Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Сиёсат

Пайомадҳои ҷанги лафзии Тошканд ва Душанбе

Нахуствазирони Узбакистон ва Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Оқил Оқилов

Нахуствазирони Узбакистон ва Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Оқил Оқилов

08.02.2010

Коршиносон мегӯянд, радду бадали номаҳои сарвазирони Узбакистон ва Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳҳои ҳалли дипломатии сохтмони нерӯгоҳи Роғун тай шудааст ва ё дигар эътимоде ба он боқӣ намондааст.

Аммо бо ин вуҷуд бештари таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки Тоҷикистон дар муқоиса бо оғози солҳои 90-ум имкони дифоъ аз мавқеи худро дорад ва Ӯзбакистон низ наметавонад дар амри ҷилавгирӣ аз сохтмони Роғун аз нерӯ кор бигирад.

Сарвазири Тоҷикистон дар номаи ҷавобии худ ба Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, изҳор доштааст, ки ҳеҷ яке аз барномаҳои энержии Тоҷикистон бар зидди минтақа нест ва Тоҷикистон дар ин замина омодаи ҳамкорӣ ба ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

МУКОТИБАИ НАХУСТВАЗИРОН

Паёми аслӣ дар номаи изтиробомези Шавкат сарвазири Ӯзбакистон, ки ҳафтаи гузашта дар матбуот мунташир шуд, ин буд, ки Тоҷикистон қабл аз шурӯи сохтмони нерӯгоҳи Роғун санади таҳқиқи бехатарии ин сохтмонро аз сӯи коршиносони байналмилалӣ дастар намояд. Зеро, ба бовари Ӯзбакистон, сохтмони нерӯгоҳи мазкур аз лиҳози экологӣ ва аз лиҳози таъмини амнияти сейсмикӣ пайомадҳои нохушеро метавонад дар пай дошта бошад.

Вале Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, дар номаи ҷавобии худ мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар ду сол пеш ба Бонки ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои марбутаи СММ дар мавриди анҷоми таҳқиқи фаннӣ ва илмии ин нерӯгоҳ ва ҳамин тавр ду дафъа ба ҳукумати Узбакистон дар ин бора муроҷиат карда буд. Аммо Узбакистон то ба имрӯз сукут ихтиёр кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар бар идомаи тавсеаи барномаҳои обиву барқии кишвараш таъкид кард. Оқои Раҳмон рӯзи душанбе дар ҷаласаи ҳукумат дастур дод, ки суръати корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-2», «Роғун», «Нуробод» ва «Шӯрообод»-ро тезонанд.

Зимнан сарвазири Узбакистон дар интиҳои номаи худ бо лаҳни шадиде таъкид мекунад, ки дар сурати сохта шудани нерӯгоҳи Роғун мувозинати муҳити зист дар минтақа хароб мешавад ва Узбакистон маҷбур аст барои ҷилавгирӣ аз он ба созмонҳои байналмилалӣ шикоят барад.

НАЗАРИ СЕВВУМ

Ахиран дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе Александро Палмиеро, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, минтақаи хатарзои зилзила будани маҳалли нерӯгоҳи «Роғун»-ро таъкид кард, аммо гуфт, «Агар Роғун сохта шавад, он сарбанди баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Дуруст аст, ки неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи заминларза воқеъ аст, вале бо истифода аз технологияи пешқадами сохтмони сарбанд зарари заминларза ба сарбанд метавонад то ҳадди талаботи бехатарӣ маҳдуд карда шавад.

Албатта эҳтиёҷ ба таҷрибаи олӣ ва дониши олии ҳам миллӣ ва ҳам байналмиллалӣ вуҷуд дорад. Ин кори осон нест, вале имконпазир аст. Тарсу ҳароси Ӯзбакистон асос дорад, вале онҳоро метавон бо илму дониш ва иртиботи муносиб рафъ ва ҳаллу фасл намуд. Ҳангоми тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳа ба инобат гирифтани эҳтиёҷи мардум, кишвар ва минтақа муҳим аст. Агар ҳамаи амалҳои зикршуда иҷро карда шаванд, ин масъалаҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт. Баъдан, татбиқи ин лоиҳа дар байни дигар пешниҳодҳо натиҷаи беҳтарин ба бор хоҳад овард.

Лоиҳае мисли Роғун барои рушди маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ бояд имконият фароҳам орад. Агар ин се вазифа иҷро карда нашаванд, ман тасаввур намекунам, Роғун чӣ гуна метавонад бунёд шавад."


Ба навъи дигар намояндаи Бонки ҷаҳонӣ таъйид мекунад, ки Тоҷикистон ҳақ дорад, ин нерӯгоҳро бисозад, вале бояд ҳама ҷанбаҳои сохтмон ва пайомадҳои он ба инобат гирифта шавад.

ФИШОРҲОИ УЗБАКИСТОН

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳамакнун Ӯзбакистон фишорҳои худ болои Тоҷикистонро бештар мекунад. Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, мегӯяд, феълан Тоҷикистон на дар сатҳу мавқее қарор дорад, ки битавонад бидуни Ӯзбакистон шароити иқтисодии кишварро беҳбуд бахшад.

Вай меафзояд, ҳоло ҳама роҳҳо аз қаламрави Ӯзбакистон мегузарад ва гази табии мо низ аз ин кишвар аст. Аз ин рӯ Тоҷикистон бо истифода аз нуфузи созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бояд дурустии мавқеи худро собит кунад.

Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд, новобаста аз ташдиди ҷанги лафзӣ миёни ин ду кишвар ӯ баъид медонад, ки Ӯзбакистон барои тахриби нерӯгоҳи Роғун аз нерӯи низомӣ кор бигирад. Зеро ин кишвар дар дохили худ дучори чолишҳоест, ки барои роҳандозии амалиёти низомӣ алайҳи кишвари ҳамсоя имконият намедиҳад.

Аз сӯи дигар, ба фарқ аз солҳои 90-ум, ҷомеаи Тоҷикистон пароканда ва ба қисматҳо ҷудошуда нест. Гузашта аз ин барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сармояи мардум ҳам истифода шуда истодааст, ки ин ҳама авомил як чунин имконотро ба Ӯзбакистон нахоҳад дод.

ДАР ҶУСТУҶӮИ РОҲИ ҲАЛ

Аммо як нуктае, ки аксарияти коршиносони тоҷик рӯи он ишора мекунанд ин аст, ки ин ду кишвар метавонанд бидуни миёнаравҳо ва ё бо ҳузури миёнаравҳо баҳси бархоста бар сари нерӯгоҳи Роғунро дар паси мизи музокирот ҳал кунанд.

Зеро ин мушкил мушкили ҳукуматҳост ва ҳукуматҳо бояд тарзе аз салоҳият ва ваколатҳои худ истифода кунанд, ки мардум ранҷ накашад, дар ҳоле ки имрӯз мардуми ду кишварро зери таблиғи расонаҳо ва афкори сарҳои гарм дар вазъияти хусумат қарор додаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
Ном: dilovarijun аз: kulob
08.02.2010 19:51
Президенти Узбакистон дар сартарошхона (парикмахер) муи сарашро паст када истода аст ва хангоми паст кардани муи сар сартарош бо овози паст шер мехонад Рогун- Рогун- Рогун- Рогун- Рогун- Рогун Президенти Узбакистон гашта ба суи Сартарош мегуяд ту чи ин кадар Рогун- Рогун- Рогун мегуи сартарош гашта ба Ислом Каримов мегуяд Чаноби Оли манн хичикор накардам бар акс кори худамро осон мекунам Ислом Каримов тарафи Сартарош гашта гуфт чхели осон мекни ки девонамон кади ай Рогун гуира сартарош тарафи Ислом Каримов гашта мегуяд ки Чаноби Оли вахте ки манн Рогун мегуям муи сари шумо рост рост мехезад дар манн муи сар кам кардан осон мешавад тез тез кам мекунам хахахахахахахаахахаахаха
Дар посух

Ном: Doctor аз: pushyoni poyon
08.02.2010 20:52
Э гап нест бародар....ман дар хазли Шумо хамрох))))!!
Дар посух

Ном: muMINJON аз: Qurghan
09.02.2010 12:27
GAp nest
Дар посух

Ном: Jahonir аз: ay 63
14.02.2010 02:28
chandbore, ki bxonm bo mexandmmmmm
Дар посух

Ном: shabcharogh аз: kulai kuh
14.02.2010 19:17
salom neki brat jigari gapa zadi
Дар посух

Ном: sartarowi Karimov аз: uzbakiston
16.02.2010 20:02
barosti rost gufti hamin xel bud :-)))))))))

Ном: Беном
08.02.2010 20:16
ин чанги лафзи нест, аллакай ин чанги хатти е катби аст. Яъне кадами дуввум АСТ. Кадами якум чанги лафзи буд, изхорот. Мактуб кадами дуввум аст ва лафз нест.

Ном: MEHANDUST аз: MASTCHOH
08.02.2010 21:22
BA NOMI XUDOVANDI JONU XIRAD,
KI AZ IN BARTAR ANDESHA BARNAGZARAD.
AJIB VAZ'E PESH OMADA BARODARONI AZIZ,SAR AVVAL MAVZUI HALLI IN MAS'ALA HAMAKNUN BA HUKUMATDORONI BA ORU NOMUSI MO VOGUZOR AST, VA INSHOALLOH UMED DORAM KI VAZIRONI MO BO ISTIFODAI ZAKOVATI QAVI VA VIJDONU, HIMMATU, MARDONAGI MANFIATHOI MILLATI AZIYATKASHIDAI MORO ,PESH AZ HAMA BAROI FURUZON KARDANI CHAROGHI MODARI TOJIK HAMAJONIBA HIMOYAT MEKUNAND.......CHUNKI IN MAVZUI BAINI HUKUMATIST,,,KI BA OMAI BECHORA SUXAN GUFTAN MUYASSAR NEST..AMMO MO TOJIKONI OMMA VA MEHNATKASH, INSHOALLOH BOZ SADOQATI HAMESHAGII XUDRO NISHON XOHEM DOD.......TORIX BAROI MO DARS IBRAT MEDIHAD KI MAHZ DAR 100 -SOLAI GUZASHTA BO XIYONATI BARXE AZ HUKUMATDORONI UN VAQT SAMARQANDU BUXOROI MO AZ DAST RAFT.....................KI UN AFROD IMRUZ MAVZUI DOGHI RUZI MO HASTAND,VA NAFRINI HAMESHAGII MILLAT BAR ESHON AST.
"ZINDA BOD HIMMATU MARDONAGI"


Ном: Хабибуллох аз: Душанбе
08.02.2010 22:23
Аввалои инро кайд карданихам,ки харду миллат мусалмон хастанд ва бигзор каме фикр кунанд,ки муъмин бародари муъминаст. аз чониби дигар Ватан барои хама азиз хаст ва мо ЧАВОНОНИ ТОЧИКИСТОН баро Ватани худ чони худро дарег намедорем ва АЛЛОХ шохид хаст,ки хавфе ба Ватани азизи мо расад мо барои Ватану миллати худ чони худро дарег надошта барои ин диёр таёр хастем курбон шавем ва харгиз намегузорем касе ба Ватани мо чанг элон кунад. бигзор ин гапхои моро хуб дарк кунанд онхое,ки ин гаразро доранд-гашта ба мо чавоб гуфта мешавад,ки чавонони онхохам таёр хастанд вале онро кайд карданихам,ки ХАК тарафи мост ва мо ин ВАТАНРО дуст медорем ха Рохбарашро ва бояд онро кайд кунам,ки ин чанги шахрвандиеки ба ватани мо душманони ин диёр ташкил кардан, онхо бояд инро фаромуш накунанд,ки мо 10сола тачрибаи чанги хакикиро дидаем ва дорем ва онро хуб аз худ кардаем ва дар охир онро гуфтанихам,ки 200 марди ТОЧИКИ чанги - бехтар аз 200000 марди ......... ночангии.......! Зиндаву човид монд харки накуном зист, аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро!
Дар посух

Ном: Сухроб аз: Душанбе
15.02.2010 10:54
бародарам сабаби халки точик чи дар кишвари худамон чи дар узбакистону афгонистон аз он аст ки мо гапи гуфтаи худро ки хадиси Раслуи Худост муъмин бародари муъмин аст кабул мекунем.Аммо бовар кун ки араб турк ва дигаронаш дар холи хозир бародариро аз руи миллат мебинанд сипас дину эмон ...шахси ки дар мобайни арабхою туркхо зиндаги карда 100% гарантия метум.
Барои хами дар холи хозир дину эмона даруни дил гирифта аввал фикри миллата кунен бародаро.
чи агар uanfb шумо мебуд шайхову султонхои рабиситониву аморати метавонистанд кунмак кунанд дар сохтани мини гэсхо ..хамчун кредит бо аз нуктаи бародари муъмини дафтари амалашон кушода мешуд..аммо не аввал миллатгарои дар бонкхои фондхои хеджированиии амрикоиву аврупои 5-10-15 млрд доллари сухтанд аммо бродаронашон ба ёдашон нарасид.
так что бародарам хозирашда аввал миллат меояд баъд дигарош.
медонум Озоди тарафи точикистон бо баинсофи карда пахш намекунад гапи мана.барои ки ДАР САРЗАМИН Точик аст фикри дигар каса мена.
дар озодии узбакиву дигариш пах менанд амода не чува?

Ном: 8888 аз: Москва
09.02.2010 00:38
Правительства США и Узбекистана решили подписать договор о вечной дружбе и о вхождении Узбекистана в состав США на самых выгодных условиях. Только при одном условии - президент Узбекистана должен выучить английский язык. Ну, проходит месяц, три, четыре, полгода, год, а Каримов как не знал ни слова по-английски, так и не знает. Буш говорит Конгрессу - подождите, давайте Каримова пригласим к нам, тут в языковой среде, он английский быстро выучит. Ну, пригласили Каримова в Белый Дом, выделили ему комнату, наняли лучших лингвистов и началось обучение. Месяц, два, три, полгода, год, а Каримов по-прежнему ни слова по-английски сказать не может. Ладно, Буш решил сам учить Каримова - может ленится, а меня будет стесняться и выучит язык. Ну, заперлись Буш с Каримовым. Месяц, два, три не выходят из комнаты. Наконец Буш вышел и все к нему - Ну как, выучил Каримов английский? А Буш им в ответ - Бу ахмок хеч кандай инглизча гапирмайди!
Дар посух

Ном: Иззатулло аз: Истаравшан
11.02.2010 20:53
Гап нест бародар!

Ном: s аз: c
09.02.2010 01:53
dilovaijun ahsan ay handara kushtimon. isbot kadi ki ay kulobi xaxaxaxa

Ном: Салам
09.02.2010 02:00
"Риояи одоби баҳс" -навиштеду, онро худи шумо, кормандони муҳтарами РО риоя намекуанед. Чаро? Тоҷикон аз қадим бо одобу дониши баланди худ фахр мекарданд. Баъзе назарҳо ва ҳатто, мақолаҳое, ки дарҷ мешаванд, аз зарар холи нестанд. Барои мардуми тоҷик ва узбак ҳам, ягон хел душмани фоидае намебахшад. Саъдии бузург беҳуда нагуфтааст:
То тавони даруни кас махарош
К-андар ин роҳ хорҳо бошад.
Кори дарвеши мустаманд барор,
Ки туро низ корҳо бошад.
Тоҷикон бо сулҳи худ дар соли 1997 дар Ҷаҳон исбот карданд, ки онҳо метавонанд, пеши ҳар гуна ҷангро бигиранд ва сулҳи пойдор барқарор кунанд. Ки ба ман гуфта метавонад, ба ки ин ҷанг даркор аст?

Ном: хочи аз: душанбе
09.02.2010 08:27
Ба хотири Рогун ду халкро ба мукобили хам гузоштан бисёр кори бад аст ва паёмадхои нохуше хохад дошт. Ин кор аввалан бо тархрезии Русия ва дастони Каримов ба рох андохта шуд. Русхо боз хам тахти шиори "разделяй и властвуй" амал карданд. Вагарна худи русхо метавонистанд хам Рогунро созанду хам ду халкро ба муросо оранд. Аммо ин ба фоидаи онхо нест. Аз чониби дигар, узбекхо бояд фахманд, ки дигар пеши рохи сохтмони Рогунро на касею на чизе гирифта наметавонад. Хатто СММ хам.Акнун бояд онхо дар сохтмони он бо мо хамкори кунанд ва сари таксимоти ояндаи об гуфтугузор намоянд, ки ба фоидаи онхост. Агар боз ба блокада ва дигар кирдорхои нодуруст даст зананд, аз ин бад хохад шуд. Рохро бастанд, садхо километр рохи нав ва накбхо сохтем. Барку газро бастанд, гесхо сохтем ва агар тахдиди истифода аз кувва кунанд, артиши аз хама варзидатаринро дар минтака созмон хохем дод. Мисли спартанихои кадим мо дигар рох надорем, зеро сухан дар бораи хастии як миллати форсигу дар байни миллатхои туркнажод меравад. Чанд аср паихам аз замину аз фархангу аз хуввияти миллии худ махрум шудем бас аст...
Дар посух

Ном: Abdu
09.02.2010 10:27
Бародар Хочи
100 фоиз бо Шумо рози
Дар посух

Ном: Хуршед аз: Душанбе
10.02.2010 11:38
Офарин ба суханонатон Хочи

Ном: dilbar
09.02.2010 08:46
хамаи ин нишони он аст ки на узбакистон на точикистон тачрубаи давлатдори надоранд ва ба эхсосоти нолозим дода шудаанд
давлатдори бо сари хунуку фикрронии амик на ба эхсосоту вой вой мешавад!

Ном: TJK аз: TJK
09.02.2010 09:45
SALOM ba fikri shakhsii man mo boyad rogynro sozem to kay mo az davlathoi hamsoya barku gaz mekharem okhir sohibi ob moem. baroi chi onho hak dorandu mo ne ? Rogun baroi vatani mo foidai khubist. badi Rogun khudo khohad az pai gaz meshem. to mutahham dar jumhurihoi hamsoya chun Uzbekiston nashem , har vakt ki hoha gazro kohish meta yo kimat mekuna , va in korro metona chunki moli khudash ast , mo niz boyad bisozemmmmm . tashakkur .
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
Ҳаҷми матн - +

Чандрасонаӣ

Садо

Назари Александро Палмиеро, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил