Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Тоҷикистон

Фарзонаи Хуршед иттиҳомотро рад кард

09.02.2010

Фарзонаи Хуршед, сарояндаи шинохтаи тоҷик, дар рӯзи нахустини мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомот алайҳи худашро рад кард. Додгоҳи Фарзона субҳи имрӯз дар ноҳияи Сино шуруъ шуд


Фарзонаи Хуршед, духтари сарояндаи машҳур Сураё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё,  яке аз дигар чеҳраҳои шинохта дар олами мусиқии поп,  феълан дар боздоштгоҳ  қарор дорад ва ба кумак дар фирори дӯстписараш Фаррух аз толори додгоҳ муттаҳам дониста мешавад.

Бино ба нақли модари сароянда, Сурайё Қосимова  номзади Фарзона, яъне Фаррух, ки ба "қаллобӣ" муттаҳам шудааст,  дар анҷоми яке аз мурофиъаҳои додгоҳи алайҳи ӯ, аз толори додгоҳ фирор намуда, Фарзонаро бо худ гирифтааст. Хонум Сурайё муътақид аст, ки Фарзона аз қазия хабар надошт ва фикр мекард, ки додгоҳ ҷавонро озод кардааст. Ин ҳарду баъдан дар минтақаи Вазоб, 15-километрии шимоли пойтахт, боздошт шудаанд.


Пас аз боздошт Фарзона ба боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Фаррух ба боздоштгоҳи раёсати умури дохилии пойтахт интиқол ёфтанд. Дар ин миён ходимони пулис як дафъа Фарзонаро аз зиндон озод ва сипас дубора боздошт карданд.

JavaScript-и шумо сокит аст ё Adobe's Flash Player-и шумо кӯҳна мебошад. Навтарин Flash player-ро аз ин ҷо бигиред.



Фарзонаи Хуршед,  модари ӯ Сурайё Қосимова ва хоҳари бузургаш Шабнами Сурайё аз овозхонҳои серхаридортарини ҷумҳурӣ ба шумор мераванд.

Фарзона ҳамроҳ бо Шабнам ҳанӯз дар авоили соли 2000-ум вориди саҳнаи эстрадии Тоҷикистон шуд ва бо таронаҳои «Модар», "Ҷӯраҷон, хона биё" ва «Эй, ошиқони бедил» дар байни ҷавонон маъруф гардид.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 10
Ном: S
09.02.2010 11:00

Огози мурофиа додгохии Фарзона Хуршед,овозхони чавон бас будагист,ки бо гаразноки номи модараш ва хохарашро низ кайд кардаед.
Дар посух

Ном: Зарфишон аз: Точикистон
09.02.2010 11:44
агар фарзона дар хакикат хуеарманд мебуд бо ин гуна гунахкор шарики намекард ва хуб мешуд ки у ба чои сахнаро зеб додан сахнаи зиндагиро хамчун модар ва зани пок зеб медод.Мучозот шудани ин гуна шахсон дуруст аст
Дар посух

Ном: Таджик аз: Таджикистан
10.02.2010 20:47
Фарзонаи Хуршед сарояндаи хуб,лекин ракс карда наметавонад.
ва сурудхои оромона мехонаду худашро бисёр меларзонад!!!!!!!!!
Дар посух

Ном: ганчина аз: Восеъ
13.02.2010 10:20
Фарзона бисьёр овозахони хуб набуд ва ин аз тагдираш бина лекин аз дигар кас Фарзона зик нашав хамааш соз мешавад
Дар посух

Ном: kadam аз: New York
14.02.2010 11:58
e i ba tra kino nestay ki megrezoni odamora
Дар посух

Ном: Парвина аз: Душанбе
15.02.2010 14:15
Фарзона ман мухсили ашадии Шумо барои чи Шумо барои як писар ба ин кор даст задед Шумо ёш худатонро хайф кардед ман аз Худо талаб мекунам ки Шумо тезтар бароед. Бо эхтиром мухлиси Шумо Парвина
Дар посух

Ном: Айша аз: Москва
15.02.2010 18:14
Не радуйся несчастью (сложностям, затруднениям, проблемам) единоверца (к которому испытываешь чувство зависти). (Не злорадствуй). Всевышний Аллах проявляет (проявит) к нему милость (избавит его от этого), а тебя испытывает.

Ном: dyxtar аз: dyshanbe
09.02.2010 11:19
Хай холям духтари чавон, ёши кардаст аз беакли. Модараш насихат кунад дааа! Дар ин сол одам сабуки мекунад....
Дар посух

Ном: ёёёё аз: чкаловск
10.02.2010 16:40
модар то кая насихат кунад пора ей самой думать и отвечать за свои деёствия

Ном: Беном
09.02.2010 11:19
Ман бовари дорам, ки хонум Фарзона аз ин гирдоби бемаъни беягон мушкили мебарояд. Дар урфият мегуянд бузро аз пои худаш меовезан гусфандро аз пои худаш. Фарух гунахгор бошад худаш чавоб мегуяд. Ман хамчун хунарманд Фарзонаро эхтиром мекунам.
Дар посух

Ном: Baha аз: Dushanbe
09.02.2010 12:35
Albata uro nasihat kunand isloh meshavad holo ujavonast

Ном: f. аз: Dushanbe
09.02.2010 11:20
Хеч боварии кас намеомад, ки чунин сарояндае, ки ин кадар мухлис бисёр дорад ба як чунин фард дастёр шуда бошад...

Ном: Абдурашид аз: Фархор
09.02.2010 11:30
Фарзона гумон кардаст, ки барои ситорахо конун амал намекунад, аммо ин тавр набудаст.Хеч боке не махбусон хурсанд мешаванд, ки ситорахо хам мехмони онхо мешаванд...

Ном: Ismail
09.02.2010 12:07
Hai Hukmi vazbin nadihansha padumaesh yak kinoi Indiskiy karday )) Holi hamu sudyara handash miemadagist Duhtari bagurda bufay Rosti!!!

Ном: мунир аз: душанбе
09.02.2010 12:30
бигузор ин казияро ба адолати худи суд хавола намоем. вале ба андешеаи ман чунин амал ин худ ошкоро чиноят аст.

Ном: Мухлиси ашаддй аз: ИМА
09.02.2010 12:39
Хай!хай! хай! хело хуб шуд, ки нав чояшро меёбад!

Ном: Али аз: душанбе
09.02.2010 12:40
чиноят вокеан чиноят аст. шахси чинояткор хатман чазо дода шавад. сарфи назар аз ин ки хунарманд аст. хунарманд шахрванд аст дар назди конун хама баробар аст. нодида гирфтани чинояти хунарманд паёмадхои номатлуб дар пай дорад. зеро сафи ин тоифа чинояткорон меафзояд.

Ном: Аммор аз: кургонтеппа
09.02.2010 12:51
посух ба номаи "Беном": ин шахс мехохад дар чунин як чинояти сангин тарафи дигар яъне фарзонаро хамчун шахси бегунох баён кунад. дар холе, ки у гунахгор аст ногуфта намонад, ки бузу гусфанд дар як охур карор доранд.
Дар посух

Ном: Абиш аз: Душанбе
12.02.2010 13:45
Дили банда ба Сурайё Косимова месузад. Шабнаму Фарзона, ман фикр мекунам, ки факат модари хешро азоб медиханд
Дар посух

Ном: Хайрхох аз: Душанбе
14.02.2010 00:35
Яке мегуяд Фарзона гунахгор аст, дигаре мегуяд у бегунох аст. Чанобону хонумони Мухтарам, хеч кас хукуки гунахгор эълон кардани шахсро надорад. Ин факат баъди эътибори конуни пайдо кардани хукми суд муайян мешавад. Ва шумо вакте бахо медихед, аввал як худатонро дар чои у тасаввур кунед!!!
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 10

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил