Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни фалокат дар Ҳимолой афзуд


Теъдоди қурбониёни тарма дар баландтарин қуллаи ҷаҳон дар кӯҳи Ҳимолой афзуда ва ба 13 нафар расид. Рӯзи 18 апрел аз қуллаи Ҷомолунгма тарма фуруд омада ва 13 роҳбалади непалиро кушт. Дар натиҷаи ин фалокати табиӣ, ҳамчунин се раҳбалади дигар бенишон шудаанд ва чанд тан ҷароҳат бардоштанд. Баҳман ва ё тарма пайраҳаи тангеро зери барф кардааст, ки роҳбаладони непалӣ барои мавсими нави фатҳи қуллаи 8 километру 848 метрии Ҷомолунгма барои кӯҳнавардони хориҷӣ омода кардаанд. Солона садҳо кӯҳнаварди беҳтарини ҷаҳон саъй мекуунанд, ба ин қулла бароянд, аммо аксарияташон аз нимароҳ бармегарданд. То кунун зимни фатҳи ин қулла 250 нафар ё аз норасоии оксиген ва ё сардиву бод ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG