Чоршанбе, Феврал 08, 2012 Соат ба вақти Душанбе 11:18

Хабарҳо

Ҳизби Алгаи Қазоқистон зери фишор аст

Раҳбарони мухолифони Қазоқистон дар нишасти хабарӣ

Ҳаҷми матн - +
08.02.2012
Раҳбарони ҳизби сабтиномнашудаи Алгаи Қазоқистон ба кумитаи амнияти милии ин кишвар эҳзор шуданд, то ба суолҳо посух диҳанд. Мухит Нурмахон-раҳбари ин ҳизб дар минтақаи Қизил Орда гуфт,  рӯзи сешанбе кормандони амниятӣ ба дафтари ин ҳизб омадаанд, ба вай даъватномаи додгоҳро супурдаанд ва таҷҳизоти ҳизбии даҳфтарро тафтиш кардаанд. Вай гуфт, онҳо дар бораи сабабҳои чунин тафтишот тавзеҳот надодаанд. Раҳбарони ҳизбии минтақаҳои Петропавел ва Кокшетав низ гуфтаанд, ки онҳоро низ ба кумитаи амнияти минтақа даъват кардаанд. Қаблан Владимир Козлов-раҳбари ҳизби Алга дар Қазоқистон низ дар робита бо нооромиҳои Жаноазен ду моҳ боздошт шуда буд.

Бойгонӣ

Писандидаҳо