Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз таъйини раҳбари нави НАТО хушҳол аст


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз интихоби Йенс Столтенберг, нахуствазири собиқи Норвегия ба мақоми дабири нави паймони НАТО изҳори хушнудӣ кардааст. Дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Русия, ки рӯзи 19 апрел нашр мешавад, ӯ гуфтааст, ки бо Столтенберг робитаҳои «бисёр хуб» доштааст. Владимир Путин, Йенс Столтенбергро, ки қарор аст, аз моҳи октябр расман ба иҷрои вазифааш шурӯъ кунад, «шахси бисёр ҷиддӣ ва масъул» хонда ва изҳори умедворӣ кардааст, ки таъйини ӯ ба мақоми дабири НАТО ҳамкориҳои дутарафаро беҳбуд бахшад. Баъди ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрими Украина ба қаламрави Русия, муносиботи ду тараф сахт латма дид. Ба қавли Путин ҳеҷ чизе нест, ки «монеъи ҳамкории дурусту мӯътадили Русия бо Ғарб шавад, вале ба гуфтаи ӯ, ин чиз ба худи кишварҳои ғарбӣ вобаста аст.
XS
SM
MD
LG