Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи рубл иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳам хоҳад шикаст


Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

Нигоҳе як шахси огоҳи Тоҷикистон ба ояндаи кишвар ва ҳушдори ӯ аз эҳтимоли «коллапс»-и иқтисоди тоҷик ба иллати фурӯпошии қурби рубли русӣ.

Абдуманнон Шералиев

1 доллар = 7 дар авоили баҳор ва 10 сомонӣ дар тирамоҳ. Ин камтарин ҳадди қурбе аст, ки сомониро интизор аст. Бӯҳроне, ки дар Русия оғоз шудааст, зарбае сахттар аз худи Русияро ба Тоҷикистон хоҳад зад. Зеро иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди Русия ва сомонӣ ба рубл сахт пайванд аст. Ва иқтисоди русҳо қудрати муқовимат ба бӯҳронро дораду мо тахминан иқтисод ҳам надорем.

Гардиши иқтисоди Тоҷикистон асосан аз пули муҳоҷирон аст, ки аз рӯи маълумоти бонкҳо ҳар сол ҳудуди 4 миллиард доллар ворид мешавад. Аммо танҳо аз ҳисоби қурби рубл ин маблағ 30 дарсад кам шуд. Агар ихроҷи ҳудуди 100 ҳазор муҳоҷир ва бо сабаби бӯҳрон камшавии ҷои кор дар Русияро зам кунем, шояд вуруди маблағ 2 баробар кам шуда бошад.

Аввалин таъсири он аллакай эҳсос шудааст ва авоили баҳор бештар эҳсос хоҳад шуд. Замоне ки захираҳои 1 миллион муҳоҷир ба камтарин ҳад расад ва онҳо ба сарфакунӣ оғоз кунанд.

Аввалин таъсири ин сарфакунӣ ба бозори ғайри хӯрок хоҳад расид, ки ҳудуди 30 дарсади онҳо шояд то тирамоҳ муфлис шаванд. Бозори мошин аллакай ба бӯҳрон ворид шудааст. Бозори хӯрок ҳам дар тобистон ба мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд. Махсусан молҳои ғайри ниёз аввалия (орду равғану биринҷ).

КОҲИШИ ВОРИДОТ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ

Бо муфлисшавии қисме аз тоҷирон воридот ҳам кам мешавад, ки дар натиҷа пардохти гумрукӣ ва андоз, ки даромади аслии буҷаи кишварро ташкил медиҳанд, ба ҳамин андоза ё ҳатто бештар аз он коста хоҳад шуд.

Барои пур кардани каср ё холигии дар буҷа пайдошуда фишори давлат болои қисми боқимондаи бизнес бештар хоҳад шуд, ки ба муфлисшавӣ ва фирори боз як қисми он хоҳад расонд. Тирамоҳ нархи хонаву манзил поён хоҳад рафт ва сохтмони манзил, ки алъон авҷ гирифтааст, ба камтарин ҳад хоҳад расид, ки натиҷааш бекор мондани боз ҳазорҳо нафари дигар хоҳад буд.

Дар натиҷаи беқурбшавии пул маоши кормандони буҷавӣ ду баробар кам мешавад, ки дар натиҷа ба рушди фасод ва зиёдшавии сафи муҳоҷирон (агар Русия вориди ҷанг нашавад ё дарҳояшро ба рӯи муҳоҷирон набандад) хоҳад расонд. Тирамоҳ мактабҳо ба сабаби ҳиҷрати қисме аз муаллимон ба норасоии кадр рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Камшавии захираҳои пулӣ ва сарфакории аз ҳад зиёд, муфлисшавии 30% туҷҷори молҳои ғайри хӯрокворӣ ва баъдан хӯрокворӣ, беқурбшавии пул, бӯҳрони шадиди бозори мошин, бозистодани сохтмонҳои хурду бузург ва ғайра, ба камшавии талаботи маводди сӯхт оварда мерасонад, ки дар натиҷа воридоти он ҳам кам мешавад, ки зарбаи дигарест ба буҷа.

Ба воридоти маводи сӯхт таъсири дигарро ихтисори хатсайрҳои ҳавоӣ байни Русияву Тоҷикистон, ки дар натиҷаи гум кардани қобилияти харидории чипта аз тарафи муҳоҷирони корӣ зарурат пайдо хоҳад кард, хоҳад гузошт. Ин ихтисоршавӣ ба камшавии даромади фурудгоҳҳову даҳҳо агентиҳои фурӯши чипта, ки миллионҳо сомонӣ андоз месупоранд, боис мешавад, ки боз ҳам ба зарари буҷа тамом хоҳад шуд.

НАРХИ ХУШКМЕВА ВА ҚАТЪИ СОХТМОН

Зарбаи дигар ба иқтисоду тиҷорат пастшавии нархи меваи хушк бо сабаби беқурбшавии рубл ва заъфи тавони харидории харидорони аслии он аст. Арзоншавии меваи хушк ин ворид нашудани боз садҳо миллион доллар, заъфи тавоноии харидории даҳҳо ҳазор нафар, бозистодани азхудкунии заминҳои наву суст шудани коркарди заминҳои корам дар шимоли кишвар ва барои чанд соли дигар ба қафо афтодани рушди коркарди меваи хушк дар ҷануб аст.

Иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа давлатро водор месозад, ки сохтмонҳои бузург аз қабили Роғунро боздорад ё ҷудосозии маблағро ба ҳадди минималӣ расонад. Норасоии маблағ дар буҷа ҳатман ба таъхирандозии пардохти маъоши пеш аз ҳама муаллимон оварда мерасонад, ки ҳиҷрати онҳоро метезонад. Сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббии навро ҳам метавон барои чанд сол фаромӯш кард. Ин ҳама камшавии ҷои кор аст.

Камшавии вуруди пул бонкҳоро ҳам ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард. Ду баробар камшавии интиқоли пул ба ҳамин адад камшавии гардиши пул ва пасандози мардум дар бонкҳост. Дар навбати худ ин ба заъфи тавоноии қарздиҳии бонкҳо ва баланд шудани фоизи қарз оварда мерасонад, ки зарбаи дигаре ба бизнес мегардад.

Низоми бонкии Тоҷикистон қудрати муқовимат ба бӯҳронро надорад ва ин бӯҳрон низоми шаклгирифтаистодаи бонкии моро метавонад ба ҳам занад. Муфлисшавӣ ё заъфи молии бонкҳо ба коҳиши дубораи боварии мардум нисбат ба онҳо оварда мерасонад, ки ин шикасти ҷуброннопазири низоми бонкӣ ва умуман иқтисоди кишвар хоҳад буд.

ЗАРБА БА НИЗОМИ БОНКӢ

Фишори давлат болои бизнес барои пур кардани холигии пайдошуда дар буҷа ба фирори бизнес ё ҳадди ақал ба соя рафтани он оварда мерасонад, ки зарбаи дигар ба низоми бонкӣ мешавад. Инчунин муфлисшавии туҷҷор ва коҳиши нархи хонаву манзилу камшавии харидор ҳазорҳо нафарро бе қобилияти пардохт (неплатежеспособный) хоҳад кард ва дар натиҷа бонкҳо наметавонанд қарзҳои додаашро баргардонанд. Муфлисшавии зиёди туҷҷор ва фурӯши гаравҳои гузоштаи онҳо аз тарафи бонкҳо зарба ҳам ба нархи хонаву манзил ва ҳам бовари мардум ба бонк хоҳад зад.

Бӯҳрони иқтисодӣ, тазъифи низоми бонкӣ, бидуни ҳеҷ даромад мондани садҳо ҳазор оила (депортшудагон аз Русия) ва то 30% коҳиш ёфтани даромади буҷа барои яке аз қашшоқтарин кишварҳо чизе ҷуз коллапс нест.

Давлатро лозим аст оҷилан (ҳарчанд баъид ба назар мерасад) аз пайи илоҷи воқеъа шавад. Зеро таъхиркорӣ ба худи низоми давлатдорӣ ва мавҷудияти кишвар дар ҳамин шакл таҳдид мекунад. Иқтисод ва қурби пулро намешавад бо роҳи фишор нигаҳ дошт. Баръакс фишор уфти онро метезонад. Танҳо озодии комил ва шаффофият метавонад иқтисодро наҷот диҳад.

Албатта ҳукумат мекӯшад, то интихобот қурби сомониро бо ҳар роҳ то ҳадде нигоҳ дорад, аммо баъид аст ҳатто то рӯзи интихобот, яъне якуми март, қурби сомонӣ аз 6 сомон барои 1 доллар болотар бошад. Баъди интихобот мо шоҳиди “афтиши озоди” сомонӣ хоҳем шуд.

ПАС ЧӢ БОЯД КАРД?

Имкони пешгирии бӯҳрон албатта аз даст рафтааст, аммо ба назари мо метавон таъсири онро то ҳадде кам кард ва ҳатто баъзе холҳои сиёсӣ ба даст овард.

Пеш аз ҳама давлат бояд мардумро бовар кунонад, (ҳарчанд хеле мушкил аст), ки мехоҳад ва метавонад кишварро аз коллапс наҷот диҳад. Зеро воҳимаи бӯҳрон онро шиддат мебахшад. Ва агар мардумро даҳшати ногузирии бӯҳрон фаро гирифт, он танҳо амиқтар мешавад. Барои ин як ислоҳоти бузург ва тағйироти кадрии воқеъӣ ва саросарӣ зарур аст. Танҳо азхудгузаштагӣ ва овардани кадрҳои воқеъан тавонову мардумӣ метавонад мардумро бовар кунонад, ки ҳукумат аз пайи ислоҳот аст.

Баъдан ҷалби мутахассисони хориҷӣ, масалан гурҷӣ зарур аст. Гурҷистон тавонист бо роҳандозии ислоҳот дар кӯтоҳтарин муддат аз як кишвари қафомондаи пасошӯравӣ ба кишвари пешрафтаи аврупоӣ табдил шавад. Таҷрибааш ҳам нав аст ва тамоми онҳое, ки он ислоҳотро ба роҳ андохтанду кишварашонро наҷот доданд, сари коранд.

Сипас Тоҷикистон бояд оҷилан барномаи раҳоии иқтисодиву сиёсӣ аз зери таъсири Русияро омода ва роҳандозӣ намояд. Алъон, ки Русия дар бӯҳрони амиқе дорад фурӯ меравад, беҳтарин фурсат барои ин кор аст. Албатта раҳо кардани дӯстон ҳангоми гирифториашон кори хубе нест, аммо назари шахсии банда ин аст, ки Русия он қадар дӯст ҳам нест ва пайваста аз заъфи мо истифода кардаасту мекунад. Барои ин кор ҳам метавон аз таҷрибаи гурҷиҳо истифода кард. Ҳарчанд раҳоии куллӣ аз Русия ҳатто дар як даҳсола аслан имкон надорад, вале мо бояд ҳатман аз пайи он бошем. Агар ҳамин барнома масалан 5-10 сол пеш роҳандозӣ мешуду ҳадди ақал барои ними муҳоҷирони корӣ кишвари дигаре барои кор пайдо мешуд, мо имрӯз то ин ҳад ба рублу ба иқтисоди Русия пойбанд намешудем ва бӯҳрони Русия бӯҳрони мо намешуд.

Роҳандозии ислоҳот ба замми ҷалби боварии шаҳрвандон, беҳтарину осонтарин роҳи ҷалби сармоя аст. Бахусус сармояе, ки аз Русия дар ҳоли фирор аст.

Роҳи дигари бовар кунонидани мардум ба ислоҳот ва ҷалби сармоя, баргузоркунии интихоботи воқеан шаффоф ва рӯи кор омадани парлумони мардумист.

ШОЯД ҚАРЗ АЗ БЕРУН?

Барои дар кӯтоҳмуддат костани шиддати бӯҳрон ва беқурбшавии пули миллӣ чанд миллиард доллар зарур аст. Албатта ҳеҷ кишваре чунин қарз намедиҳад. Роҳи ягонаи дарёфти чунин маблағ, ҳарчанд фантастикӣ ба назар мерасад, маҷбуран баргардонидани пулҳои аз тарафи вазиру кабир дуздидашуда аз кишвар аст.

Ислоҳоти иқтисодӣ чи гуна ва бо кадом роҳ бояд гузарад, албатта дар салоҳияти иқтисоддонҳост, ки бовар дорам дар кишвар кам нестанд. Ва агар кам ҳам бошанд, ҷалби онҳо аз хориҷ кори мушкиле нест.

Шахсан бовар надорам, ки роҳи ислоҳот пеш гирифта мешавад, аммо замоне ки кишвар дар вазъияте қарор дорад, ки аз рӯи қоидаи муайянкардаи Ленин қишри поёнӣ дигар чунин зиндагӣ кардан намехоҳад ва элита дигар идора карда наметавонад, нодида гирифтани бӯҳрон ва аз пайи ислоҳот нашудан нуқтаи таммат гузоштан ба ҳукумати худ аст.

XS
SM
MD
LG