Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Интихобот -- 2010

Нозирони интихоботии ИДМ ба Тоҷикистон меоянд

03.02.2010

Имрӯз, ҳайати нозирони интихоботӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба манзури назорат ба раванди баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳайат нозирони дарозмуддати интихоботӣ ҳастанд ва интизор меравад, то чанд рӯзи дигар теъдоди куллия нозирони интихоботӣ аз кишварҳои ИДМ ба 150 нафар расад. Додоҷонов гуфт, фаъолияти ҳайати нозирони интихоботии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил нахуст аз дидору мулоқот бо масъулони давлатӣ, КМИР, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва хабарнигорон оғоз хоҳад шуд. Сипас, ба гуфтаи Додоҷонов, нозирон раванди баргузории интихоботро то поёни ин тадбири муҳим назорат карда, аз ҳавзаҳо ва марокизи райъ дидан мекунанд ва дар рӯзи интихобот бевосита иштирок хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун тибқи иттилоъи КМИР, ҳашт нафар аз намояндагони кишварҳои узви ин иттиҳод, ки умдатан намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон шаҳодатномаи нозириро дарёфт карда ва машғули назорат ба раванди баргузории интихобот ҳастанд.

Вуруди ҳайати нозирони интихоботӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба Душанбе дар ҳолест, ки ҳудуди ду ҳафта боз миссияи нозирони интихоботии БДИПТЧ ва САҲА дар Тоҷикистон ҳастанд ва ба гуфтаи масъулони ин ҳайат раванди баргузории интихоботро назорат доранд.

Ҳамчунин, интизор меравад, гурӯҳе аз нозирони интихоботӣ аз Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой низ ба Тоҷикистон биоянд.

Бад ин тартиб, тибқи иттилоъи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, интихоботи парлумонии ин кишвар аз сӯи 400 нозири байнулмилалӣ назорат хоҳад шуд.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Forsage-SD аз: TJK
04.02.2010 19:00
Боз хамон гурух зиёфатхур мебиёяду "хамааш хуб, оличаноб" гуфта дар Варзоб дам гирифта мераванд.
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил