Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова мунтазири посухи "возеҳи" Русия аст


Ҳукумати Молдова мегӯяд, ҳанӯз ҳам мунтазири вокуниши “бисёр возеҳи” Русия ба муроҷиати вакилони порлумони минтақаи ҷудоихоҳи Трансднестер аст, ки аз Маскав хостаанд, ин минтақаро ба ҳайси кишвари мустақил эътироф кунад. Дар ин бора Наталия Герман, вазири умури хориҷии Молдова рӯзи 18 апрел дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ сухан гуфт. Ду рӯз пештар аз ин вакилони мардумии Трансднестер, ки аксарияти мардумаш русзабонанд, аз раиси ҷумҳур Владимир Путин, порлумони Русия, Созмони Милал ва Созмони Амнияти ва Ҳамкории Аврупо хостанд, ки он минтақаро ба ҳайси кишвари мустақил ба расмият бишиносанд. Соли 2006 мақомоти Трансднестер бо баргузории раъйпурсӣ ба тарафдории ҷудо шудани ин минтақа аз Ҷумҳурии Молдова раъй доданд. Баъд аз ҷанги кӯтоҳ дар соли 1992 ин минтақа ҷудоихоҳи Молдова як навъ истиқлоли зоҳирӣ дорад. Наталия Герман гуфт, Молдова, баёнияҳои Путинро “ёддошт” кардааст, ки гуфт, минтақаҳои баҳсбарангез бояд дар бораи сарнавишти ояндаашон худашон тасмим бигиранд. Вазири умури хориҷии Молдова аз ҳама тарафҳо хост, аз баёнияву иқдомоти якҷониба парҳез кунанд, чун мумкин аст, раванди музокирот барои ҳалли муноқишаи Трансднестерро ба хатар андозанд.
XS
SM
MD
LG