Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Тоҷикистон

Боздошти як марзбони тоҷик дар сарҳади Узбакистон

08.02.2010

Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон хабар додааст, ки низомиёни узбак 25 марзбони тоҷикро, ки гӯё ба қаламрави Узбакистон ворид шудаанд, бозпас ба Тоҷикистон рондаанд.

Аммо мақомоти марзбонии Тоҷикистон ин хабарро рад мекунанд.

Бино бар изҳороти ин ниҳоди Узбакистон, нисфирӯзии 6-уми феврал гурӯҳе иборат аз 25 марзбони мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти сарварии ду афсар ба ноҳияи Ҷиззахи Узбакистон ворид шудаанд. Гуфта мешавад, мақсади ин гурӯҳ озод кардани марзбони тоҷик будааст, ки дар боздоштгоҳи Узбакистон нигаҳдорӣ мешавад.

Ба қавли мақомоти Узбакистон, ин сарбоз иқрор кардааст, ки бо дастури фармондеҳонаш хостааст, аз Узбакистон говеро рабояд, зеро муддати дароз таъмин нашудани марзбонон бо озуқа онҳоро ба чунин иқдом маҷбур кардааст.

Вале мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Интерфакс гуфтаанд, ҳодиса комилан таври дигар ҷараён ёфтааст. Нахуст гове мансуб ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми чаро ба қаламрави Узбакистон ворид шудааст. Марзбони тоҷик ба думболи гов рафтааст, то онро ба ҳудуди Тоҷикистон баргардонад. Аммо марзбонони Узбакистон дафъатан ин сарбозро ба ҳабс гирифтаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон хабари вуруди мусаллаҳонаи марзбонон ба қаламрави Узбакистонро низ рад мекунанд.

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон мегӯяд, гурӯҳи 25-нафараи мусаллаҳ ба таври ғайриқонунӣ вориди қаламрави Узбакистон шуда, озодии марзбони боздоштшударо талаб кардааст. Мақомоти Узбакистон ба афсарони тоҷик фаҳмондаанд, ки марзбони боздоштшуда мутобиқи низоми муқарраршуда озод карда хоҳад шуд. Пас аз ин гурӯҳ ба қаламрави Тоҷикистон баргаштааст.

Аммо намояндаи мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба Интерфакс гуфтааст, як афсар ва чанд марзбони тоҷик талош карданд, бо марзбонони Узбакистон гуфтугӯ кунанд, аммо бидуни убури хатти марз. Онҳо мегӯянд, кӯшидаанд, марзбони тоҷикро бозгардонанд, зеро бар асари иштибоҳ ба қаламрави кишвари ҳамсоя ворид шудааст.

Дафтари матбуоти Хадамоти амнияти миллии Узбакистон гуфтааст, тарафи Узбакистон ҳамаи ин амалро хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ ва як ишғолгарии мусаллаҳона меномад. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки "бо вуҷуди амалҳои иғвогаронаи низомиёни тоҷик, нерӯҳои марзбонии Узбакистон сабр нишон доданд ва аз истифодаи силоҳ, ки метавонист, сабаби қурбониҳо гардад, худдорӣ карданд."

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ба ватан бозгардондани сарбози тоҷик номумкин гашт, зеро марзбонони Узбакистон аслан нахостанд, бо марзбонони тоҷик вориди тамос шаванд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
     
Назарҳо
Ном: Dilovari аз: kulobi
08.02.2010 22:14
Ин гапу чак барои Рогунаи медонем мо еее Узбако аникдода хонед Президенти Узбакистон дар сартарошхона (парикмахер) муи сарашро паст када истода аст ва хангоми паст кардани муи сар сартарош бо овози паст шер мехонад Рогун- Рогун- Рогун- Рогун- Рогун- Рогун Президенти Узбакистон гашта ба суи Сартарош мегуяд ту чи ин кадар Рогун- Рогун- Рогун мегуи сартарош гашта ба Ислом Каримов мегуяд Чаноби Оли манн хичикор накардам бар акс кори худамро осон мекунам Ислом Каримов тарафи Сартарош гашта гуфт чхели осон мекни ки девонамон кади ай Рогун гуира сартарош тарафи Ислом Каримов гашта мегуяд ки Чаноби Оли вахте ки манн Рогун мегуям муи сари шумо рост рост мехезад дар манн муи сар кам кардан осон мешавад тез тез кам мекунам хахахахахахахаахахаахаха

Ном: Узбекам
09.02.2010 00:41
Очередная конспирация узбеков! Узбеки точно хотят показать себя всему миру что они все хорошие и что только таджики время от времени головную боль создают. Узбеки сейчас на все готовы чтобы не допустит Таджикистану построит Рогунский ГЭС и всячески стараются что-то сделать. Но это хорошему не приведет. Таджикский народ уже сделал и продолжает вкладыват деньги на Рогун и они не допустят кого либо стать их барьером. Они возьмут все что если не дай Бог что будет! Каримов очнись Таджикистан в 2010 году тебе это не Таджикистана 90х!

Простой народ Узбекистана помните вас уважают в Таджикистане но не ваших политиков и диктатора. Начинаю с Ферганской Долины весь узбекский народ знает кто сидит на верхушке и что он хочет. Узбекский народ до сих пор хотят имет хорошие отношения с Таджиками. Многие из них работали в северном Таджикистане, а политика Каримова отняла кусок хлеба от своих граждан. Будет внутренный взрыв в Узбекистане и эти слова будут пророческими я дам вам гарантию на 100%

Ном: Рустам аз: Душанбе
09.02.2010 00:49
Бо салом,
Манфиятхои миллии Точикистон ва Узбекистон дар минтака ба хамдигар бархурд карда истодаанд. Марзшикани, рабудани гову гуспанд, ин факат бахона аст. Вале сабаби асосии чунин ташшанучот масъалаи захирахои табии дар минтака аст, минчумла масъалаи об, ки сол аз сол захирахои он камшуда талабот ба он зиёд шуда истодааст. Афсус вале дар оянда боз хам вахимтар шудани муносибат байни Точикистон ва Узбекистонро дар минтака интизор бояд шуд. Хар ду давлат бояд ба хамдигар гузашт кунанд ва консепция нави истифодаи захирахои обро дида бароянд. Дар суръати гайр, бархурди низомиро миёни ду давлати интизор бояд шуд, ки он на ба манфияти Точикистон ва на Узбекистон хохад буд. Ин ду давлат душмани ягона ва асоси доранд ин экстримизм ва ифротгароии дини ва мазхаби аст, ки метавонад аз ин вазъият истифода намуда минтакаро тарконад.
Дар посух

Ном: Patriot аз: NY
09.02.2010 11:16
" Ин ду давлат душмани ягона ва асоси доранд ин экстримизм ва ифротгароии дини ва мазхаби аст, ки метавонад аз ин вазъият истифода намуда минтакаро тарконад".
Bale dustam,bale! man bo aqidai tu sad dar sad rozi hastam!
Дар посух

Ном: benom аз: bejoy
09.02.2010 17:14
aka Rustam. bo shumo hamfikram. lekin zaxirai ob kam nashuda istodaast va biizniOlloh nameshavad. ob suzishvori nest ki suxta nest kunem! harchi, qadar bisyor GES sozem ham in obro kam naxohad kard. ammo albatta obro beisrof istifoda boyad kard. chi dar xona, chi dar dasht..
Hukumati Uzbekiston xato karda istodaast. muhi,m hukumati mo xato nakunad. i karimov abadi nest, fardo ki murd ki medonad yagon shaxsi xub joynishin shavad?! bad robitai du davlatro nagz kardan dushvor meshavad.Siyosati T.Erdugonro tamosho kuned, halovat bared..

Ном: Диловар аз: Душанбе
09.02.2010 01:46
Ин чахолатро таърих ёд надошт. Наход сархадро убур кардани як гов сабаби чунин ихтилоф шавад. Ин нишонахое он аст, ки Осиёи Миёна ба асрхои Миёна баргашта истодааст. Лекин дар хамин асри миёна хам сархадро убур кардани як гов боиси чунин хархаша намешуд=)

Ном: Хочи аз: Душанбе
09.02.2010 08:31
инхо бо тухмат ягон балоро хезонданианд. Эхтиёт шуда ба провокатсия дода шудан лозим нест. Аммо тарсидан хам хато аст...
     

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил