳазори онҳоро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Вале дар ин ҷо бештар аз ҳазор мусулмони намозхон ҳастанд. Иншооллоҳ, масҷиди наве, ки бояд сохта шавад, барои зиёда аз 1400 нафар ҷой дорад.

Ширкати Тураҷонзода дар маросими гузоштани пойдевор

-Хабарҳое буд, ки дар маросими гузоштани пойдевори ин масҷид аз Тоҷикистон ҳам намояндагон ширкат доштаанд?

-Бале, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, ҳузур доштанд. Намояндаи идораи динии Русия Шайх Нафигулло Аширов, муфтии вилоятҳои Хабаровск ва Приморский Край Абдуло Ҳазрат, намояндагони губернатори вилояти Хабаровск ва намояндаи раиси ҷумҳури Чеченистон низ дар маросим иштирок карда, дар якҷоягӣ санги нахустини ин биноро гузоштанд.

-Ин масҷид аз кадом ҳисоб, манзурам, бо пули кӣ ва кай бояд сохта хоҳад шуд?

-Ин масҷид бояд дар ду соли оянда мавриди истифода қарор гирад. Баъдан, ин бино аз ҳисоби кӯмакҳои молии мусулмонҳои Русия сохта хоҳад шуд. То ин муддат бисёре аз бародарон ваъдаи кӯмак кардаанд ва аллакай баъзеи онҳо кӯмаки худро мерасонанд. Аз ҷумла, Ҳикматёр Иброҳимов аз Тоҷикистон 50 ҳазор хишт оварданд. Ҳамин тавр, бародарони доғистониву чечен ҳам ба ҳар васила кӯмаки худро мерасонанд.

Нахустин масҷид дар Комсомолск на Амуре

-То ин муддат мусулмонҳои Комсомолск дар куҷо намоз мегузоштанд?

-Масҷидҳо буданд, вале ба ном. Чунки ягон манзилро барои иҷора гирифта, мардум дар он ҷо намози худро мехонанд. Азбаски ин манзилҳои хурд буду наметавонист ҳамаи намозгузоронро дар худ ҷой диҳад, фикри пӯшидани ин бино дар миён омад. Чунки ҳоло дар Русия сафи намозгузорон зиёд шудааст. Ҳукумати шаҳр низ ин вазъияти моро дида, як порча заминро ҷудо кард. Онҳо низ бо ин кӯмаки худ дар тавсеаи дини ислом дар Русия саҳим шуданд.

-Яъне ки гирифтани замин барои сохтмони масҷид чандон мушкил набуд?

-Ба ҳар ҳол, тавре гуфтам, ба мо кӯмак карданд, то дар муддати се-чор сол тамоми ҳуҷҷатгузориҳои замин, нақшаи бинои масҷид ва ҳамчунин кашидани қубурҳои оби гарму хунукро ба анҷом расонем. Гузашта аз ин, мо аз маркази шаҳр барои пӯшидани масҷид заминро интихоб кардем. Заминҳо аз беруни шаҳр барои пӯшидани масҷид бисёр буданд, вале мо хостем, ки масҷиди ҷомеъ дар маркази шаҳр бунёд шавад.

-Шумо гуфтед, ки дар Русия намозгузорҳо зиёданд. Онҳо киҳоянд?

-Чӣ хеле медонед, ҳоло дар Русия шаҳрвандон аз кишварҳои Осиёи Миёна хеле зиёданд. Аз Тоҷикистон низ даҳҳо хонавода омада, дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Худи мусулмонҳои Русия — тоторҳо ва бошқирдҳо низ ҳастанд, иншооллоҳ.

Афзоиши намозгузорон дар Русия

-Вале сафи онҳое, ки рус ҳастанду ҳоло ба ислом гироиш доранд, то куҷо чашмгир аст?

-Бубинед, танҳо соли 2007 мо аз ҳисоби идораи динии Русия чор бародари рус, ки исломро қабул карданд, ба мадрасаҳои Қазон фиристодем. Соли 2008 саф зиёд шуда, ба 9 нафар расид. Соли 2009 11 нафар ва имсол бошад, 16 нафарро фиристодем. Дар ин ҷо бештар духтарони ҷавон исломро қабул мекунанд.

-Оё ба ҷуз шумо боз тоҷиконе ҳастанд, ки дар пайи сохтмони маҷсиду мадраса бошанд?

-Фарҳод Ҳазрат, бародари мо, ҳамзабони мо аст. Вай дар шаҳри Хабаровск масҷиди бузург сохтааст, мадраса дорад. Имомхатиби вилояти Тюмен, имомхатиби масҷиди шаҳри Комсомолск на Амуре Муқаддас Ҳазрат низ тоҷик ҳастанд. Ва дар ҳамин шабу рӯз дар вилояти Камчатка Домулло Наимҷон низ имомхатиб интихоб шуданд.

-Бархӯрди мақомоти Русия, кишваре, ки аксари кулли сокинонаш аз масеҳият пайравӣ мекунанд, бо мусулмонҳо чи гуна аст?


-Фақат як ҷумла мегӯям, ки агар ҳамаи кор қонунӣ ва ҳуҷҷатҳо бидуни иштибоҳ бошад, ҳич кас ҳич чиз намегӯяд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
Ном: АЛИ аз: НОВОСИБИРСК
18.07.2010 14:45
МОШАЛОХ КАНДАТОНА ЗАНЕД

Ном: Давлатшо аз: новосибирск
18.07.2010 15:21
Худованд сафи мусулмрнхоро зиед кунад.Барори кор

Ном: alli аз: Dubai
18.07.2010 15:52
Salam ba hamai brodarone musalman
az khudovand talab doram va duo mikunam ke khushbakht va khudovand negah dor ton bosha wa barakat dar molu avlodaton bedehad rahmat ba barodarone ke khezmate islom ro mikunan khosatn barodar Hekmatullah jan ensha allah dar janat khudovand ba shumo QASR misozad dar badale kore shumo insha allah umid doram ke dar tajikistane khudamon ham masjed ho sozim madrasa ho to mardume mo ham az dene khud khabar boshan.

Ном: Фузайл аз: Точикистон
18.07.2010 16:23
Рахмат. Худо хохад дар ду соли наздик ба итмом мерасонед. Бовари дорам, ки сохтмони масчид точиконро дар гариби наздиктар месозад. Худо (Аллох) хамаи точиконро дар панохаш нигох дорад.

Ном: ibni-yusuf аз: egypt
18.07.2010 16:49
assalasmu alaikum ba barodaron va az hudovand
duo mekunam hudovand safi in barodaroni hair hohro
ziyod bigardonad......omin.

Ном: Петербург аз: донишчу
18.07.2010 17:03
Ахсан бар Шумо ШЕРОНИ ХУДО . аммо Лутфия Роибова, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон бошад кудаконро аз хондани намоз дар масчит манъ месозад шармандаги мехохад ки бо ин масъала дар назди чаноби оли бообру бошад ---------------------------------
Дар посух

Ном: Abdullo аз: Kulob
18.07.2010 17:37
Бародар у дар назди чаноби Оли бо обуру неву беобу ру мешавад чунки чаноби Оли аз онхо дида мусулмонтар аст. Ин амалхое ки онхо кардаистодаанд баракс хаст руз то руз Исломи азиз пуркуват мешавад. мувафак бошед.

Ном: Беном
18.07.2010 17:27
Ahsant. On odamone,ki dar hakikat dindorandu pokand , albatta bo erii hudoi tavono ba maksadashon merasand. Muttaasifona safi "musulmon"-hoi noodam niz dar bajni mo helo zied ast, ki korashon fisku fujur astu dar bajni olamijon dini islomro bo fanatizm barobar kardanijand.

Ном: ABUZAHRO аз: emarat
18.07.2010 18:36
Mashalloh,,khdovand ba shumo umri daroz va monandi shumo mardoni Sher ziyod shavisha az khudo talab dorem khelo khursand shudam,inshalloh dar du dor shumo sarfarozed,boz meguyand Tojiki mo peshravi nadorad pesharavii mo hamin hast inshalloh,,

Ном: Муниса аз: Турменистан
18.07.2010 19:22
Худованд ра корхоятон бурдборихо насиб гардад офарин.......

Пари товус латиф аст ба каргас нарасад
Акл чун чизи шариф аст ба хар кас нарасад.

Сарбаланду саломат бошед бародархо.....

Ном: Аҳмад аз: мастчоҳ
18.07.2010 22:06
Ассаломуалекум ба бародарони кулли дунё ман боваркунед ин хабарро шунидам хеле хушҳол шудам ва ба ин бародароне, ки дар Шаҳрҳои Рассия таблиғи исломи азизро мекунанд аз ҳаммаи онҳо ташакур мекунам ва худованд аҷри онҳоро бирасонад иншоаллоҳ ин бародарони шуҷои чечен дар он шаҳри Рассиб хеле заҳмат мекашанд ва исломро тусиа медиҳанд худоё ба ҳами ин азизон аҷри комил ато бифармо омин ёраббал оламин аз радиёи озоди ҳам ташшакур ва қадр дони менамоям.дар амони парвардигор бошед
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
Ҳаҷми матн - +

Чандрасонаӣ

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил