Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи мусалмонони Русия: Баъзе тоҷикҳо барои сафар ба ҷиҳод кӯмак мехоҳанд


Дамир Муҳиддинов
Дамир Муҳиддинов

Раҳбарони мусалмонони Русия мегӯянд, тавони назорати намозгузоронро дар беруни масҷид надоранд ва мубаллиғони ҷанги Сурия аз ин истифода мекунанд.

Муовини раиси Идораи мусалмонони Русия мегӯяд, изҳороти мақомоти Тоҷикистон дар бораи аз масҷидҳои Русия ба ҷиҳод рафтани муҳоҷирон то андозае асос дорад. Дамир Муҳиддинов дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ имкони таблиғи ҷиҳодро дар дохили масоҷид рад кард, аммо гуфт бинобар тангии ҷой мардумони гуногун аксаран рӯзҳои ҷумъа дар берун намоз мегузоранд ва бо ҳам дар тамос мешаванд. Теъдоди мусалмонҳоеро, ки дар беруни масҷид таҷаммӯъ мекунанд, Муҳиддинов даҳҳо ҳазор ҳисоб кард ва гуфт, бо ин ҳол “ҷараёнҳое, ки дар хиёбон мегузаранд, дигар берун аз назорат мемонанд”.

Муҳиддинов мегӯяд, дар шаҳри Маскав ҳамагӣ чаҳор масҷид амал мекунад, ки ғунҷоиши даҳҳо ҳазор нафарро надоранд. Дар натиҷа, намозгузорони зиёд дар беруни масҷид, дар сармо намоз мехонанд ва ба ҷойи эҳсоси оромишу қаноатмандӣ аз каломи Аллоҳ, эҳсоси хашму бечорагиро таҷруба мекунанд. “Ҳамин гурӯҳи муҳоҷирон, ки ҳамарӯза дар Русия дар шароити сангин ва ногуворӣ кор мекунанд, эҳсоси ноқаноатмандӣ ва хашму ғазаб доранд, ва ин гурӯҳҳо осон ба “Давлати Исломӣ” ё “Ал-Қоида мепайванданд”.

Муовини раиси Идораи мусалмонони Русия бовар дорад, ки мубаллиғони ҷанги Сурия – афроди ботаҷрибаву ҷангдида ва айни замон “равоншиносони хуб” буда, зеҳни ҷавононро дар шабакаҳои иҷтимоӣ “шустушӯ” медиҳанд. Дамир Муҳиддинов гуфт, рӯзе як марди тоҷик ба дафтари кориаш омад ва гуфт, ки ӯро ба сафари ҷиҳод ҳидоят кунад. “Ман аввал фикр кардам, ки ин як саҳнасозӣ аст ва ин шахсро мақомоти қудратӣ бо диктафон ба назди ман фиристодаанд, то садоямро сабт кунад. Ин мард гуфт, ки мехоҳад ба ҳар ҷое, ки ҷиҳод аст, биравад ва хизмат кунад. Ман бо ӯ сӯҳбате кардам ва фаҳмидам, ки аслан дар бораи ҷиҳод тасаввуре надоштааст”. Ин рӯҳонӣ мегӯяд, ки таблиғгарони ҷанг аз афроде мисли ин ҷавони тоҷик, ки хунгарму эҳсосотӣ ва хашмгину норозӣ аст, истифода мекунанд, онҳоро ҳомиии “мусалмонҳои мазлум” мехонанд ва ба “ҷиҳод” ташвиқ мекунанд.

Кумитаи амният: 300 тоҷик дар ҷангҳои Ховари Миёна

Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа, 21 ноябр дар Душанбе зимни муҳокимаи “Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015” раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар заминаи ҷалби муҳоҷирон аз Русия ба ҷанги давлатҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ кард. Вай дар муроҷиаташ ба намояндаи КДАМ пурсид, ки чӣ тавр мешавад бачаҳои тоҷикро аз пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Русия ва сафарашон ба хориҷа ҷилавгирӣ кард?

Дар посух Акрам Амонов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони кишвар ғолибан тариқи Русия ва Афғонистон ба ҷанги Сурияву Ироқ мераванд. Ба иттилои Амонов, дар ҳоли ҳозир 300 нафар аз шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои минтақаи Ховари Миёна ширкат доранд, ки масири аслии рафтани онҳо ба он кишвар, тариқи Русия ва Афғонистон мебошад. Вай аз ҷумла гуфт, дар шаҳри Маскав минтақае бо номи “Проспект мира” вуҷуд дорад, ки аз онҷо ҷангиёнро ба Сурия мефиристанд/

Дар идома Акрам Амонов аз фаъолияти камранги амният ва ҳам полис дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон интиқод кард ва дар намунаи аз Қубодиён ба Сурия рафтани ҷавоне ёдовар шуд ва гуфт: “Бачаҳои мо ба хонаи ин ҷавон рафтанд, ҳукумат ягон кор намекунад, милиса ҳам чорае надидааст. Чораро мулло дидагӣ аст - дар масҷид. Ба масҷид даъват карда дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардаанд ва ба Маскаву баъдан ба Сурия фиристода шудааст. Ягон кас дарак надорад. Гуфтанд, ки ин ҷавон гуноҳи сахте кардааст, ба номуси зани бардараш расида, бо ҳамин гурехта рафтааст”.

Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз сафари Сурия ва бо ҳадафи баргардонидани онҳо бо падару модарон сӯҳбатҳо мекунанд. Ба гуфтаи вай, аксари ин муҳоҷирон бо волидон алоқа доранд.

Дар ҳамин ҳол Асрор Одинаев, раҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан дар Русия ҳастанд афроде, ки масҷидро ҳамчун минбар барои ҷалби ҷавонон ба ҷанг ва ё гурӯҳҳои ифротиву ғайриқонунӣ истифода мебаранд. Аммо ба гуфтаи вай на ҳамаи онҳое, ки аз Русия ба ҷангҳои Сурияву дигар кишварҳои арабӣ мераванд, муҳоҷиранд.

Ба гуфтаи ӯ бархе маҳз бо мақсади сафар ба кишварҳои ноамн вориди Русия мешаванд: “Ба ҳар ҳол мо кӯшиш мекунем, масалан дар рӯзҳои ҷумъа кормандони мо мераванд бо мардум сӯҳбат мегузаронанд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Албатта дар кишваре, ки бештар аз 1 миллион сокинони мо он ҷо аст, шумораи намояндагиҳои мо кам аст. 16 нафар ҳоло дар намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия кор мекунад ва сафорат ҳам нерӯи зиёд надорад. Вале худи тоҷикон онҳоро ҷалб мекунанд. Шахсоне ҳастанд, ки аз ҳамин ҷо кор мебаранд ва Русия фақат чун як маршрут истифода мешавад.”

Интиқод аз кори хадамоти муҳоҷират дар Русия

Дар идома ӯ аз кори сохторҳои муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам интиқод кард ва гуфт, барои беҳтар кардани шароити кору зиндагии муҳоҷирон талош намешавад. “Арзи муҳоҷирон бисёр аст. Ман дар Екатерингбург будам. Дар як ҷаласа рафта бачаҳоро ҳам дидем, арз зиёд аст. Зиёд ғам метием бачаҳоро худамон. Ба ҷои ёрдам аз онҳо пул мегирем. Худамон худро азоб медиҳем”, гуфт ӯ. Вай дар мисоли мақомоти Ӯзбакистон пешниҳод кард, ки “ҳар оила ба ҳукумат ҳисобот диҳад, ки фарзандаш дар куҷо асту чӣ кор мекунад. Раиси маҳалла ҳисобот медищад ба ҷамоату вилоят. Ҳар як одам ҳисоб дорад. Дар мо касе намедонад, кӣ дар куҷо аст”, гуфт ӯ.

Зимнан, аз кори хадамоти муҳоҷират дар Русия раиси парлумон ҳам танқид кард. Шукурҷон Зуҳуров аз Асрор Одинаев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ки дар ин маҷлис иштирок дошт, пурсид, ки хабарҳо дар бораи бад будани кори ин сохтор аз куҷо маншаъ мегиранд? Асрор Одинаев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар посухи ин суол гуфт, ки “ин гуна хабарҳо умадатан аз ҷониби Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони тоҷики муқими Русия ва Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши умумирусиягии муҳоҷирон паҳн мешаванд, ки дар бештари маворид беасосанд."

Аммо Шукурҷон Зуҳуров хитоб ба раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки “намояндагии шумо дар манотиқи мухталифи Русия фаъолият мекунад ва бояд маълумоти аввалро дар бораи ҳаёту фаъолияти муҳоҷирон дар даст дошта бошед, то битавонед зуд онро пайгирӣ ва муҳоҷиронро кӯмак кунед."

Ин буд, ки Асрор Одинаев гуфт, ки “дар ҳақиқат муҳоҷирони тоҷик бештар дар Маскав ва Екатеринбург ҳастанд ва ба ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананду берун карда мешаванд. Ба ин далел мехоҳем то теъдоди ин муҳоҷирон кам шавад ва шаҳрвандони мо ба дигар манотиқ ба муҳоҷират раванд”.

Ҳамзамон ҷаноби Одинаев таъкид кард, ки намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия 1700 нафар шаҳрвандонро бо ҷои кор таъмин кардааст. Аммо Шукурҷон Зуҳуров ин теъдодро ночиз хонд ва гуфт, ки “шумо бояд 170 ҳазор нафарро бо ҷои кор таъмин кунед!”

Раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумон аз он изҳори таассуф кард, ки “мутаассифона имрӯз муҳоҷирони тоҷик ҳамчун фишанги фишор барои иҷрои баъзе масъалаҳо дар Русия истифода мешаванд.”

Интиқод аз фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар ҳолест, ки ин ниҳод дар 12 минтаҷа короманди худро дорад ва вазифаи он ҳифзиу ҳимояи ҳуқуқ озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аст.

XS
SM
MD
LG